Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати иди Фитр

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз дар саросари олами мусалмонӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо иди саиди Фитр таҷлил мегардад.

Моҳи шарифи Рамазон ва рӯзадорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълимоти дини мубини Ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорӣ мебошанд. Ҳусни муошират бо аҳли хонадон, меҳру муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, кӯмаку ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон дар ин моҳи шариф барҷаста ба назар мерасанд.

Чуноне, ки Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дарси ибратбахши фалсафаи моҳи нузули Қуръони Карим он аст, ки тамоми мусалмонон бояд қаноатпешаю парҳезгорӣ, устуворию таҳаммул ва омурзиши гуноҳҳоро биомӯзанд, то дар раванди зиндагӣ дар баробари мушкилоти маънавию иқтисодӣ бо сабру истодагарии хеш ба саодат расанд».

Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз дар кишварамон озодии виҷдон ва эътиқод таъмин мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилоятамон амал кардани 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 90 масҷиди ҷомеъ,  932 масҷиди панҷвақта ва намозгузории бемалоли аҳли ҷомеа дар ҳамаи ин ибодатгоҳҳо далели ин гуфтаҳост. Мардум ба масҷид барои тоату ибодат ва гирифтани ғизои илоҳӣ меоянд ва мусалмони асил дар ин макон ба ташвиқоту тарғиботи ақидаву андешаҳои ифротгароёна ва тундравона, намоишкорӣ, паҳншавии таассубу хурофот, ихтилофу парокандагӣ байни аҳли ҷомеа асло роҳ намедиҳад.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо аҳли ҷамоатчигии кишвар аз ҳамин ғоя саршор буда, имрӯзҳо ҳамдиёрони мо мазмуну мӯҳтавои онро ба таври амиқ меомӯзанд ва барои амалӣ намудани хулосаҳои ин ҳамоиши барои ҷомеаи мо таърихӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Дар моҳи мубораки Рамазон ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятиму бепарастор мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Имонам комил аст, ки мардуми олиҳиммату саховатманди вилоятамон ба ин фармудаҳо амал намуданд.

Боварӣ дорам, ки ин амалҳои некамон барои муваффақияту пешравиҳои минбаъда  дар ҳамаи соҳаҳо заминаи мусоид гардида Ватани азизамон бо ҳиммати баланду меҳнатҳои фидокоронаи халқ боз ҳам ободу шукуфонтар хоҳад шуд.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати иди Фитр