Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ

( 1 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Рӯзи муборак ва фархундаро, ки ба номи қофиласолори адабиёти тоҷику форс – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тақвими навини миллати мо аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз сабт шудааст,  ба тамоми мардуми шарифи вилоят самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, тавфиқу сарбаландӣ ва дастовардҳои нек таманно менамоям.

Ба номи бунёдгузори адабиёти тоҷику форс пайванд гирифтани ҷашни махсус дар миёни дигар маросиму идҳои миллии халқамон ҳикмати ҷовидонаеро дар худ таҷассум намудааст, ки он ҷомеаро ба сӯи арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инсонгаройиву инсонсолорӣ ҳидоят месозад. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Рӯзи Рӯдакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тамаддуни миллати мост».

Ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардидани Рӯзи Рӯдакӣ бори дигар аз он дарак медиҳад, ки имрӯз калому паёми устод ҳидоятгари ҷомеаи мо ба сӯи арзишҳои маънавӣ, тараннуми инсонгароӣ, ахлоқи олии инсонӣ ва маънавиятпарвариву мардумсолорӣ ба шумор рафта, нуфузи ҷаҳони андешаҳои ӯ ба таъмини ниёзҳои ахлоқи ҷомеаи башарӣ тавассути фармудаҳои устод ишорат мекунад. Руҷӯи оламиён ба сурудаҳои мондагори устоди шоирон дар баробари қадршиносии афкори беназири як нафар фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба афзудани мақому ҷойгоҳи фарҳанг ва тамаддуни миллии мо дар ақсои олам таъкид дорад.

Имрӯз дар афкору андешаи насли наврас парваридани муҳаббат ба фарҳанги миллӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки дар замони худ устод Рӯдакӣ арҷ мегузоштаанд. Ба мероси гаронбаҳои ин нобиғаи миллат муроҷиат карда, мо имрӯз ҳам метавонем, ба бисёр суолҳои худ посух биёбем. Осори устод Рӯдакӣ рамзи абадияти фарҳангу адаби миллати тоҷик буда, аз замон то замонҳои дигар низ умри ҷовидона хоҳад дид.

Боварии комил дорам, ки ин манзалати фикрӣ ва ин қудрати ақлонии таҷассумёфта дар шеъру андешаҳои пурҳикмати устод Рӯдакӣ имрӯзу фардо  тарбиятгари ҷомеаи башарӣ ба сӯи арзишҳои олии инсонӣ ва ҳидоятгари ҷаҳони муосир ба самти созандагиву офарандагӣ хоҳад монд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар фарорасии Рӯзи Рӯдакиро ба тамоми мардуми шарифи вилоят сидқан таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки то ҷовидонаҳо каломи ин абармарди нотакрори таърихи миллати тоҷик навозишгари рӯҳу ҷонҳо бимонад.

Рӯзи Рӯдакӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ