Хабарҳо
Ғолибони озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» муайян гардиданд - 23.05.2017 15:07
Баргузории Фестивал - озмуни вилоятии «Гулдухтарони суғдӣ» - 23.05.2017 13:38
Паёми телевизионии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи ҷавонон - 23.05.2017 10:04
Суғд: Нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 23.05.2017 09:56
Дар ноҳияи Мастчоҳ 38 ҳазор ҷавонон кору зиндагӣ доранд - 22.05.2017 10:38
“Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон” – таҳти чунин унвон дар Ашт марафони велосипедронӣ доир шуд - 22.05.2017 10:35
Хуҷанд: Иштироки беш аз 500 нафар сокинон дар веломарафон - 22.05.2017 10:32
Баргузории чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” - 22.05.2017 10:28
Баргузории Фестивал-озмуни "Гулдухтарони суғдӣ"/АКСҲО/ - 22.05.2017 08:52
Иштироки беш аз 84 000 нафар сокинони вилояти Суғд дар чорабинии варзишии Рӯзи Дави миллӣ - 22.05.2017 08:32

Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи Фалак

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Бо мақсади ривоҷу равнақ бахшидан ба рушду инкишофи санъати фалакхонӣ дар қаламрави кишвар бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рўзи Фалак санаи 10 октябр ба тақвими ҷашнвораҳои мамлакат ворид гардидааст.

Муддати 9 сол аст, ки мардуми кишвар ва кормандони соҳаи фарҳанг Рўзи Фалакро ҳамчун рўйдоди муҳими фарҳангӣ хотирмон таҷлил менамоянд.

Таҷлили ин ҷашн муҳимтарин рўйдоди фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, он дар рушди минбаъдаи санъати сарояндагӣ, мусиқии миллии халқӣ, тарғибу ташвиқи эҷодиёти бадеӣ ва фолклору мардумшиносӣ, ки аз эҷодиёти бою рангини халқ сарчашма мегирад, нақши шоиста дорад.

Санъатҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла Фалак собит месозад, ки миллати тамаддунофари тоҷик фарҳанги бою қадима, сабки хосаи санъати мусиқӣ ва сарояндагиро тўли асрҳо аз насл ба насл интиқол дода, дар рушди ҷомеа ва болоравии маънавиёти мардум нақши амиқ гузоштааст.

Дар вилоят низ бобати амалӣ намудани дастури Сарвари давлат ҷиҳати ташкил намудани ансамбли фолклорӣ-этнографии “Фалак” ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳунариву эҷодии он бо фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд.

Дар санъати фалаксароӣ орзуву ормонҳои халқ – созандагиву бунёдкорӣ ва ҳидоят ба зиндагии арзанда, намунаҳои беҳтарину нотакрори рўҳбахш, инсонҳоро ба кору пайкори нек, амалҳои наҷиб ва нисбат ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон гардонанда таҷассум ёфтааст.

Итминон дорем, ки дўстдорону алоқамандон ва санъаткорони вилоят, аҳли ҳунару эҷод ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти мамлакат дар самти рушди соҳаи фарҳанг, дар тарбияву камолоти истеъдодҳои нав ва ҷустуҷўву бозёфти беҳтарин намунаҳои назмиву мусиқии санъати Фалак ба комёбиҳои арзанда шарафёб гардида, барои боз ҳам ғанӣ гардонидани барномаҳои ҳунариву эҷодӣ ва ба ин васила саҳмгузорӣ дар рушд ва ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назаррас мегузоранд.

Рўзи Фалак барои кулли санъаткорон, алоқамандони санъати фалаксароӣ муборак бошад!

Иди касбӣ муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи Фалак