Ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2019

( 0 Овоз )

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таъсиси коргоҳҳои нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, фароҳам овардани ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва барқарор намудани ҷойҳои кории барҳамдодашуда, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии минтақа, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дода шуд.

Вазъи иҷрои буҷет

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 94,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2071,1 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2189,8 миллион сомонӣ) 118,7 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба маблағи 150,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давр ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1718,95 миллион сомонии дар нақша пешбинигардида 1630,84 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 5,1 фоиз ё ин ки 88,1 миллион сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин даври соли 2018 ба маблағи 69,24 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ 1746,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1656,2 миллион сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 94,8 фоизи нақша мебошад.

Дар моҳҳои январ - ноябри соли ҷорӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамагӣ 682,6 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 45,6 миллион сомонӣ ё ин ки 6,3 фоиз кам мебошад.

Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 4,5 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, ба санаи 1 ноябри соли 2019 ба 102,9 миллион сомонӣ баробар шудааст. Аз ҷумла, бақияи қарзи андози иҷтимоӣ дар ин давр 34,9 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 2,0 миллион сомонӣ кам мебошад.

Талаботи нафақа дар ин давр 744,3 миллион сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 226670 нафарро ташкил додааст. Андозаи миёнаи нафақа дар ин давр ба 291,77 сомонӣ баробар шудааст.

Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин гардида, қарзи музди меҳнат дар даври ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Савдои дохилӣ ва хориҷӣ

Дар даври ҳисоботӣ барои беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа, рушди бозори истеъмолӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои яклухту чакана якҷоя бо таъмири автомобилҳо 10721,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 3265,5 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 100,5 фоиз ва 102,2 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 1841,8 миллион доллари ИМА, аз ҷумла воридот 1432,5 миллион доллар ва содирот 409,3 миллион доллари ИМА баробар шуд. Комёбии назаррас дар самти содирот бамаротиб афзудани содироти семент мебошад. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба миқдори 676243 тонна семент ба маблағи 29,9 миллион доллари ИМА содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 мутаносибан 241204 тонна ва 9,8 миллион доллари ИМА зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти маъдан дар ёздаҳ моҳи соли равон ба 249,7 миллион доллари ИМА баробар шуда, дар маҷмӯъ 264,1 ҳазор тонна маъдан ва консентрат ба содирот бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 119,5 миллион доллар ва 53,7 ҳазор тонна кам мебошад. Коҳишёбии ҳаҷми содироти маъдан ва консентрат ба нишондиҳандаи маҷмӯии содироти маҳсулот таъсири манфӣ расонидааст, зеро ҳиссаи ин намуди маҳсулот дар сохтори содироти вилоят хеле назаррас аст. Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 9,7 миллион доллари ИМА маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст. Аз ҷумла, ба маблағи 5,04 миллион доллари ИМА ба миқдори 14338 тонна хушкмева ва ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА ба миқдори 53253 тонна пиёз ба бозорҳои беруна бароварда шудааст.

Ҳамзамон, воридоти намудҳои маҳсулоте, ки имконияти истеҳсолашон дар дохили кишвар мавҷуд мебошад, тадриҷан коҳиш ёфта истодааст. Аз ҷумла, воридоти семент нисбати ёздаҳ моҳи соли сипарӣ 12506 тонна кам шуда, дар даври ҳисоботӣҳамагӣ ба миқдори 14529 тонна семент ворид гардидааст. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020” истеҳсоли семент дар дохили вилоят афзоиш ёфта истодааст.

Таъмини

беҳбудии фазои сармоягузорӣ, бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат баҳри дастгирии давлатии ҳама намуди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар ҳалли масъалаҳои иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявию қарздиҳӣ корҳои муайянро амалӣ намуд.

Таъмини рушди бемайлони соҳибкории хурду миёна, дастрасии соҳа ба имтиёзҳои иқтисодӣ омили асосии баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва таъминот бо ҷойи корӣ маҳсуб ёфта, фаъолият дар ин самт таҳти таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Дар вилоят шумораи соҳибкорони инфиродӣ ба санаи 1 - уми декабри соли 2019 аз аввали бақайдгирӣ 116980 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ 3826 нафар зиёд шудааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, ба 35594 нафар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 1546 нафар зиёд мебошад.

Шумораи субъектони бо шаҳодатнома фаъолиятбаранда 10914 ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин даври соли қаблӣ мутаносибан 208 адад афзудааст.

Баҳри беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар моҳҳои январ - сентябри соли 2019 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 312 миллион доллари ИМА сармоягузориҳо, аз ҷумла 281,3 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 30,7 миллион доллар сармояи дохилӣҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 1,1 баробар зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба маблағи 132,3 миллион доллар сармояи мустақим ва ба маблағи 63,0 миллион доллар ҳар гуна сармоягузориҳо ба иқтисодиёти вилоят ҷалб карда шуданд. Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 207,8 миллион доллари ИМА - ро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ - сентябри соли равон барои татбиқи лоиҳаҳо 82,4 миллион доллари ИМА ҷалб карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 1,3 баробар зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои ҳадафҳои “Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020”, аз ҷумла таъмини рушди босуботи бахши воқеӣ, бахусус соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия тавассути таҷдиди инфрасохтори мавҷуда, бунёди иқтидорҳои нав бо истифода аз дастовардҳои муосири техникаю технологияҳо тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуда истодааст. Бо ин мақсад ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида, фаъолият дар самти ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ, инчунин ба тақвияти ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар самти фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ба ин васила таъмин намудани афзоиши иқтидори содиротии минтақа, чун анъана бо иштироки доираҳои соҳибкории ватанӣ, бахши молиявию қарзӣ, ташкилотҳои сайёҳӣ, шарикони рушди Тоҷикистон, бизнес - ассотсиатсияҳо ва намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ санаҳои 21 - 22 июни соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VI байналмилалии савдо «Суғд - 2019» баргузор карда шуд ва дар он зиёда аз 300 нафар меҳмони хориҷӣ аз 10 давлати дунё ширкат варзиданд.

Бо мақсади ҷалби бештари соҳибкорони бурунмарзӣ ба ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо, аз ҷумла бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолию иҷтимоӣ, таҷдиди инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохтори замонавӣ барои рушди бахши воқеӣ, таъсиси ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми шаҳру деҳоти вилоят санаҳои 21 - 22 сентябри соли ҷорӣ бо соҳибкорони бурунмарзии вилоят, ки муқими Федератсияи Россия мебошанд, дар шаҳри Москва вохӯрии Раиси вилоят доир карда шуд.

Кишоварзӣ, истифодаи замин

ва ҳолати мелиоративии он

Дар даври ҳисоботӣ кишоварзони вилоят барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешиданд, ки дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 7494,0 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 108,9 фоиз таъмин гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 5595,8 миллион сомонӣ ва дар соҳаи чорводорӣ 1898,2 миллион сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан ба 107,5 ва 113,3 фоиз баробар шуд. Баҳри таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои кишт барои ҳосили соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 274807 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 230022,8 гектар ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44784,2 гектар ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд. Дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ майдони кишти ғалладонаи тирамоҳӣ 30527 гектар ва замини кишти зироатҳои баҳорӣ 182637 гектарро ташкил намуда, нақшаи дурнамои кишти баҳорӣ 101,2 фоиз иҷро гардид. Ҳамагӣ дар майдони 113362,1 гектар ғалладонагиҳо (бе ҷуворимаккаи дон) кишт гардид, ки аз он 46482,9 гектарро кишти гандум ташкил медиҳад.

Дар ин давр ба майдони 58454,1 гектар пахта кишт карда шуд, ки нисбат ба соли сипарӣ 1260,5 гектар зиёд мебошад. Соли равон кишоварзони вилоят дар майдони 22450,6 гектар кишти картошка гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1455,9 гектар зиёд мебошад. Кишти асосии сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 15886,8 гектар гузаронида шуда, дар қиёс нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1953,5 гектар коҳиш ёфтааст.

Дар даври ҳисоботӣ дар вилоят истеҳсоли сабзавот 484,4 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полизӣ 125,9 ҳазор тонна, мевагиҳо 147,3 ҳазор тонна, ангур 61,6 ҳазор тонна, гӯшт 41,6 ҳазор тонна, шир 238,8 ҳазор тонна, тухм 383,3 миллион дона, пашм 1513,2 тонна ва асал 1391,6 тоннаро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли 2018 сабзавот 24,4 ҳазор тонна кам, картошка 34,3 ҳазор тонна, полизӣ 13,7 ҳазор тонна, мевагиҳо 12,2 ҳазор тонна, ангур 0,4 ҳазор тонна, гӯшт 1,7 ҳазор тонна, шир 4,8 ҳазор тонна, тухм 189,3 миллион дона, пашм 1,5 тонна ва асал 30,9 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли ғалладонагиҳо 323,6 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 124 ҳазор тонна ба ҳисоб гирифта шуда, нисбат ба ҳамин даври соли сипарӣ мутаносибан 55 ҳазор тонна ва 17,3 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.

Дар вилоят нисбат ба рушди соҳаи пахтакорӣ аҳамияти махсус зоҳир мегардад. Дар мавсими ҳосилғундории соли 2019 дурнамои истеҳсоли пахта дар ҳаҷми 129050 тонна пешбинӣ гардида, пахтакорони вилоят дар ин давр ба миқдори 129302 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки баробари 100,2 фоизи дурнамои истеҳсоли пахта мебошад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 - юми декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» бунёд намудани 5402 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 4742 гектар боғи зардолу ба нақша гирифта шудааст. Дар ин замина қарори Раиси вилоят аз 8-уми феврали соли 2019, №70 “Оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилояти Суғд барои солҳои 2016 - 2020” ба тавсиб расидааст.

Мувофиқи дурнамо, соли 2019 дар масоҳати 252 гектар бунёди боғу токзори нав пешбинӣ гардида, то ин марҳала дар 794 гектар боғу токзори нав бунёд шуд, ки аз нақ-шаи дурнамо 3,1 баробар зиёд мебошад. Боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир бунёд гардида, асосан ба воситаи таҷҳизоти каммасрафи қатрагӣ обёрӣ карда мешаванд. Майдони боғҳои маҳсулоти содиротӣ, аз қабили зардолу, себ, шафтолу, гелос, хурмо ва сиёҳолу сол аз сол афзуда истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки истеҳсоли ин намудҳои маҳсулот зиёд гардида, содироти меваҳои тару тоза ва хушкмева тадриҷан зиёд карда шавад. Давоми 11 моҳи соли равон дар ҳаҷми 31907 тонна себ ва 98963,6 тонна зардолу истеҳсол карда шуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ ва тақвияти иқтидори содиротӣ заминаи мусоид фароҳам омад.

Дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми декабри соли 2014, №727 “Дар бораи Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2019” ва баҳри таъмини бозори истеъмолии вилоят бо маҳсулоти худии аълосифат дар даври тирамоҳу зимистони имсола ҷиҳати бунёди сардхонаҳои нав ва таъмиру тармими яхдонҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 34 сардхона бо иқтидори умумии 7980 тонна фаъолият доранд. Барои мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар ин сардхонаҳо захира намудани 6770 тонна маҳсулот пешбинӣ гардида, то санаи 1 - уми декабри соли ҷорӣ умуман 2013 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст, ки баробари 29,7 фоизи нишондиҳандаи дурнамо мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо сабзавоти тару тоза дар даври зимистону аввали баҳор ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳои мавҷуда ва бунёди гармхонаҳои нав бо истифода аз усулҳои му