Хабарҳо
Дар Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кушода шуд - 20.10.2017 11:16
Истаравшан. Нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 104% иҷро шуд - 20.10.2017 11:13
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир дар ноҳияи Ашт - 20.10.2017 09:03
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 474 913,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод - 20.10.2017 08:55
Дар ноҳияи Мастчоҳ 47 603 тонна полезиҳо истеҳсол шудааст - 20.10.2017 08:42
Суғд: Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ 2 775,4 ҳазор сомониро ташкил кард - 20.10.2017 08:37
«Мактаби сарварӣ» занони роҳбарро омода менамояд - 19.10.2017 15:52
Қарори Раиси вилоят “Дар бораи тасдиқи Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Суғд барои солҳои 2017-2021” ба тасвиб расид - 19.10.2017 10:25
Аз Хуҷанд ба хориҷи кишвар ба маблағи 189,2 миллион сомонӣ маҳсулот содирот карда шудааст - 19.10.2017 09:18
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ доир шуд - 18.10.2017 13:41

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2017

( 1 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2016 дар таърихи халқу мамлакатамон соли воқеоти фараҳбахш, рӯйдодҳои таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар ин соли файзбор мардуми вилоят дар роҳи татбиқи сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рўҳияи баланди ватандорию меҳанпарастӣ истиқбол гирифтанд.

Чунонки Пешвои миллат дар Паёми солонаи худ таъкид намуданд: “Истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем”.

Қобили таъкид аст, ки ба шарофати ин неъмати беназир соли 2016 дар вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ таъмиру таҷдиди саросарии роҳҳои вилоят, бунёди шаҳракҳои аҳолинишин, сохтмони корхонаву коргоҳҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, кохҳои фарҳангию маърифатӣ, эҳёи суннатҳои қадимаи қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар байни занону духтарон ба таври муназзам идома ёфт.

Сафарҳои навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҳаётан муҳим ба аҳли ҷомеа рӯҳу илҳоми тоза бахшида, эътимоди мардумро ба шукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон бамаротиб афзун намуд.

Ифтихормандем, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои бесобиқаи Пешвои миллат кишвари азизамон дар арсаи дунё баландмақому соҳибмартаба гардидааст. Аз ҷониби ташкилоти бонуфузи ҷаҳонии СММ пазируфта шудани иқдоми навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» бори дигар аз нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад.

Итминони комил дорам, ки дар Соли нав низ сокинони вилоят чун тамоми мардуми шарифи кишвар дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бештар мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек фарорасии Соли нави 2017-ро аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳамаи ҳамватанони азиз муборакбод гуфта, оромию осудагӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва саломатию хотирҷамъӣ таманно дорам.

Соли нав муборак бошад!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Соли нави 2017