Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуот

( 3 Овоз )

Қарори

Раиси вилояти Суғд

аз 19 феврали соли 2019, №80, шаҳри Хуҷанд

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», бо назардошти саҳми кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои истиқлолият ва дархости муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ аз 29 январи соли 2019, №5/78   Қ А Р О Р М Е К У Н А М:

1. Санаи 11 март дар қаламрави вилоят Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳо ва харҷномаи таҷлили Рӯзи матбуот тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3).

3. Раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят иди касбии рӯзноманигорон ва коркунони муассисаҳои табъу нашрро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, барои дастгирии моддию маънавии нашрияҳои маҳаллӣ, рӯзноманигорон ва кормандони матбааҳо тадбирҳои амалӣ андешида, собиқадорони матбуот тибқи рӯйхат аёдат карда шаванд.

4. Шуъбаҳои иттилоотию таҳлилӣ, рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят якҷоя бо шуъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои хубу хотирмон гузаронидани Рӯзи матбуот тадбирҳои мушаххас андешанд.

5. Ба Раёсати фарҳанги вилоят супорида шавад, ки мувофиқи харҷномаи замимашуда маблағгузории саривақтии чорабиниҳоро таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Биволида Самадӣ гузошта шавад.


Раиси вилоят                          Раҷаббой Аҳмадзода

ШУМО ДАР: САНАДҲО Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи таҷлили Рӯзи матбуот