Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари гуруҳи ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ Кардула Расточи - 21.05.2018 11:20
Амалиёти “Кӯкнор-2018” дар ду марҳила гузаронида мешавад - 21.05.2018 10:17
Таъсиси Ситоди вилоятии “Тобистон - 2018” - 21.05.2018 10:16
Шӯрои илмӣ-машваратӣ оид ба дарёфти истеъдодҳо, навоварон ва ихтироъкорони ҷавон дар вилояти Суғд таъсис ёфт - 21.05.2018 10:15
1 июн дар қаламрави вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад - 21.05.2018 10:13
Пешвои миллат ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Муъмин Қаноат изҳори тасаллият намуданд - 18.05.2018 20:58
Дар Дави миллӣ беш аз 96 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд - 20.05.2018 13:23
Дар ярмаркаи вилоятии ҷойҳои холии корӣ 1500 ҷойҳои корӣ пешниҳоди сокинон шуд - 19.05.2018 13:01
Баргузории марафони велосипедронӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят - 19.05.2018 12:41
Боздиди кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз вилояти Суғд - 18.05.2018 14:22

Низомномаи Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2018»

( 0 Овоз )

1. Муқаррароти умумӣ 

1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда - 2018» (минбаъд Озмун) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят гузаронида мешавад.

2. Ҳадаф ва вазифаҳои Озмун:

- ҳадаф пеш аз ҳама барои муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд;

- сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб;

- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон;

3. Ташкил ва таъмини баргузории Озмун ба уҳдаи шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят вогузор мешавад.

2. Шарт ва талаботи Озмун

4. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.

5. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои сайёҳӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бояд ҳадафи асосии маводи журналистиро ташкил диҳад.

3. Мавзӯъ ва номинатсияҳо

6. Иштироккунандагони Озмун дар мавзӯъ ва номинатсияҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

а) Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ:

-  рафти татбиқи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, муаррифии минтақаҳои гуногуни кишвари биҳиштосо, манзараҳои табиат, куҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ.

б) Масъалаҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ:

- эҳё, ташаккул, рушд ва истифодаи самарабахши ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи ҳунармандӣ ба мисли бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, рассомӣ, ҷалби бештари занону духтарон ба корҳои хонагӣ.

в) Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат:

- ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, ҷалби сармоя ҷиҳати рушди соҳаи саноат, фаъолияти мунтазами корхонаҳои хурди саноатӣ, самаранок истифода намудани иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, омӯзиши сабабу омилҳои корхонаҳои бозистода;

г) Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ:

- фаъолияти назаррас, дастовард ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ.

г) Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи байналмилалӣ(маводи чопиву интернетӣ ва видеоӣ).

7. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ;

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ;

- Маводи чопӣ ва интернетӣ;

8. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли  нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора  ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи радио ва телевизион бо пешниҳоди афзори CD/DVD ё ҒSV ба забони пахши барнома пешкаш гардад.

9. Ҳар як иштирокчии Озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд.  Дар Озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ   силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гуруҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад.

10. Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2018» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2018 то 1 октябри соли 2018 пахш ва ё нашр гардида бошад.

11. Муҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар Озмун  аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2018 муқаррар карда мешавад.

4. Талабот ба мавод

12.Маводи ба Озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин  нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешавад:

- аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;

- риояи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ;

- далелнокӣ, аслияти баён ва умқи  ифшои мавзӯъ;

- фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;

- истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил;

- аҳамияти амалии мавод;

- дақиқият, оммафаҳмии забони мавод  ва тарзи баён;

- муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;

- фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати  мавод  ба

меъёрҳои озмун.

13.Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои  тиҷоратӣ  дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи Озмун баррасӣ нахоҳанд шуд.

5. Тартиби ҷамъбасти Озмун

14. Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил мебошанд, ҷамъбаст мегардад.

15. Ҳайати  ҳакамон то 8 ноябри соли 2018  натиҷаҳои Озмунро ҷамъбаст менамояд.

16. Ғолибони Озмун бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ мешаванд.

17. Аъзои ҳакамон наметавонанд маводи худро ба Озмун пешкаш намоянд.

6. Тақдиронидани ғолибони Озмун

18. Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи 5 номинатсия барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ ғолибият дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:

 

Номгӯи номинатсияҳо

Маводи телевизионӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи радиоӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи чопиву интернетӣ ва  ҷойҳои ифтихорӣ

1.

Масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм   3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

2.

Масъалаҳои марбут ба рушди ҳунарҳои мардумӣ

 

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум  4000 сомонӣ

ҷои 2-  юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм  1500 сомонӣ

3.

Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат

 

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

4.

Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм  3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм  3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

5.

Муаррифии минтақаҳои сайёҳӣ ва анъанаву ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи байналмилалӣ (маводи чопиву интернетӣ ва видеоӣ)

 

 

ҷои 1-ум 5000 сомонӣ

 

 

 

ҷои 2-юм

4000 сомонӣ

 

 

 

ҷои 3-юм

3000 сомонӣ

 

19. Барои ҳавасмандкунии ҳайати ҳакамон, ки аз 10 нафар иборат аст 10 000 сомонӣ ҷудо карда мешавад.

20. Барои қадршиносии 3 нафар собиқадорони соҳа 3 000 сомонӣ ҷудо мешавад.

21. Ғолибони Озмун қаблан дар бобати таърих, ҷой ва вақти маросими супурдани  мукофотҳо хабардор карда мешаванд.

 

ШУМО ДАР: Озмунҳо Низомномаи Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2018»