Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Табрики Раиси вилоят ба муносибати 85-солагии хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Мӯҳтарам кормандон ва собиқадорони хадамоти давлатии оташнишонӣ!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори 85-умин солгарди таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонии кишварамон самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо дар иҷрои вазифаи пуршарафу муқаддас – ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи молу мулк ва ҳаёти инсон комёбиву барори кор орзу менамоям.

Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки сӯхторхомӯшкунандагон ҷавобан ба ғамхориҳои ҳамарӯзаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ба зиммаашон гузошташударо бомуваффақият иҷро карда, баҳри аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани амволи хоҷагии халқ, молу мулки шаҳрвандон ҳамарӯза кӯшиш менамоянд.

Кормандони сӯхторхомӯшкунӣ ҳангоми хомӯш кардани сӯхторҳо, аз ҷумла дар роҳи оҳани деҳаи Қатаған (соли 1986), дар шаҳри Қайроққум (соли 1998), хати гази «Бухоро – Фарғона» - и шаҳри Конибодом (солҳои 2001, 2002 ва 2006),  бартарафкунии офатҳои табиӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Истаравшан, Панҷакент ва иҷрои намунавии вазифаи хизматӣ дар бартараф намудани ҳолати садамавии тайёраи Боинг-737, хатсайри Москва-Хуҷанд шуҷоату мардонагӣ нишон дода, ба эҳтироми халқ сазовор гардидаанд.

Дар давраи соли 2012 ва нимсолаи аввали соли 2013 дар натиҷаи фаъолияти фаврию саривақтии ҳайати шахсии хадамоти оташнишонии вилоят амволи хоҷагии халқ ва молу мулки шаҳрвандон ба маблағи наздик 20 миллион сомонӣ аз сӯхтор наҷот дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамеша мекӯшад, ки ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои моддиву техникии хадамоти оташнишонии вилоят ва бо кадрҳои баландихтисос такмил додани сафҳои он, беҳтар намудани шароитҳои зиндагӣ ва хизматии ҳайати шахсии он мадад намояд.

Итминони комил дорам, ки ҳайати шахсӣ ва тамоми кормандони ҷузъу томҳои вилоят дар оянда низ баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои неки роҳбарияти  давлатамон саҳмгузорӣ намуда, қувва, маҳорат ва малакаи худро ба ин самт равона менамоянд.

Шумо, кулли кормандон ва собиқадорони хадамоти оташнишониро бори дигар ба муносибати 85-умин солгарди таъсисёбии хадамоти давлатии оташнишонӣ табрику муборакбод гуфта, бароятон саломативу дарозумрӣ, сарбаландиву некномӣ ва дар иҷрои вазифаҳои душвору масъулиятнок барору комёбиҳо таманно дорам.

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Табрики Раиси вилоят ба муносибати 85-солагии хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон