Хабарҳо
Мастчоҳ: Дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад - 27.03.2017 10:15
Ифтитоҳи толори навбунёд дар мактаби №8 – и ноҳияи Ашт - 27.03.2017 10:14
Хатнасури хайриявии 30 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар Мастчоҳу Конибодом - 27.03.2017 10:10
Ифтитоҳи як қатор иншооти нав дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд - 25.03.2017 19:33
Наврӯзӣ дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 16:17
Иштирок дар барномаи консертӣ дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» - 25.03.2017 11:48
Оғози корҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар мавзеи Сомғори шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 11:38
Оғози кишти пахта дар хоҷагии ба номи Турсунбой Қӯшатови Ҷамоати деҳоти «Исмоил»- и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2017 08:45
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 24.03.2017 19:33
Шиносоӣ бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” - 24.03.2017 12:27

Низомномаи озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2015»

( 3 Овоз )
Низомномаи озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2015»

Низомномаи Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015

таҳти унвони «Хомаи созанда - 2015»

1. Муқаррароти умумӣ

1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хома созанда - 2015» (минбаъд Озмун) аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои рузноманигорон ва кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд гузаронида мешавад.

2. Ҳадаф ва вазифаҳои Озмун:

- дастгирии рузноманигорон, кормандони расонаҳои хабарии вилоят ва журналистони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла рушди иқтисодию иҷтимоии вилояту кишвар, тарғиби расму оин ва арзишҳои миллӣ фаъолона ширкат меварзанд;

- сари вақт хабардор кардани ҷомеа аз раванди рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона,  асосноки дигаргунсозӣ ва проблемаҳои дорои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои ҳалталаб;

- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии ҷавонон;

3. Ташкил ва таъмини баргузории Озмун ба ӯҳдаи шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят вогузор мешавад.

2. Шарт ва талаботи Озмун

4. Дар Озмун рӯзноманигорон аз расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок карда метавонанд.

5. Баррасии масъалаҳо вобаста ба пешравии вилоят дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳадафи асосии маводи журналистиро бояд ташкил диҳад.

3. Мавзӯъ ва номинатсияҳо

6. Иштироккунандагони Озмун дар мавзӯъ ва номинатсияҳои зерин метавонанд мавод пешниҳод намоянд:

Соли оила ва масъалаҳои актуалии  ҷомеа:

-  тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ.

7. Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ:

- азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ гардонидани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, дигаргуншавии муносибат ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ.

8. Масъалаҳои марбут ба саноат, нақлиёт ва роҳсозӣ:

- эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат;

- фаъолияти корхонаҳои хурди саноатӣ, пешравӣ ва мушкилоти мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занон ба фаъолияти меҳнатӣ;

- идомаи соли роҳҳои обод, рафти ободкориву  созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ.

9. Соли рушди фарҳанг ва гулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ аз қабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ ва меҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз ҷумла ба намудҳои миллии он - чавгонбозӣ, гуштингирӣ ва сохтмони иншооти варзишӣ.

10. Озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои телевизионӣ;

- Силсилаи гузориш ва барномаҳои радио;

- Маводи чопӣ ва интернетӣ;

- Таҳқиқоти журналистӣ (телевизион, матбуот, радио ва интернет);

- «Беҳтарин хабарнигор» (репортёр), «Беҳтарин навобардор» ва «Беҳтарин аккос»( телевизион, матбуот, радио, интернет).

11. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли  нусхаи саҳифаи рӯзнома ва сомона бо ишора  ба манбаъ ва санаи нашри мавод қабул карда мешавад. Маводи радио ва телевизион бо пешниҳоди афзори CD/DVD ё ҒSV, ҳамзамон бо нусхаи сенарияи  мавод ба забони пахши барнома бояд пешкаш гардад.

12. Ҳар як иштирокчии Озмун (ё гурӯҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 5 мавод  пешниҳод намояд.  Дар Озмун онҳое, ки давоми сол дар як мавзӯъ   силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт. Ҳар як рӯзноманигор ва гурӯҳи эҷодӣ танҳо аз рӯи як номинатсия ба мукофот довталабӣ карда метавонад.

13. Маводи журналистии ба Озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2015» пешниҳодшуда  бояд тавассути радио ва телевизион, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардида бошад.

14. Мӯҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар Озмун  то 20 октябри соли 2015 муқаррар карда мешавад.

4. Талабот ба мавод

15. Маводи ба Озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин  нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ карда мешаванд:

- аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;

- риояи меъёрҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ;

- далелнокӣ, аслияти баён ва умқи  ифшои мавзӯъ;

- фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;

- истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил;

- аҳамияти амалии мавод;

- дақиқият, оммафаҳмии забони мавод  ва тарзи баён;

- муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;

- фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати  мавод  ба меъёрҳои эълоншуда.

16. Маводи рекламавӣ ва маводи иттилоотие, ки бо шартҳои  тиҷоратӣ  дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи Озмун баррасӣ нахоҳанд шуд.

5. Тартиби ҷамъбасти Озмун

17. Озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи журналистӣ дохил мебошанд, ҷамъбаст мегардад.

18. Ҳайати  ҳакамон то 8 ноябри соли 2015  натиҷаҳои Озмунро ҷамъбаст менамоянд.

19. Ғолибони Озмун бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.

20. Агар ду ва зиёда иштирокдорон ғолиб дониста шаванд, Сипоснома ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ супурда, маблағи мукофот баробар тақсим карда мешавад.

21. Аъзои ҳакамон наметавонанд маводи худро ба Озмун пешкаш намоянд.

6. Тақдиронидани ғолибони Озмун

22. Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи 4 номинатсия барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ ғолибият дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:

Номгӯи номинатсияҳо

 

Маводи телевизионӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи радиоӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи чопӣ ва интернетӣ

Ҳамагӣ

1.

Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм   3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

14000

 

10000

 

6000

2.

Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ

 

 

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум  4000 сомонӣ

ҷои 2-  юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм  1500 сомонӣ

14000

 

10000

 

6000

3.

Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

14000

 

10000

 

6000

4.

Соли рушди фарҳанг ва гулҳо

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм  3000 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм  3000 сомонӣ

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

ҷои 1-ум 4000 сомонӣ

ҷои 2-юм 3000

ҷои 3-юм 1500 сомонӣ

14000

 

10000

 

6000

23. Дар доираи Озмун боз 2 номинатсия барои таҳқиқоти журналистӣ (новобаста аз шакли расона) ва ҳамчунин хабарнигор, наворбардор ва аккоси беҳтарин (новобаста аз шакли расона) муқаррар карда мешавад.

1

Таҳқиқоти журналистӣ

ҷои 1-ум 6000 сомонӣ

ҷои 2-юм 4000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

 

 

13000

2

1.Беҳтарин хабарнигор

2.Беҳтарин наворбардор

3.Беҳтарин аккос

1000 сомонӣ

 

1000 сомонӣ

 

1000 сомонӣ

 

 

 

 

3000

 

Ҳамагӣ

52000

34000

34000

136000 сомонӣ

24. Барои ҳавасмандии ҳайати ҳакамон, ки ба он 10 нафар шомиланд, 10 000 сомонӣ.

25. Ғолибони Озмун қаблан дар бобати таърих, ҷой ва вақти маросими супоридани  мукофотҳо хабардор карда мешаванд.

26. Супоридани мукофот ва сипосномаҳо ба ғолибон бо баргузории ҷаласа ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ барпо мегардад.

28. Рамзи Озмуни мазкур тасдиқ карда мешавад.

ШУМО ДАР: Озмунҳо Низомномаи озмуни вилоятии «Хомаи созанда - 2015»