Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи нафту газ

( 0 Овоз )

Дар ин айёми фараҳбахш, ки мардуми вилоят 22 – солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас ва ифтихор аз тамаддуну фарҳанги ғании давлатдории худ истиқбол мегиранд, кормандони соҳаи нафту газро бо иди касбиашон, ки якшанбеи аввали моҳи сентябр таҷлил мегардад табрику муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, рӯзгори обод ва фатҳи қуллаҳои азими меҳнатиро таманно дорам.

Соҳаи нафту газ яке аз соҳаҳои манфиатноку муҳимтарини энергетикӣ буда, дар пешрафту инкишофи хоҷагии халқи кишвар нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истихроҷ ва коркарди ин ашёи хоми стратегиро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт муайян намудаанд.

Таваҷҷӯҳи мунтазами давлат нисбати соҳа имконият медиҳад, ки солҳои наздик ҳаҷми истихроҷи нафт зиёд гардида, барои афзоиши истеҳсоли гази табиӣ низ тадбирҳо андешида мешаванд. Маблағгузорӣ барои ташкили корҳои иктишофӣ - ҷустуҷӯии нафту газ сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.

Дар майдонҳои ояндадори Овчӣ-Қалъача, Маҳрам, Оби шифо ва Супетауи ғарбӣ корҳои иктишофӣ-геологӣ ва сейсмогеофизикӣ аз ҷониби корхонаи фаръии «Суғднафтугаз» ва ширкати «Сомон-Ойл» идома дошта, умед аст, ки солҳои наздик дар вилоят истихроҷи нафту газ бештар хоҳад шуд ва кормандони меҳнатқарини соҳа баҳри пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат саҳми беназир мегузоранд.

Ба ҳамаи кормандони соҳаи нафту газ дар рӯзи иди касбиашон умри дароз, бахту саодат ва дар фаъолияти меҳнатиашон барору комёбиҳо таманно дорам.

Ид муборак, дӯстони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи нафту газ