Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят бахшида ба рӯзи ихтироъкорон ва навоварон

( 0 Овоз )

Ҳар сол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» якшанбеи сеюми моҳи август ҳамчун Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон таҷлил карда мешавад.

Воқеан, ба тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ ва давлатӣ ворид шудани рӯзи касбии ихироъкорон ва навоварон баёнгари он аст, ки имрӯз дар кишвари мо бо дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кашфиёту ихтирооти илмӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Ин муносибати олӣ ба аҳли илму маърифат бори дигар собит месозад, ки ҳамагуна ташаббус ва афкору пешниҳоди муфиди мавриди пуштибонии давлат ва Ҳукумат қарор дорад.

Ихтирооту навоварӣ дар ҳама дару замон барои рушди маҳсулнокии меҳнату самарнокии истеҳсолот  мусоидат намуда, яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани шароити арзандаи зиндагии мардум маҳсуб меёбад.

Дастовардҳои солҳои охир барои пурзӯр гардонидани раванди баландбардории сатҳи зиндагии мардум, тараққиёти соҳаи саноат ва хоҷагии қишлоқ натиҷаҳои хуб ба бор овардааст, ки шоёни таҳсин аст.

Асри XXI, ки асри иттилоот ва технология буда, навоварию эҷодкорӣ бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст, ихтироъкорон ва навоварони моро низ зарур аст, то ҷиҳати ҳамқадами замони муосир гардидан боз ҳам кӯшиш ба харҷ дода, бо ихтирову эъҷодиёти навин маҳорату истеъдод ва донишу малакаи хешро нишон диҳанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба нерӯи зеҳниву ақлонии ихтироъкорону навоварон умед ва боварии комил дошта,  баҳри  ба амал татбиқ намудани андешаҳои илмии онҳо ва барои дастгирии аҳли илм, ихтироъкорону навоварон ҳамаҷониба талош менамояд.

Бо ин ниятҳои нек, Рӯзи ихтироъкорон ва навоваронро ба ҳар як кашфиётчиёну навоварони вилоят самимона шодбош гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҳамеша андешаҳои олӣ ва пурқиммати илмиашон дар ривоҷу равнақ бошад, то хоҷагии халқи вилоят аз маҳсули онҳо ба пешрафту шукуфоиҳои нав ба нав мушарраф гардад.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба рӯзи ихтироъкорон ва навоварон