Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи мошинсозон

( 1 Овоз )

Мошинсозони мӯҳтарам,

Мусаллам аст, ки соҳаи мошинсозӣ солҳои охир дар мамлакат эҳё гардида, ривоҷу равнақ ёфта ба самтҳои иқтисодӣ таъсири мусбӣ мерасонад, ки ин яке аз равандҳои муҳим ва самари сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатро меҳвари асосии иқтисодиёт ҳисобида, таъкид намудаанд, ки ворид намудани технологияи нави муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир аз вазифаҳои муҳими рӯз аст.

Дар вилоят ба фаъолият ва рушди корхонаҳои ин соҳа таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуда, барои барқароркунии иқтидорҳо кӯмаки ҳамаҷиҳата расонида мешавад. Хушбахтона, тадбирҳои амалӣ намудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят натиҷаҳои хуб медиҳанд ва сол то сол рушду инкишоф дар соҳа ба назар мерасад.

Истеҳсол ва сифати маҳсулоти ватанӣ аз қабили қисмҳои эҳтиётии таъмири қатораҳо,  техникаи хоҷагии қишлоқ, таҷҳизоти автомобилӣ, барқӣ, радио, аробачаҳои маъюбон ва ғайра имрӯз писанди мизоҷон гардидаанд ва дар идомаи ин самти муҳим кормандони соҳа дар ҳафт моҳи соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 11,5 млн. сомонӣ расониданд, ки дар қиёс бо соли гузашта натиҷаи нек ва назаррас маҳсуб меёбад.

Бояд зикр кард, ки корхонаҳои таъмири қатораҳои Маҳрами шаҳри Конибодом, корхонаи воҳиди давлатии «Таъмири механикӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳадид»-и шаҳри Истаравшан, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди КМ «Само», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алмоси Хуҷанд» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди КМ «Садаф Чан Юй»-и шаҳри Хуҷанд иди касбии худро бо натиҷаҳои хуб истиқбол мегиранд.

Соҳаи мошинсозӣ ояндаи нек дорад. Эътимоди комил дорам, ки роҳбарият, кормандони муҳандисӣ, техникӣ ва коргарон анъанаҳои беҳтарини меҳнатиро идома дода, барои пойдор намудани шӯҳрати соҳа меҳнати пурсамар мекунанд.

Кормандони соҳаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, барояшон умри дароз, бахту саодат ва дар фаъолияти  меҳнатиашон муваффақияту комёбиҳо таманно менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи мошинсозон