Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму  ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба  ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: ПРЕЗИДЕНТ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд