Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи ангиштканҳо

( 0 Овоз )

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ҳар сол якшанбеи охири моҳи август чун Рӯзи ангиштканон бошукӯҳ ва мутантан таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро  табрику муборакбод намуда, дар амалӣ гаштани нияту нақшаҳои нек барояшон барору комёбӣ таманно дорам.

Аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки рушди соҳаи ангиштканӣ ва самаранок истифода бурдани захираҳои табии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад. Боиси қаноатмандист, ки ин ҳадафи муҳими сиёсиву иқтисодиро ангиштканони вилоят аз коргари оддӣ то роҳбарият хуб дарк намуда, нишондиҳандаҳои истеҳсолиро сол то сол афзун менамоянд.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар якҷоягӣ Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб», Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ангишт», Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дион ангишти Тоҷикистон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кони ангишти Ғузн»  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта истихроҷи ангиштро 168877,0 тонна зиёд намуданд, ки боиси таҳсин аст.

Боварӣ дорам, ки ангиштканон минбаъд низ аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздашон буда, сарбаландона мебароянд ва дар рушди кишвари азизамон бо дарки масъулият саҳми амиқ мегузоранд.

Бо чунин таманнои нек кормандони соҳаи ангишти вилоятро табрику таҳният, гуфта барояшон саломатӣ, рӯзгори обод ва дастовардҳои беназир таманно дорам.

Идатон муборак, ангиштканони азиз!

 

Share