Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

( 1 Овоз )

Боиси ифтихори ватандорист, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон бузургдошти яке аз алломагони миллати тоҷик - Ҷалолиддини Румиро таҷлил менамоянд, зеро шахсият ва осори ин пири хирад нишони шаҳомати тафаккур ва андешаи миллӣ маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки миллатҳои соҳибтамаддуне, ки дар тӯли садсолаҳо ранҷи истибдоди бегонагонро таҳаммул кардаанд, чун ба истиқлол мерасанд, саҳифаҳои дурахшони таъриху фарҳанги худро варақгардон намуда, кӯшиш мекунанд, ки анъанаҳои миллии худро дубора зинда созанд ва саҳми гузоштаи намояндагони барҷастаи худро дар пешрафти тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Миллати тамаддунофару шарафманди мо низ дар пешрафти тамаддуни башарӣ  саҳми сазовору ҷовидона дорад, ки дар ин амри хайр бешубҳа бузургону донишмандони миллат, бахусус Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ нақши меҳварӣ доранд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрӯзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишвар аҳамият дода, ин амали хайрро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии кишвар қарор додааст.

Имрӯз рӯҳи идона ва шукӯҳи тантанаву фараҳ фазои диёрамонро фаро гирифтааст ва мардум бо шукргузорӣ аз вазъи орому осудаи ҷомеаи Тоҷикистон барои ба як кишвари озоду обод ва мутамаддину пешрафта табдил додани Ватани азизи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бошад, ки бо Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ҷомеаи мо барои боз ҳам бештар гиромӣ доштани анъанаҳои неки миллӣ ва забони модарӣ кeшиш ба харҷ диҳанд ва дар бунёди ҷомеаи аз ҷиҳати маънавӣ пешрафта саҳми амиқ гузоранд.

Рӯзи  Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ