Хабарҳо
Оғози сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 01.04.2020 15:40
Оғози кишти пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 01.04.2020 15:32
“Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед” — баргузории аксияи тарғиботӣ - 01.04.2020 15:32
Исфара.Сафарбарнамоии аввалин гуруҳи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ - 01.04.2020 14:18
Дар Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 хатсайри нави сайёҳӣ ташкил гардид - 01.04.2020 14:00
Дар вилояти Суғд беш аз 60 корхонаи истеҳсоли орд ва равған фаъолият дорад - 31.03.2020 11:19
Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 31.03.2020 09:16
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум - 30.03.2020 13:32
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Мастчоҳ - 30.03.2020 14:22
Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид - 27.03.2020 20:17

Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Фалак

( 0 Овоз )

Ҳамасола санаи 10 октябр бо Фармони Сарвари кишвар чун Рӯзи Фалак дар кишварамон ботантана таҷлил мегардад.

Бо мақсади эҳё ва рушд бахшидан ба мероси гаронбаҳои ниёгонамон бо Қарори Раиси вилоят аз санаи 19 июни соли 2008, таҳти №178 дар вилоят ансамбли фолклорию – этнографии «Фалак» таъсис дода шуд.

Чӣ хеле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҳикистон баён намуданд; «Мо тоҷикон таърихи кӯҳану фарҳанги пурғановат дорем ва аз ин сарвати бебаҳои миллии худ ифтихор мекунем».

Барҳақ, дар радифи намудҳои мухталифи фарҳанги миллӣ санъати фалаксароӣ ва мусиқии он ҳамчун  эҳодиёти бадеии халқ  мақоми арзанда дошта, тӯли асрҳо ниёгонамон дар он орзуву ормонҳои худро таҷассум намуда, намунаҳои олии ин санъати беназирро то ба мо расониданд.

Бо мақсади арҷгузорӣ ва рушд бахшидан ба ин мероси гаронбаҳои санъат дар вилоят ансамбли фолклорӣ – этнографии «Фалак» ташкил карда шуда, ҳайати ҳунариву эҷодии он пайваста маҳфилорои ҷашну маъракаҳои муҳими умумихалқӣ ва умумидавлатӣ гардида истодаанд.

Боиси зикр аст, ки ҳунармандони ансамбли навташкил бо барномаҳои рангини консертӣ сазовори баҳои баланди мутахассисону дилбохтагони ҳунари воло гардидаанд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии ансамбли фолклорӣ – этнографии «Фалак» соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ансамбл бо таҷҳизоти техникии тақвияти овози муосир ба маблағи 70 ҳазор сомонӣ, сару либоси саҳнавӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва ду утоқи барҳавои корӣ таъмин гардид.

Таваҷҷӯҳ ва дастгирии фаъолияти шоистаи ансамбли фолклорӣ – этнографии «Фалак» бо назардошти дар радифи санъати шашмақом ҷойгоҳи арзандаро касб намудани он, ҳамчун мероси пурарзиши фарҳанги миллӣ минбаъд низ дар мадди назари сохторҳои марбута қарор дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кормандони соҳаи фарҳанг ва алоқамандони санъати фалаксароиро бо Рӯзи Фалак сидқан муборакбод намуда, барояшон дар ҳунару эҷод ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги Ватани соҳибистиқлоламон комёбиҳои  беназирро таманно менамояд.

Рӯзи Фалак муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрикоти Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи Фалак