Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ба амал омадани ҳолати фавқулода ҳангоми фуруди ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Шереметево, ки сабаби ҳалок шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон гардид, моро сахт андӯҳгин намуд.

Дар робита ба ин фоҷеа тасаллияти амиқи худро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Россия иброз намуда, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

 

Share