Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи китоб

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз !

Дар арафаи оғози соли нави хониш ва муқаддастарин ҷашни  миллӣ 22 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили Рӯзи китоб барои мардуми кишвар фоли нек ва сарчашмаи ифтихор аз илму адабиёт ва  фарҳанги тамаддунофари  халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Китоб аз нодиртарин мероси гузаштагони фарҳангпарварамон маҳсуб меёбад, ки бо шарофати ин ганҷинаи беназир насли дирӯз, имрӯзу оянда аз олами пурасрори таъриху маънавиёт ва  фарҳангу адабиёти нобиғаҳои арсаи ҷаҳон огаҳӣ меёбад.

Тоҷикон аз замони бостон то ба имрӯз ба китоб чун ба як сарчашмаи дурру гуҳар ва рафиқи ҳамдами беминнат эҳтироми беандоза доранд ва боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба ин ганҷи пурқиммат аҳамияти муҳим дода шуда, аҳли ҷомеа бо истифода аз китоб дар тарғиби олитарин ғояҳои инсондӯстиву ватандӯстӣ, дастовардҳои таърихӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ нақши муассир мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти китоб ва осори пурғановати адибони гузаштаву муосир барҳақ зикр намудаанд: «Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно буданд».

Ба истифода дода шудани бинои боҳашамати Китобхонаи миллӣ дар пойтахти кишварамон ва ҳамасола баргузор гардидани «Корвони китоб» ва дигар чорабиниҳои ба он бахшидашуда, хазинаи китобхонаҳоро беш аз пеш ғанӣ гардонида, дар ташаккули ҷомеаи мутараққӣ ва насли солим мақоми шоиста мегузорад.

Бо назардошти муҳимияти нақши китоб дар ҷомеа, такомули ҷаҳони маънавӣ ва тарғиби осори адибону донишмандони муосир дар чанд соли охир дар баробари бунёди китобхонаву мағоза ва нуқтаҳои фурӯши китоб бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят асарҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии як зумра  олимону адибони вилоят дастраси хонандагон гардиданд, ки эҳсоси дӯстдории ватанро дар замири хонандагон дучанд менамояд.

Бо фарорасии Рӯзи китоб – ҷашни шинохти тамаддун ва фарҳанги оламгири миллат ҳамаи сокинони вилоят ва дӯстдорони китобро табрику таҳният гуфта, умед бар он дорам, ки бо ин ганҷи бебаҳои инсоният зиндагии босаодату рӯзгори ободу осуда бештар насиби мардуми мо хоҳад гашт.

Рӯзи китоб муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи китоб