Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ

( 0 Овоз )

Қарори

Раиси вилояти Суғд

аз 3 январи соли 2019, № 4, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ

Мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 32 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо мақсади ҳифзи иҷтимоии маъюбони Артиши Шӯравӣ ва бо назардошти дархости сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз   24 - уми декабри соли 2018, №687, қарор мекунам:

1. Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор карда шавад, ки аз 1 - уми январи соли 2019 ба маъюбони Артиши Шӯравӣ, тибқи рўйхати замимашуда, ба ҳар яке ҳар моҳ дар ҳаҷми 100 сомонӣ, аз ҳисоби маблағҳои ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2019 ба ин мақсад пешбинишуда, кўмакпулӣ пардохт  намуда, назорати истифодаи мақсаднок ва босамари маблағи ҷудошударо таъмин намояд.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кўмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 - уми январи соли 2018, №10 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва  Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.


Раиси вилоят                                         Раҷаббой Аҳмадзода

 


ШУМО ДАР: САНАДҲО Қарори Раиси вилояти Суғд Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба маъюбони Артиши Шӯравӣ