Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи дониш

( 1 Овоз )

Устодону омӯзгорони мӯҳтарам ва хонандагони  азиз!

Инак, баъди таътили тобистона соли нави таҳсил, ки рӯзи аввалини он дар саросари мамлакатамон чун Рӯзи дониш ботантана таҷлил меёбад, оғоз мегардад.

Ҳамаи Шуморо ба ин муносибат табрику муборакбод намуда, ба толибилмон дар  фатҳи қуллаҳои нави дониш ва ба устодону омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои беназир  таманно менамоям.

Давлату ҳукумат бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар Паёми имсолаи Сарвари кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар қайд гардид, ки ҳукумати кишвар раванди таълиму тарбияро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода, ҳамаи тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ менамояд.

Бо дастгирӣ ва пуштибонии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилоят рӯ ба инкишоф ниҳода, ба муваффақиятҳои  назаррас ноил гашт. Дар ин раванд соли ҷорӣ сохтмони 69 иншооти маориф барои беш аз 13 ҳазору 700 ҷои нишаст бо маблағи умумии 102 миллион сомонӣ идома дорад, ки шаҳодати гуфтаҳои болост.

Сол аз сол беҳтар гардидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, фарогирии хонандагон, махсусан духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба  муассисаҳои мактабҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи он, бо таълиму тарбияи махсус фаро гирифтани хонандагони болаёқат, рушди муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои  намуди нав, аз ҷумла муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, татбиқи Барномаҳои давлатии соҳа, таъмини таълимгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир, мутахассисони баландихтисос, китобҳои дарсӣ, иштирок ва ғолибияти омӯзгорону мураббиён ва толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар озмунҳои касбию фаннӣ  натиҷаи ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф  мебошад.

Умед дорем, ки маорифчиёни вилоят дар соли нави таҳсил  бо меҳнати фидокоронаву содиқона ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил  мегарданд. Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо муваффақият ва барору комёбиҳо таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи дониш