Хабарҳо
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29
Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд - 03.08.2020 14:13

ҲАММОМИ “ТУРКМАНИСТОН”: ҚАТЛГОҲЕ КИ ДИГАР “ОБОД” НАШУД

( 0 Овоз )

Соҳибкоре ҳаммоми совхози "Туркманистон”-и ноҳияи Вахшро харида, мехост "обод” кунад, вале муваффақ нашуд.

 Мардум аз даромадан ба маконе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба қатлгоҳи яке аз тарафҳои даргир табдил ёфта буд, парҳез мекунанд. Ҳоло ин соҳибкор ҳаммомро бо нархи аз харидааш хеле камтар ба фурӯш мондааст, вале ягон харидор ҷуръати пул гузоштан ба биноеро, ки то ҳол дар деворҳояш нақши хуни мардуми дар инҷо кушташудаву шиканҷашуда боқист, ҳазар мекунанд. Ҳамин гуна, тарабхонаи "Шоҳамбарӣ” дар роҳи Ҳисор, ки дар солҳои ҷанг низ чунин як қатлгоҳ шуда буд, баъди ҷанг чандин бор даст ба даст гузашт, вале дигар "обод” нашуд. Чунки дили кӣ мебардорад, дар маконе ки даҳҳо нафарро бо шиканҷа куштаанд, хӯроки пешин ё шом бихӯрад? Ё тӯяшро инҷо барпо кунад? Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳарду тарафи дигар чунин қатлгоҳҳо зиёд доштанд. Аз дару девори ин маконҳо, ба гуфтаи мардум, то ҳол садои оҳу нолаи қурбониёни ҷанг ба гӯш мерасад...


Қатли «юрчик»-ҳо дар «ҳамоми Туркманистон»

ва ё чаро аз истифодаи ҳамом то ҳол дар ҳаросанд?

Ноҳияи Вахш дар қисмати марказии собиқвил.Қурғонтеппа, дар водии дарёи Вахш ҷойгир ва мартмоҳис.1933 таъсис ёфтааст. Моҳи декабри с.1934 ноҳия ба Кагановичобод табдилином кард ва июлмоҳи с.1957 номиОктябрро гирифт. Ва барои савумин бор январмоҳи с.1965 ба ноҳия исми аввалини он баргардонида шуд ва боз Вахш ном гирифт. Ин ноҳия дар шимол бо н.Сарбанд (собиқ Каленинобод), дар шарқ бо н.Данғара ва н.Фархор, дар ҷануб бо н.Ҷ.Балхӣ (собиқ Колхозобод) ва дар ғарб бо н.Бохтар (ҳоло Кӯшониён) ҳаммарз аст. Совхози "Туркманистон"-и ноҳия ба ифтихори халқиятҳои сокини он-туркманҳои муҳоҷир аз Туркманистон номгузорӣ шудааст. Баъдан ба хотири мардуми Тоҷикобод (водии Қаротегин), ки барои зисти доимӣ ба ин макон муҳоҷир мешаванд, ҷамоати деҳот номи "Тоҷикобод"-ро мегирад...

Ҳар нафарро пайваста дар бозгашт аз н.Вахш ва ё баракс, сафар ба ин ноҳия, хотираи ҳаводиси солҳои 1992 бо чеҳраҳои шинохтааш аз пеши назар "кадр ба кадр” мегузаранд, ки замоне фазои сиёсии Тоҷикистонро гарм медоштанд: Сайид Абдуллои Нурӣ - поягузори ҲНИТ ва раиси собиқ ИНОТ, Ҳайдар Қосимов -Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, генералЁқуб Салимов- вазири собиқи корҳои дохилӣ, Бобоҷон Бобохонов- собиқ Додситони кулл, Абдуҷалол Салимов- раиси собиқи вилояти Хатлон ва вакили МН, раҳматӣ Сӯҳроб Шарифов- раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, Эдгар Гэсс- футболбози машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, Мавлавӣ Муъиниддин - воизи маъруф...

Дар охири солҳои 1980 пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ дар Вахш афкори оммаро куллан тағйир дод. Таъсис ва эҳёи нахустин ҳизбҳои сиёсии ҲНИТ, ҲДТ, ки пешвоёни асосиаш аз Вахшонзамин буданд, минтақаро ба майдони бозиҳои калон табдил дод. Иштибоҳи иддае аз зиёиёну пешвоёни маҳаллӣ дар он буд, ки эшон барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии хеш аз нирӯи мардум хостанд истифода бубаранд, мардуми ноогоҳро думболи хеш ба майдонҳо бароварданд. Аммо дар рафти намоишҳои эътирозӣ саркардагон авомро саришта карда натавонистанд ва эҳсоси маҳалчигӣ ҷомеъаро ба гирдоби ҷанг кашида, оқибат Вахш- сарзамини зархезро ба водии хунафшон табдил дод.

Ҳақиқати ҳол ин аст, ки барои водии Вахш гузариш ба даврони соҳибистиқлолии кишвар гарон афтод. Вахш аз зумраи навоҳиест, ки дар ҳодисаҳои солҳои 90 аз ҳама минтақаҳобештар харобу талафоти зиёди ҷонӣ дида, қатлу куштор дар ҳеҷ як аз минтақаи кишвар ба мисли водии Вахш мушоҳида нашудааст. Ба ибораи дигар, водии Вахш шоҳиди аввалин даргириҳои дар ин ҷанги дохилӣ буд.

Набардҳо бештар дар маркази вил.Хатлон, шаҳри Қӯргонтеппа, доман зада, қурбонии зиёде овард ва ҳазорон зан писарону падарон ва ҳамсарони худро аз даст доданд. Ҷанг дар ин минтақа кӯдакони зиёдеро ятим ва занони тоҷикро азодори шавҳар кард. Куштор ва хунрезӣ дар Вахш ба ёди мардуми ин минтақа ҳамчун ҷанг миёни ду гурӯҳи "вовчик" ва "юрчик" боқӣ мондааст.

Ин набардҳо аз ҳар ду тарафи даргир куштагони зиёде дод, ки бештарашон ҷавонон буданд. Ҷамоати «Тоҷикобод» қаблан "Совхози Туркманистон" ном дошту маҳалли иқомати Саид Абдуллои Нурӣ, минтақаи таҳти контроли мухолифон-исломистон маҳсуб буд. «Тоҷикобод» он замон пурра ба коми оташ рафт. Сокинонаш мегӯянд, аз ҳаммом (баня)-е, ки дар ин ҷо воқеъ буд, даҳҳо ҷасади гӯшу бинибуридае пайдо шудааст, ки ба таври ваҳшиёна кушта шудаанд!!! Ин ҷо махсус бояд таъкид кард, ки дар ин ҷанги бемаънии шаҳрвандии таҳмилӣ ҳазорон ТОҶИК аз дасти гуруҳҳои маълуму номаълум ба қатл расид, ки мислашро, таърих ёд надорад!!! Ва тавре, ровиёни ҳолу аҳвол қисса мекунанд, чунин ваҳшониятро фашистони немис дар концлагерҳои солҳои 1940-1945 шояд нисбати инсоният раво надида бошанд, ки дар Тоҷикистон дидем! Ин ҷумларо бояд махсус таъкид кард, ки ҳоло ҳам пайи хуни ИНСОН дар дару девор ва фаршу сақфи ҳаммом, дар даҳлезу ҳуҷраҳояш боқӣ мондааст!!!

«Вовчик»-у «юрчик» дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон забонзади хосу ом буд. Гурӯҳҳоитарафдори давлати куммунистии вақт, ки ғолибан аз минтақаи Кӯлоб бархоста буданд, лақаби "юрчик"-ро гирифта, мухолифони исломгарои онҳо,умдатан аз минтақаи Рашт, "вовчик" хонда мешуданд.

Садҳо сокини ғайринизомӣ, ки дар миёни тиру тӯп монда буданд, дар ин вазъ хонаҳои худро тарк карда,аз тариқи навоҳии Панҷу Қумсангиру Шаҳритус ва аз рӯди Ому ба Афғонистон (Кампи Сахӣ, Мазори Шарифу Қундуз) гузаштанд. Феълан, занону мардони фирории зиндабаргашта бо гиря нақл мекунанд, ки ҳини убур аз дарёи Панҷу Ому даҳҳо нафар дар об ғарқ шуданд, луқмаи хом дар коми наҳангҳо шудаанд. Ва ё даҳҳо тани дигар зери борони тири танку тӯпи Фронти Халқӣ дар дохили дарё кушта шуданд…

Хулласи матлаб, дар замони ҳодисаҳои нохуши шаҳрвандӣ совхози "Туркманистон" ба яке аз Ситоди асосии қувваҳои мухолифин табдил ёфта буд. Он шабу рӯзи даргириҳо оид ба ҳаммоми 2-ошёнаи совхози "Туркманистон", ки дар роҳи мошингарди Бохтар-Кӯшониён-Вахш воқеъ аст, сару садоҳои даҳшатбор паҳн мешуд. Акнун баъди 23 соли хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳам мардуми Вахшонзамин ин бино-собиқ "гармоба”-ҳаммоми Шӯравиро бо номи "асоратхона" ёд мекунанд. Сокинони атрофи ҳаммом мегӯянд, аз хотимаи ҷанг қариб 30 сол гузашта, осори харобаҳои ҳаммомро бартараф сохтаанд, аммо бархе аз мардум зимни гузаштан аз назди ҳаммоми "Туркманистон" эҳсоси нороҳатӣ мекунанд ва ҳич кас ихтиёран ва ҷуръати дохил шудан ба ҳаммомро надорад. Як ваҳме касро фаро мегирад, мегӯянд сокинони атрофи "баня”.

6 сол қабл соҳибкори маҳаллие, ки дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия тиҷорати бузург дошт, ҳаммоми мазкурро бо 70 сотих заминаш дар 150.000 доллари амрикоӣ харида, хост, ки бо истифода аз он манфиат рӯёнад. Аммо ӯ ҳам натавонист! Тибқи ривояти мардум, соҳибкор дар ошёнаи 2-уми ҳаммом зали варзишӣ барои наврасон кушод, лек ҳаводорон-ҳавасмандони варзиш ҳамагӣ 2-3 бор бо эҳтиёт омаданду дигар пайяшон канда шуд!!! Ҳоло соҳибкор ҳаммомро ба нархи арзонтар ба фурӯш гузоштааст, аммо аз тарсу ваҳм касе ҳатто нархи ҳаммомро намепурсад!

Маврид ба зикри хос аст, ки аъзои Фронти халқӣ-Нуралӣ Фақиров ва Нусратулло Файзуллоев дар як матлаби худ дар бораи Абдулмаҷид Достиев ёд карда, навишта буданд, ки ӯ ваҳшоният дар ҳамоми совхози «Туркманистон»-ро бо чашми худ дида буд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҲАММОМИ “ТУРКМАНИСТОН”: ҚАТЛГОҲЕ КИ ДИГАР “ОБОД” НАШУД