Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ Шуморо, ба муносибати оғози фаъолиятатон дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Литва самимона табрик ва муборакбодӣ менамоям.

Мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Литва ҳавасманд монда, ба дурнамои онҳо назари некбинона дорем.

Изҳори умед менамоем, ки бо саъю эҳтимоми муштарак ҳамёрии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳад шуд.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти кориатон комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Литва орзумандам».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Литва Гитанас Науседа барқияи табрикӣ ирсол намуданд