Хабарҳо
Маҷмааи истироҳатию фароғатии соҳили чапи дарёи Сир ба фаъолият оғоз кард - 25.06.2019 17:19
Оғози сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хуҷанд - 25.06.2019 16:40
Маросими ифтитоҳи навбати дуюми корхонаи «Норд Азия Металл» - 25.06.2019 07:41
Ифтитоҳи сехи истеҳсоли мағз ва бандубасти хушкмеваҳо дар Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен ​ - 25.06.2019 08:14
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии “Фаридаи Тағояк” - 25.06.2019 09:53
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди гармхонаи гидропоникӣ-инноватсионӣ дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 09:56
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар ноҳияи Спитамен - 25.06.2019 13:42
Оғози мумфаршкунии роҳи Сарбанд – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон - 25.06.2019 13:45
Баргузории ҷамъомади идона ба муносибати 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ - 25.06.2019 15:17
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш - 25.06.2019 15:26

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз!

Мақом, осори адабӣ ва зиндагиномаи бузургтарин суханвари адаби тоҷикӣ - форсӣ Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ  тӯли қарнҳо мавриди таваҷҷуҳи дӯстдорони шеър ва ирфон буд, зеро осори ин шахсияти оламшумул нишони ҷовидонии тамаддун ва андешаи миллӣ маҳсуб меёбад.

Боиси ифтихор аст, ки осори ин абармарди сухан аз тарафи донишмандон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта, бо гузашти асрҳо ба он чун ба як сарчашмаи шинохти зиндагӣ ва ҳастии инсон муносибат доранд. Мавлоно аз шумори суханваронест, ки каломи ҷонбахш ва андешаи маънавии ӯ барои маърифат ва хушбахтии маънавии башар асрҳо хидмат хоҳад кард.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ    Раҳмон ба масъалаи арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании ачдодӣ, таҷлили солгарди шахсиятҳои таърихию бузургони илму адаб ва дар ҳамин замина, бедор намудану рушд бахшидани худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишвар аҳамият дода, ин амали хайрро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии кишвар қарор додааст.

Аз тарафи ташкилоти байналмилалии Юнеско дар соли 2007 эълон гардидани Соли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ боиси ифтихор ва баёнгари шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно мебошад.

Таҷлили Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи маърифату фарҳанг ва тарғиби осори бегазанди адибони классику муосир ба шумор рафта, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳусни калом ва сухани Мавлоно то ҳол ранг набохтааст ва барои насли имрӯзу оянда чун раҳнамои маънавӣ хизмат менамояд.

Итминони комил дорам, ки бо омӯзиш, тарғиби осор ва зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷомеаи мо барои боз ҳам бештар гиромӣ доштани анъанаҳои неки миллӣ, шинохти осори адабӣ ва забони модарӣ кӯшиш намуда, дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳми амиқ мегузорад.

Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШУМО ДАР: Паёму табрикот Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ