Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон

( 0 Овоз )

Ҳар сол чун анъана рӯзи якшанбеи ҳафтаи дуюми моҳи август дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон бо тантана таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кулии кормандони соҳаи сохтмони вилоятро бо иди касбӣ, иди меҳнату бунёдкорӣ табрику муборакбод менамоям.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят меҳнати созандаи сохтмончиёнро дар бунёди иншоотҳои ҳаётан муҳим ва амалишавии ҳадафҳои бунёдкориву созандагӣ ҳамеша қадр намуда, барои рушди соҳа шароити мусоид фароҳам меорад. Биною иншоотҳои мӯҳташам, роҳу пулҳо, ки имрӯз ифтихори сокинони вилоят мебошад, самараи меҳнати шоистаи сохтмончиён маҳсуб меёбад.

Бо шарофати фаъолияти бунёдкоронаи онҳо симои шаҳру ноҳияҳои вилоят сол аз сол ободу зебо ва назаррабо гашта, эътимоди мардумро ба фардои босаодати миллату давлат бештар менамояд. Соли ҷорӣ бинокорони вилоят азму ният доранд, ки иншоотҳои азим ва асосӣ, аз ҷумла «Кӯдакистони Президентӣ»-ро дар шаҳри Хуҷанд, варзишгоҳ барои 7 ҳазор ҷои нишаст, бинои литсей ва хобгоҳи мактабро дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷои нишастро дар шаҳри Исфара ва даҳҳо иншоотҳои муҳимро то фарорасии ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода диҳанд.

Ҳаҷми корҳои пудратии то имрӯз иҷрошудаи сохтмончиёни вилоят маблағи беш аз 186 млн. сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо соли ҷорӣ дар ҳаҷми 93 ҳазору 497 метри мураббаъ манзилгоҳҳо бунёд, даҳҳо километр хати оби нӯшокӣ таъмир, зиёда аз 30 километр роҳҳои мошингард мумфарш гардида, якчанд иншоотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бинокорони сарбаланди вилоят дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати вусъати корҳои созандагиву ободкорӣ сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри иҷрои рисолати пуршараф-ободониву бунёдкорӣ кӯшишу ғайрати зиёд менамоянд.

Дар ин рӯи муборак ба кулли кормандони соҳаи сохтмони вилоят тансиҳативу хонаободӣ, дар ҷодаи ободӣ ва хушманзар намудани диёрамон барори кор ва муваффақиятҳои беназир таманно дорам.

Идатон муборак, сохтмончиёни ҳимматбаланд!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон