Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кишоварзӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи рӯзҳои ид»   ҳар сол санаи 8 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи кишоварзӣ таҷлил карда мешавад.

Ривоҷу равнақи соҳаи кишоварзӣ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон хеле муҳим буда, чун таҳкурсии эътимодбахш барои таъмини некӯаҳволии ҷомеа хизмат мекунад.

Ин аст, ки соҳаи мазкур ба таваҷҷӯҳ ва муносибати хосаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гашта, борҳо аз тарафи Сарвари давлат таъкид шудааст, ки соҳаи кишоварзӣ барои мамлакати мо яке аз соҳаҳои манфиатовар  ва муҳимтарин ба шумор меравад.

Боиси қаноатмандист, ки кормандони соҳа бо дарки ин масъулият ба хотири пешрафти инкишофи иқтисодиёт ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони мардум пайваста кӯшишу талош менамоянд.

Сол аз сол афзудани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ва дар бозорҳои хориҷи кишвар мавқеъ пайдо намудани маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки кулли кормандони соҳа дар шароити муносибатҳои нави иқтисодӣ фаъолияти самаранок мебаранд.

Баробари ин вазъи имрӯзаи соҳа ва талаботи ҷамъиятӣ, таъмини сатҳи баланди рушди он ба амал баровардани тадбирҳои зарурӣ оид ба густариши таҷдиди сохтори хоҷагиҳо ва корхонаҳои кишоварзӣ, ба фаъолияти ҳамарӯза ворид намудани шаклу усулҳои навро тақозо менамояд.

Боварии комил дорам, ки дар иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ кормандони соҳа ҳиссаи худро гузошта, барои ғанӣ гардонидани дастурхони мардум, таъмини бозори ватанӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Тамоми кормандони соҳаро бо Рӯзи кишоварзӣ муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, хонаободӣ, умри дароз, бахту саодат ва муваффақиятҳои нав ба нави меҳнатӣ таманно дорам.

Иди касбӣ, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кишоварзӣ