Хабарҳо
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар таърихи навини давлатдории мустақили тоҷикон ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, ҳамватанони азизро бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо хушбахтиву осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагй, пешрафт ва комёбиҳо орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таъкиди аҳамияти таърихии ин санади такдирсоз дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, зикр намудаанд:

«Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард. Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатй эътироф намуд».

Дар ҳақиқат, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои татбиқи дигаргуниву навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба хотири пешрафти ҷомеа тарҳрезӣ шудаанд ва ҳадафи аслӣ фароҳам овардани имконот барои рушди тамоми ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиклол мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳадафмандона риоя ва амалӣ намудани матлабҳое, ки дар Конститутсия баён шудаанд, фаъолияти пурсамарро дар тамоми соҳҳои ҳаёти ҷамъиятй кафолат медиҳад.

Вазъи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки дарвоқеъ, «тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд».

Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ таҳия гардидааст, бинобар ин, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст. Он моҳияти инсонпарварона дошта, баёнгари ормону ҳадафҳои аслии тамоми ҷомеаи кишвар ба шумор меравад.

Бори дигар, мардуми шарафманди вилоятро бо солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, оромию осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон