Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати пирўзиатон дар интихоботи Президенти Украина қабул фармоед.

Ба Шумо сиҳатии бардавому пирўзиҳои навин ва ба мардуми дўсти кишвари Шумо саодатмандиву рифоҳ ва шукуфоии рўзафзун таманно дорам.

Мардумони Тоҷикистону  Украинаро  анъанаҳои равобити нек, ҳусни таваҷҷуҳ ва кишварҳои моро ҳамкориҳои судманди гуногунҷанба дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба ҳам мепайванданд.

Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳоямон назари нек дорем.

Бо истифода аз фурсати муносиб изҳори итминон менамоям, ки бо талошҳои  муштарак муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Украина минбаъд низ бар манфиатҳои мардумони мо густаришу таҳким хоҳанд ёфт».

 

ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Украина Владимир Зеленский барқияи табрикӣ ирсол намуданд