Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилоят бо устодон ва донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббӣ - 24.05.2018 18:58
Дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров макони истироҳативу фароғатӣ бунёд мешавад - 24.05.2018 12:04
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани судяҳо - 24.05.2018 11:38
Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ҷавонон чанде аз ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 24.05.2018 11:17
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Суғд/АКСҲО/ - 24.05.2018 09:23
РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА: Ҷавонони соҳибназару ватандӯст барои таҳкими нуфуз ва эътибори Ватани маҳбубамон саҳми босазои хешро мегузоранд - 24.05.2018 08:44
Хуҷанд: Аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат дар Рӯзи ҷавонон - 23.05.2018 16:58
Шаҳрдори Хуҷанд ба 100 нафар идрорпулӣ тақдим кард - 23.05.2018 09:36
Шаҳрдори Исфара: Ҷавонон дар рушду ободии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда мегузоранд - 23.05.2018 09:33
Раҳпаймоии идонаи ҷавонон дар ноҳияи Ашт - 23.05.2018 09:31

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ифтихори Рўзи кормандони мақомоти молия

( 0 Овоз )

Кормандони Сарраёсати молия дар вилоят, сохторҳои маҳаллии он ва собиқадорони соҳаро бо фарорасии иди касбӣ - Рўзи кормандони мақомоти молия табрику таҳният гуфта, бароятон тани баофият, хотири ҷамъ ва дар иҷрои вазифаи пурмўҳтаво ва бомасъулият комёбиҳо таманно дорам.

Маҳз бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 7-уми декабр Рўзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад.

Пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтии тадбирҳое, ки бо маблағгузории давлатӣ дар буҷет пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин назорати фаъолияти штатию молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайра аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён маҳсуб мешаванд.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси вазифаҳои кормандони мақомоти андоз ҳарф зада, таъкид кардаанд, ки «Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода кардани захираҳои молиявии давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад».

Маҳз ба шарофати меҳнати бурдборонаи кормандони мақомоти молия дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти андоз нақшаи қисми даромади буҷети вилоят ва буҷетҳои маҳаллӣ мунтазам таъмин карда мешавад ва бовар дорам, ки ин ҳамкорӣ минбаъд ҳам густариш хоҳад ёфт.

Кормандони мақомоти молия ва собиқадорони соҳаро бо Рўзи кормандони мақомоти молия таҳният мегўям ва бароятон тансиҳативу хотирҷамъӣ, сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият дастовардҳои меҳнатӣ таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ифтихори Рўзи кормандони мақомоти молия