Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ

( 0 Овоз )

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 1 сентябр ҳамчун Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ таҷлил мешавад.

Баргузории Рӯзи амалиётҳои иттифоқи касаба барои сулҳ нишони қадршиносии заҳмати аҳли ҷомеа ва заминаи эътимодбахше ба шукуфоии рӯзи фардои диёр аст.

Бояд тазаккур дод, ки бо иқдоми неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари беҳтар гардидани имкониятҳои иқтисодии мамлакат баҳри фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоиди кору истироҳати кормандон ва аъзои Иттифоқи касаба тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Бунёд ва таъмир гардидани осоишгоҳи замонавии «Баҳористон» аз ҷумлаи ин тадбирҳо маҳсуб меёбад. Боиси қайд аст, ки дар мавсими таътили тобистона ба кӯдакону наврасони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар доираи амалиётҳои иттифоқи касаба барои чунин гурӯҳи кӯдакон дар истироҳатгоҳҳои тобистона шароити фароғат ва истироҳат фароҳам гардид. Воқеаи хотирмон он буд, ки дар ифтитоҳи истироҳатгоҳи замонавии кӯдакон ва наврасони  «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум Сарвари давлат иштирок намуда, дастгирии ин тоифаи аҳолиро шараф ва вазифаи муҳими ҳар шаҳрванд арзёбӣ намуданд.

Аз сиёсати ояндабахши Ҳукумати Тоҷикистон бармеояд, ки танҳо оромию сулҳ ва ҷовидонии ваҳдати комили миллӣ метавонад, эътибору мақоми кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг муаррифӣ намояд. Боварӣ дорам, ки ба шарофати ин ид фаъолони иттифоқҳои касаба ва аҳли меҳнат барои ободии Ватани азизамон азму иродаи созандагӣ ва нерӯи бунёдкориро дареғ намедоранд ва диёри худро ба мулки ободу пешрафта табдил медиҳанд.

Бо чунин таманиёти нек кормандони соҳаи иттифоқҳои касаба, фаъолон ва мардуми шарифи вилоятро ба муносибати Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ табрик намуда, барояшон осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландӣ таманно дорам.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқи касаба барои сулҳ