Хабарҳо
Оғози мумфаршкунии роҳи Ғончӣ-Овчӣ дар ноҳияи Деваштич - 23.06.2017 11:07
Зиёдаравию исрофкорӣ амали мо нест! - 23.06.2017 09:41
Иди саиди Фитр рӯзи душанбеи 26 июн таҷлил мешавад - 23.06.2017 09:37
Супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - 22.06.2017 14:40
Дар доираи ярмаркаи байналхалқии савдо "Суғд-2017" конфронси «Суғд-мероси фарҳангӣ ва таърихии тамаддунҳои гуногун» баргузор шуд - 22.06.2017 13:50
Даврон Зоҳидзода муовини якуми раиси ноҳияи Спитамен таъин гардид - 22.06.2017 09:56
Мулоқоти адибони ваҳдатсаро бо сокинони ноҳияи Спитамен - 22.06.2017 09:54
Баргузории ярмарка таҳти унвони "Интихоби мутахассисони арзанда". 44 хатмкунанда соҳиби ҷойи кор шуданд - 22.06.2017 09:47
Баррасии вазъи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - 22.06.2017 09:44
Дар арафаи Иди Фитр ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ эҳтиёҷмандон аёдат шуданд - 22.06.2017 09:42

Низомномаи Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2017»

( 0 Овоз )

Низомномаи

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ

таҳти унвони «Хомаи созанда - 2017»

1. Муқаррароти умумӣ

1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ таҳти унвони «Хома созанда - 2017» (минбаъд Озмун) аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рӯзноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилоят гузаронида мешавад.

2. Ҳадаф ва вазифаҳои Озмун:

- ҳадаф пеш аз ҳама барои муайян намудани кормандони беҳтарини расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои ҳалталаб ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли он, инчунин ба мардум фаҳмонидани онҳо фаъолона ширкат меварзанд;

- саривақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб;

- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, баланд бардоштани нақш ва фаъолнокии аҳолӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон;

3. Ташкил ва таъмини баргузории Озмун ба ӯҳдаи шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят вогузор мешавад.

2. Шарт ва талаботи Озмун

4. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, новобаста аз шакли моликияташон иштирок карда метавонанд.

5. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бояд ҳадафи асосии маводи журналистиро ташкил диҳад.

3. Мавзӯъ ва номинатсияҳо

6. Иштироккунандагони Озмун дар мавзӯъ ва номинатсияҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

а) «Соли ҷавонон» ва масъалаҳои актуалии  ҷомеа:

-  тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷавонон, инъикоси дастовардҳои ҷавонони пешқадам ва нақши ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, дастгирии давлатии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунар, вазъ ва мушкилоти ҳаёти ҷавонон, тарғиби омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавондухтарон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ.

б) Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ:

- тақсимоти замини наздиҳавлигӣ, фаъолияти назаррас, дастовард ва мушкилоти хоҷагиҳои деҳқонии оилавию инфиродӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ, муносибати некхоҳона ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ.

в) Масъалаҳои марбут ба саноат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ:

- эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва атласу адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат;

- фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти меҳнатӣ;

г) «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ»:

- Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об, тарғиби сарфакоронаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ, инъикоси ҷараёни татбиқи Барномаи вилоятии «Соли 2017 – соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ», рафти таъмири хатҳои обтаъминкунӣ ва кашидани хатҳои нави обтаъминкунӣ, кофтани чоҳҳои амудӣ ва ҳавзҳои захиравӣ, вазъи таъминоти сокинон бо оби тозаи нӯшокӣ дар сатҳи маҳал.

7. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ;

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои радио;

- Маводи чопӣ ва интернетӣ;

8. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли  нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора  ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи радио ва телевизион бо пешниҳоди афзори CD/DVD ё ҒSV ба забони пахши барнома пешкаш гардад.

9. Ҳар як иштирокчии Озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд.  Дар Озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ   силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия барои иштирок дар озмун довталабӣ карда метавонад.

10. Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2017» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2017 то 1 октябри соли 2017 пахш ва ё нашр гардида бошад.

11. Мӯҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар Озмун  аз 1-ум то 20-уми октябри соли 2017 муқаррар карда мешавад.

4. Талабот ба мавод

12. Маводи ба Озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин  нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешавад:

- аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;

- риояи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ;

- далелнокӣ, аслияти баён ва умқи  ифшои мавзӯъ;

- фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;

- истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил;

- аҳамияти амалии мавод;

- дақиқият, оммафаҳмии забони мавод  ва тарзи баён;

- муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;

- фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати  мавод  ба меъёрҳои озмун.

13. Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои  тиҷоратӣ  дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи Озмун баррасӣ нахоҳанд шуд.

5. Тартиби ҷамъбасти Озмун

14. Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистон дохил мебошанд, ҷамъбаст мегардад.

15. Ҳайати  ҳакамон то 8 ноябри соли 2017  натиҷаҳои Озмунро ҷамъбаст менамояд.

16. Ғолибони Озмун бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ мешаванд.

17. Аъзои ҳакамон наметавонанд маводи худро ба Озмун пешкаш намоянд.

6. Тақдиронидани ғолибони Озмун

18. Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи 4 номинатсия барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ ғолибият дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:

Номгӯи номинатсияҳо


Маводи телевизионӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи радиоӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи чопӣ ва интернетӣ

Ҳамагӣ

1.

«Соли ҷавонон» ва масъалаҳои актуалии  ҷомеа

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм   3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

14000


10000


6000

2.

Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ



ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум  4000 сомонӣ

ҷои 2-  юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм  1500 сомонӣ

14000


10000


6000

3.

Масъалаҳои марбут ба саноат ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ


ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

14000


10000


6000

4.

«Соли 2017 -Соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ»

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм  3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм  3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

14000


10000


6000

19. Дар доираи Озмун 1 номинатсия барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ муқаррар карда мешавад.

1

Инъикоси дастовардҳои Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар расонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ


ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ



13000


Ҳамагӣ

52000

34000

34000

133000 сомонӣ


20. Барои ҳавасмандкунии ҳайати ҳакамон, ки аз 10 нафар иборат аст 10 000 сомонӣ ҷудо карда мешавад. 

21. Барои қадршиносии 3 нафар собиқадорони соҳа 3 000 сомонӣ ҷудо мешавад.

22. Ғолибони Озмун қаблан дар бобати таърих, ҷой ва вақти маросими супурдани  мукофотҳо хабардор карда мешаванд.

ШУМО ДАР: Озмунҳо Низомномаи Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Хомаи созанда - 2017»