Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони ҷангал

( 1 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳар сол санаи 15 сентябр дар қаламрави кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи кормандони ҷангал бо тантана таҷлил карда мешавад. Ривоҷу равнақи ин соҳа   барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти Тоҷикистон хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид қайд намудаанд, ки хоҷагии ҷангал барои мамлакати мо яке аз соҳаҳои манфиатовар  ва муҳимтарин ба шумор меравад.

Ҷангалпарварони вилоят «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 – 2015», «Барномаи давлатии оид ба парвариш, ҷамъоварӣ коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани доруворӣ аз онҳо барои солҳои 2005 – 2014»-ро,   сармашқи кори худ қарор дода, соли ҷорӣ як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.

Аз ҷумла, дар майдони 311,8 гектар ҷангалзори нав бунёд намуда, нигоҳубини 880 гектарро амалӣ гардониданд. Инчунин дар майдони 25,3 гектар плантатсияи сафедор бунёд намуда, 18 намуди кӯчати ниҳолу бутта ба миқдори 184,2 ҳазор бех фурӯхта шудааст.

Ба зиммаи ҷангалпарварон муҳофизати арчазорҳо, тӯқайзорҳо ва олами ҳайвоноту паррандагон низ гузошта шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар миқёси вилоят парваришгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Сой–Вота»-и ноҳияи Айнӣ,  «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, «Оқтош»–и ноҳияи Ашт, «Кусавлисой»–и ноҳияи Шаҳристон фаъолият доранд. Ҳамзамон    тибқи  барномаи давлатӣ ҳар сол то 100 ҳазор бех ниҳоли арчаи зарафшонӣ парвариш карда мешавад.

Ҷангалпарварон барои ташкил намудани шикор ва ба рушди саёҳати хориҷиён низ эътибор дода истодаанд, ки ин раванд ояндаи хуб дорад.

Боварии комил дорам, ки ҷангалпарварони вилоят дар иҷрои ин вазифаҳои хеш ҳиссаи амиқ гузошта, рушду нумӯи соҳаро таъмин менамоянд.

Тамоми кормандони соҳаро бо Рӯзи кормандони ҷангал муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, хонаободӣ, умри дароз, бахту саодат ва муваффақиятҳои нав ба нави меҳнатӣ таманно дорам.

Иди касбӣ, муборак!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони ҷангал