Хабарҳо
Вохӯрии роҳбарони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагон дар ноҳияи Ашт - 12.02.2020 14:04
ЭЪЛОН: 15 феврал ярмарка-фурӯши ниҳол ва кӯчату тухмии гулу зироатҳо доир мешавад - 12.02.2020 16:45
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 14.02.2020 17:10
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 18:39
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43

Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рузи варзишгарон

( 0 Овоз )

Ҳамчун анъана, санаи 10 август, дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи варзишгарон ботантана таҷлил мегардад. Ин санаи фархундаро ба кулли варзишгарон, собиқадорону мураббиён ва кормандони соҳаи варзиш табрику таҳният гуфта, барояшон саодати рӯзгор, тансиҳативу хонаободӣ, муваффақият ва дастовардҳои бузурги варзишӣ таманно дорам.

Варзиш қосиди сулҳу ваҳдат аст. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, варзиш омили тавонои таҳкими дустӣ ва ҳамкории халқу давлатҳо мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки нуфузи тарбияи ҷисмонию варзиш сол то сол боло рафта, таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат низ ба ин соҳа бештар ва дар ин замина дастовардҳои варзишгарони вилоят, дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ меафзоянд.

Қабул гардидани якчанд Барномаи давлатӣ, таъсис дода шудани стипендияи Раиси вилоят ва бунёди даҳҳо иншоотҳои  варзишӣ аз таваҷҷуҳу эътибори давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки танҳо ду соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 360 иншоотҳои варзишии замонавӣ, аз ҷумлаи Қасри варзиш бо 3000 ҷойи нишаст, варзишгоҳҳо, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва майдончаҳои варзишӣ қомат афрохта, дари худро барои дӯстдорони варзиш боз намуданд. Ин ҳама шароитҳои мусоид барои таъмини оммавияти варзиш, ҷалби ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонию варзиш, омода намудани варзишгарони касбӣ ва дар маҷмӯъ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳамагуна қонуншиканиҳо байни ҷомеа нигаронида шудааст.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳо варзишгарон танҳо соли равон дар 40 мусобиқаи вилоятӣ, 35 чемпионат ва мусобиқаҳои чумҳурӣ, 20 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани 556 медали тилло, 517 нуқра ва 706 медалҳои биринҷӣ муваффақ гардиданд, ки боиси қаноатмандӣ аст.

Боварӣ дорам, ки варзишгарони вилоят минбаъд низ маҳорату истеъдоди худро барои ба даст овардани комёбиҳои варзишӣ равона намуда, шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар як вазишгари вилоят барору комёбиҳо таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят бахшида ба Рузи варзишгарон