Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ

( 0 Овоз )

Қарори

Раиси вилояти Суғд

аз 3 январи соли 2019, № 1, шаҳри Хуҷанд

Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар,  маъюбони  барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», бо назардошти хизматҳои бузурги иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, бо мақсади қадршиносӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо ба муносибати 74-солагии Рўзи Fалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дархости сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят аз   24 - уми декабри соли 2018, №687, қарор мекунам:

1. Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят вазифадор карда шавад, ки аз 1 - уми январи соли 2019 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, тибқи рўйхати замимашуда ба ҳар яке ҳар моҳ дар ҳаҷми 100 сомонӣ аз  ҳисоби маблағҳои ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2019 ба ин мақсад пешбинишуда кўмакпулӣ пардохт  намуда, назорати истифодаи мақсаднок ва босамари маблағи ҷудошударо таъмин намояд.

2. Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вазифадор карда шавад, ки барои сари вақт пардохт гардидани кўмакпулӣ дархостро ҳар моҳ то санаи 5-ум ба шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят пешниҳод намояд.

3. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 4 - уми январи соли 2018, №8 «Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои оилаи ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва  Анвар Яъқубӣ гузошта шавад.


Раиси вилоят                                         Раҷаббой Аҳмадзода


ШУМО ДАР: САНАДҲО Қарори Раиси вилоят Дар бораи расонидани кўмаки моддӣ ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ