Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд

( 0 Овоз )

Қарори

Раиси вилояти Суғд

аз 3 январи соли 2019, № 2, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти хизмати бенуқсони ҳарбӣ ва меҳнати шоиста дар ақибгоҳ, ба муносибати ҷашни 74 - солагии Рӯзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 ва дархости сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз 24 декабри соли 2018, №687, қарор мекунам:

1. Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор карда шавад, ки аз 1 январи соли 2019 ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати бенуқсони ҳарбӣ (ба ғайр аз иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ) ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 бо яке аз медалҳои «Барои Fалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Fалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945» сарфароз гардидаанд, тибқи рӯйхати замимашуда ба ҳар яке ҳар моҳ дар ҳаҷми 80 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2019 ба ин мақсад пешбинишуда кӯмакпулӣ пардохт намуда, назорати истифодаи мақсаднок ва босамари маблағи ҷудошударо таъмин намояд.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт шудани кӯмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5 - ум ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 январи соли 2018, №9 «Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.


Раиси вилоят                      Раҷаббой Аҳмадзода

ШУМО ДАР: САНАДҲО Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар ақибгоҳ фаъолият бурдаанд