Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тиб - 16.08.2017 14:50
Варзишгарони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 218 медали тилло ба даст овардаанд - 16.08.2017 09:29
Дар шаҳри Гулистон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид - 16.08.2017 09:21
Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор мешавад - 15.08.2017 14:09
Саёҳати як гурӯҳ сокинони вилояти Суғд дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода - 15.08.2017 09:08
Дастаи “Хуҷанд” аз дастаи КМВА «Помир»-и Душанбе шикаст хӯрд - 14.08.2017 15:49
Ҷаласаи 15 – уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ дар шаҳри Гулистон баргузор мешавад - 14.08.2017 14:07
Беш аз 100 нафар омӯзгорон ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 14.08.2017 09:21
Боз як филми нав аз “Суғдсинамо”. Нахустнамоиши “Тангно” моҳи сентябр баргузор мешавад - 14.08.2017 09:20
Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо - 14.08.2017 09:18

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи соҳибкорон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз ду сол қабл дар мулоқоти худ бо соҳибкорону сармоягузорон чунин иброз карда буданд: «Пешниҳод мекунам, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъ-олияти содиқонаву софдилонаатон 14 октябр дар мамлакат Рўзи соҳибкорон эълон карда шавад».

Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол таҷлили Рўзи соҳибкорон бо дастовардҳои азими меҳнатӣ, ки ба сўи ояндаи нек қадамҳои боэътимод мегузоранд, нақши муниру барҷаста дорад.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди устувори соҳибкориро ҳамчун кафолати боэътимоди иқтисодиёт ва паст гардидани шиддати таъсири бўҳрони молиявӣ шуморида, мақом ва рисолати соҳибкоронро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдии он пайваста таъкид карда, ба густариши созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.

Сарвари давлат бо боварӣ ба нерўи бузурги соҳибкорон эътимод доранд, чунки рушди соҳибкорӣ барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2014 тасдиқ шудааст, мусоидат хоҳад намуд.

Ҳукумат ва роҳбарияти вилоят ҳар як иқдоми нек ва ташаббуси созандагии соҳибкорону сармоягузоронро ҳамеша дастгирӣ карда, барои амалишавии мақсаду мароми онҳо ҳамаи шароитҳои заруриро муҳайё менамояд. Зеро ҳадафи аслии  ҳар яки мо ободу зебо сохтани Ватани азизамон мебошад, ки ба ин васила барои наслҳои имрўзу ояндаи кишвар шароити хуби кору зиндагиро  таъмин намоем. Итминон дорам, ки бо азму талоши Ҳукумат ва саҳми ҳар як фарди ватандўсту бо- нангу номуси миллат дар солҳои наздиктарин истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба маротиб афзун гардида, ин иқдом боиси боз ҳам таҳким ёфтани имкониятҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон мегардад.

Саҳми соҳибкорон дар рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, дар ворид намудани технологияҳои нави истеҳсолӣ ва вусъати корҳои созандагию  бунёдкорӣ назаррас аст.

Тамоми соҳибкоронро бо рўзи касбиашон табрик намуда, ба онҳо сарбаландию хонаободӣ ва дастовардҳои навини меҳнатиро таманно дорам.


ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рўзи соҳибкорон