Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят бахшида ба 22 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 1 Овоз )

Ҳамватанони азиз!

Боиси ифтихор ва шодмонӣ аст, ки мардуми сарбаланди кишвар дар фазои сулҳу ваҳдат ва якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ баъди таассуроти неку наҷиб аз баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана таҷлил менамоянд.

Дар Паёми имсолаи хеш Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи муҳими тайкардаи халқи тоҷикро дар даврони Истиқлолият ҷамъбаст намуда, ҳафт ҳадафи асосиро таъкид карданд, ки ҳамаи онҳо ба ҳифзи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ, муқаддас доштани забони давлатӣ ва рӯ овардан ба нерӯю афкори ҷавонон, бузург доштани анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нигаронда шудаанд.

Дар дарозои таърих ҳамеша миллати тоҷик тамаддунпарвар, шаҳрнишин, фарҳанггаро, адабпарвар ва зебоишинос буд.

Имрӯз рисолати ҳар фарди тоҷик обод намудани диёри хушманзару зебо мебошад. Дар пойтахти мамлакат Қасри миллат, Китобхонаю Осорхонаи миллӣ ва даҳҳо иншоотҳои бузургу зебо сохта шуданд ва дар вилояти Суғд низ ин амали нек пайваста амалӣ гардида, Қасри фарҳангии Арбобу Чойхонаи миллии он, Мактаби Президентӣ, Кохи матбуот, Осоишгоҳи «Баҳористон», истироҳатгоҳи бачагон ва наврасони «20-солагии Истиқлолият», варзишгоҳҳои бузург дар Хуҷанду Истаравшану Исфара, Қасри варзиш ва мактабу дабистонҳо – ҳама бо тарҳу намуди нотакрор ва зебою беҳамто қомат афрохтанду мавриди истифода қарор доранд.

Ҳамватанони азиз!

Дар чунин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш барои ман басо фараҳбахш аст, ки тамоми мардуми шарафманди вилоятро бо 22-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барои ҳамагон бахту саодат, сиҳатмандию комёбиҳои беназири меҳнатӣ ва ривоҷу баракати рӯзгорро таманно намоям.

Бигузор бузургтарин дастоварди миллатамон – Истиқлолияти давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад!

Рӯзи Истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба 22 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон