Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

15.06.2019, шаҳри Душанбе

Муҳтарам Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум!

Имрӯз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои мо дорои аҳаммияти хосса мебошад, анҷом ёфт.

Дар ҷараёни музокирот, ки дар фазои самимият, эътимод ва дӯстӣ сурат гирифтанд, ба сатҳи бадастомадаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода шуд.

Дар баробари мубодилаи муфассали афкор оид ба доираи васеи масъалаҳои дуҷониба мо, ҳамчунин, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қорор доранд,   баррасӣ намудем.

Дар натиҷаи музокироти имрӯза маҷмӯи  нави санадҳо ба имзо расид, ки самтҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт. кишоварзӣ, инфрасохтор ва илму техника фаро мегиранд.

Дар ҷараёни мулоқот мо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, яксонӣ ё наздикии мавқеи ҷонибҳоро оид ба аксари мутлақи масъалаҳои калидии дуҷониба ва байналмилалӣ таъйид кардем.

Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ арсаи бунёдии шарикии мо мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҷалб намудани доираҳои соҳибкории Чин ба хотири рушди инфрасохтори индустриалӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ изҳори манфиатдорӣ намуд.

Ҷонибҳо оид ба идома додани мутобиқсозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ум  бо ташаббуси «Як камарманд — як роҳ» ва пешбурди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ изҳори азму омодагӣ карданд.

Дар ҷараёни музокирот ба масьалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Дар ин зимн мо нақши Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва Зеркомиссияро оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур чун василаҳои муҳимми доимоамалкунандаи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид кардем.

Хаҷми сармоягузории Чин ба Тоҷикистон, алалхусус, дар  соҳаҳои саноати маъдан ва нассоҷӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мунтазам  зиёд мегардад.

Чин сармоягузори бузургтарини мо маҳсуб меёбад.

Ҳаҷми умумии сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон алҳол зиёда аз 2,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Мо аз иштироки фаъоли соҳибкорони Чин дар фаъолияти минтақаҳои озоди Тоҷикистон ба хушӣ истиқбол менамоем.

Мубодилаи мол миёни кишварҳои мо соли гузашта тақрибан 2 миллиард долларро ташкил кард.

Ҷониби Тоҷикистон аҳаммияти татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва зерсохториро, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босурьат мусоидат мекунанд, зикр намуд.

Мо  ба роҳандозии истеҳсолоти муштарак оид ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ ва истихроҷи маъдан, диққати махсус додем.

Мавриди зикр аст, ки мо бо ҷаноби Раис имрӯз ба татбиқи лоиҳаи муҳим — бунёди биноҳои Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшидем.

Ҳамзамон бо ин, ҷониби Тоҷикистон  аҳаммияти ҳарчи зудтар ба истифода додани навбати аввали Корхонаи коркарди нафт бо иқтидори истеҳсолии 600 ҳазор тонна дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва оғози корҳои марбут ба татбиқи марҳалаҳои навбатии лоиҳаи маҷмааи нассоҷии «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил», ҳамчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони Маркази барқи ҳароратии 600-мегаваттаи «Фон-Яғноб» ва навсозии заводи алюминий  «Талко»-ро таъкид кард.

Мо, ҳамчунин,  масъалаҳои тавсеа додани ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармояҳо ба зерсохтори сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ намудем.

Ҷонибҳо азм карданд, ки ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи нақлиёт ва иртиботот  ба хотири эҷоди шароити мусоид барои боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, инчунин, бунёду  азнавсозии роҳҳои оҳану мошингард ва дигар навъҳои зерсохтори нақлиётӣ идома хоҳанд дод.

Имконоти ҳамкорӣ дар маҷмааҳои сӯзишвориву энергетикӣ, иктишофи геологӣ ва агросаноатии  Тоҷикистон мавриди мубодилаи афкор қарор дода шуданд.

Мо дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаи гидроэнергетика низ баррасӣ намудем.

Мо омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тавсеаи содироти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ таъкид кардем.

Ҷонибҳо роҳҳои таъмиқи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла дар арсаи илму маориф муҳокима намуданд.

Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи илм, инноватсия ва технологияҳо, ҳамчунин, тақвияти робитаҳо миёни муассисоти илмиву таҳқиқотӣ ва доираҳои академии ду кишвар, аз ҷумла доир ба тарбияву бозомӯзии мутахассисони ҷавон диққати махсус дода шуд.

Мо аз вазъи ҳамкорӣ дар арсаи рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода қаноатманд мебошем.

Дар  робита ба ин, мо ба ҷониби Чин барои кумаки техникӣ ба хотири таҳкими пояи моддиву техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон арси сипос менамоем.

Тоҷикистон ҳамкории  самарабахши худро бо Чин дар соҳаи амният муҳим медонад ва дар ин арса онро шарики боэътимод дар ин самт меҳисобад.

Байни мо ҳамкорӣ ба хотири мубориза бо «се шар (бадӣ)» — терроризм, ифротгарӣ ва ҷудоихоҳӣ, ҳамчунин,   ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо густариш меёбад.

Мо аз натиҷаҳои мусбати ҳамкориву ҳамдастии ҷонибҳо дар мавриди муқовимат ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ қаноатманд буда, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти босалоҳияти давлатҳоямонро дар ин арса ҷонибдорӣ менамоем.

Мо оид ба масъалаҳои мубраме, ки хислати минтақавию байналмилалӣ доранд, мубодилаи муффассали афкор доштем.

Тоҷикистону Чин дар ҷаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё вадигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.

Мо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳидро дар низоми муносиботи байналмилалӣ ва муҳим будани ҳамкориҳоро дар ҷаҳорчӯбаи сохторҳои бисёрҷониба, аз ҷумла ба хотири пешбурди раванди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё зикр кардем.

Тоҷикистон ҳамчун яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Созмони ҳамкории Шанхай ба тавсеаву такмили механизми фаъолияти ин созмон манфиатдор мебошад.

Мо минбаъд низ омодаем, ки ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро таҳким бахшем.

Хангоми муҳокимаву баррасии масъалаҳои мубрами вобаста ба  амнияти минтақавӣ қазияи Афғонистон дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Дар ин самт мо ба ҷонибдории саъю талоши муштарак ба хотири мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон изҳори назар кардем.

Мо минбаъд низ дар ҳамаи сатҳҳо тамосҳои зич хоҳем дошт ва оид ба масъалаҳои муносиботи дуҷониба ва мавзӯъҳои мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкорро идома хоҳем дод.

Бо истифода аз фурсат, мехостам муҳтарам ҷаноби Раисро бо ҷашни фаро расидаистодаи 70-умин солгарди таъсисёбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар сидқан табрику таҳният гуям ва ба мардуми дӯсти Чин  сулҳу субот ва рифоҳу ободӣ орзу намоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

 

ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон