Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони тиб

( 0 Овоз )

Ҳар сол, санаи 18 август, ба муносибати рӯзи мавлуди алломаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи кормандони тиб ботантана таҷлил карда мешавад.

Ин санаи муборакро ба кулли кормандони соҳа, ки дорои наҷибтарин касби инсонӣ ҳастанд табрику муборакбод намуда, барояшон саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд таманно дорам.

Боиси қаноатмандист, ки табибони вилоят иди касбии хешро бо рӯҳбаландӣ ва комёбиҳои меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои тиббии вилоят 4476 нафар духтурон, 12733 нафар кормандони миёнаи тиб ва 6338 кормандони хурди тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ доимо таъкид менамоянд, ки базаи моддӣ–техникии муассисаҳои тиббӣ таҳким бахшида шуда, ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ворид намудани усулҳои нави ташхис, табобат ва чарроҳӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардад. Қабул шудани санадҳои нави меъёриву ҳуқуқӣ, вобаста ба соҳаи тандурустӣ, Барномаҳои миллӣ, сол аз сол афзун гардидани маблағгузорӣ ба соҳа аз амалӣ гардидани сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи саломатии омма шаҳодат медиҳад.

Рушди тибби хусусӣ дар вилоят мунтазам идома дорад. Агар соли 2006 дар сатҳи вилоят 5 муассисаҳои ҷамъиятии масъулияташ маҳдуд ва  3 нафар шахсони инфиродӣ фаъолият дошта бошанд, пас имрӯз шумораи онҳо ба 217 адад расида, фаъолияташон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошанд.

Бо назардошти имкониятҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беморхонаҳо, марказҳо ва хонаҳои саломатӣ сохта шуда, муассисаҳои тиббии корношоям таъмиру тармим меёбанд. Танхо дар 3 соли охир барои беҳтар намудани шароити корию табобатӣ сохтмони 39 ва таъмири 310 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ гузаронида шуданд.

Эътимоди комил дорам, ки минбаъд низ кормандони соҳа дастовардҳои худро афзун намуда, баҳри саломатии аҳли ҷомеа ва ояндаи неки онҳо шоиста меҳнат менамоянд.

Дар ин ҷода ба кулли кормандони соҳа, ки дар бар хилъати сафед доранду бо дили гарму дасти тоза ба нафъи ҷомеа хизмат менамоянд барору комёбиҳои беназир таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони тиб