Хабарҳо
Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ нашрияи нави худро аз чоп баровард - 11.12.2018 12:16
М и т и н г ё эҳсони Гобсек - 2 - 11.12.2018 12:07
Мастчоҳ. Баррасии вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат - 11.12.2018 11:01
Пирӯзии Ҳанифа Валиева дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” - 11.12.2018 10:47
Шоҳҷоизаи даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018»насиби Муродҷон Ҳaйдаров гардид - 11.12.2018 10:42
Наҳзатиҳо барои пуштибонӣ аз ДИИШ дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор мекунад - 11.12.2018 09:21
ИЗҲОРОТИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ ЭРОН ВОБАСТА БА ГИРДИҲАМОИИ “НАҲЗАТИЁН” ДАР ОЛМОН - 11.12.2018 09:15
Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароёнро қабул надорем! » - 11.12.2018 00:49
АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ! - 11.12.2018 00:47
БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД - 10.12.2018 22:19

Табрики Раиси вилоят ба муносибати 80-солагии таъсисёбии театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ

( 0 Овоз )
Табрики Раиси вилоят  ба муносибати 80-солагии таъсисёбии  театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ

Бо самимияти бепоён 80-солагии таъсисёбии театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз номи худ ҳамаи кормандону ҳунармандони театр, аҳли санъат ва дӯстдорони санъати саҳнавиро табрику таҳният гуфта, парвозҳои баланди эҷодӣ, омади кор ва офаридаи беҳтарин нақшҳоро таманно дорам.

Санъати театр дар ҳар давру замон ҳамқадаму  илҳомбахши зиндагии мардум буда, имрӯзҳо низ нақши он ба рушду такомули ҳаёти ҷомеа бештар намудор мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки дар партави сиёсати оқилонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанги кишвар пайваста рушд ёфта, дар замони ҷаҳонишавии ҷомеа манзалати театри тоҷик боз ҳам устувор мегардад.

Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз зумраи яке аз нахустин машъалафрӯзони фарҳанги тоҷик маҳсуб меёбад. 80-сол муқаддам бо ташаббуси як гурӯҳи ҳаваскорони санъат, ки аввалин саҳнаҳоро аз ҳаёти мардум ба намоиш гузоштанд, боиси таъсисёбии театр дар шаҳри бостонии Хуҷанд гардид.

Дар замоне, ки халқи тоҷик ба маданияти муосири умумибашарӣ нав пайвастагӣ пайдо мекард, ин театр ташкил ёфта, санъати миллии тоҷикро аз анъанаҳои ҳазорсолаи тоҷикон - суруд, рақс, мусиқӣ ва намоишномаҳои оддии маъракавӣ  сар карда, тӯли солҳо бузургтарин асарҳои классики ватанӣ ва ҷаҳониро рӯи саҳна овард.

Давоми фаъолияти пурбаракат дар саҳнаи театр  намоишномаҳои  ҷолиб, аз қабили «Дили шоир», «Тоҳир ва Зӯҳро», «Тӯй», «Хатро ман навишта будам», «Шапарак хоб дид», «Зол ва Рудоба», «Макр ва муҳаббат», «Лӯлидухтар Аза», «Модар нигарон буд», «Исёни арӯсон», «Калиди бахт», «Маҳфилоро» ва садҳои дигарҳо рӯи саҳна омаданд, ки ифтихори санъати  миллии мо мебошанд.

Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Ойдиной Усмонова, Мӯътабар Иброҳимова, Одилҷон Назаров, Ҷӯрабек Набиев, Сайрам Исоева, Зебо Аминзода, Ислом Саломов, Даврон Алиматов, Зулфия Тӯйчиева ва даҳҳои дигар санъаткорон дар рушду нумӯи театр саҳми арзанда гузоштанд.

Мо бо ифтихор номҳои нахустин ташкилкунандагони театр Ҳоҷихон Умаров, Ҳамидулло Маҳмудов, Абдуғаффор Сатторов, Ҳомидҷон Умаров ва дигаронро зикр намуда, бо эътимод гуфта метавонем, ки беҳтарин анъанаҳои устодонро имрӯз ҳам шогирдон идома дода, дар пойдории дӯстии сокинони кишвар, тарғибу ташвиқи адабиёти халқҳои ҷаҳон саҳми беназир мегузоранд.

Бори дигар аҳли кормандони эҷодиву техникии театри шӯҳратёрро бо ҷашни  пурифтихори 80-солагии таъсисёбӣ табрик ва муборакбод намуда, барояшон саодати  зиндагӣ ва муваффақиятҳои  нави эҷодӣ таманно мекунам.

Ҳамеша сарбаланд  ва комрон бошед!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати 80-солагии таъсисёбии театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ