Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Қарори Раиси вилоят дар бораи озмуни “Хомаи созанда” ба тасвиб расид

( 0 Овоз )
Қарори Раиси вилоят дар бораи озмуни “Хомаи созанда” ба тасвиб расид

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 12 марти соли 2015, №147 «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда – 2015» ба тасвиб расид.

Озмуни мазкур ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва нашри маводҳои баландпоя дар мавзӯъҳои аҳамияти махсусдошта, арзиши баланди иҷтимоидошта, дастгирии журналистони вилоят гузаронида мешавад.

Дар озмуни “Хомаи созанда” журналистон метавонанд, дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, ҷорӣ гардонидани технологияи муосир, усулҳои замонавии хоҷагидорӣ, таҷрибаи пешқадам, навовариҳо, дигаргуншавии муносибат ба истеҳсолот ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат, идомаи соли роҳҳои обод, рафти ободкориву  созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ, соли рушди фарҳанг ва гулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ аз қабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ ва меҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз ҷумла ба намудҳои миллии он - чавгонбозӣ, гуштингирӣ, сохтмони иншооти варзишӣ маводҳои таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардида бошад, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намоянд.

Барои мукофотонидани ғолибони озмуни “Хомаи созанда” 150 000 сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади инъикоси масоили мавҷудаи ҷомеа дар соли сипаришуда бо қарори Раиси вилоят аз 21 январи соли 2014 «Оид ба озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бахшида ба 20 – солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷи-кистон» озмуни беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014-ро таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» баргузор намуд ва дар озмун 45 нафар хабарнигорони расонаҳои хабарии вилоят, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии марказӣ намояндагӣ мекунанд, мавод пешниҳод намуданд ва озмун дар фазои тантанавӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида буд.

ШУМО ДАР: Озмунҳо Қарори Раиси вилоят дар бораи озмуни “Хомаи созанда” ба тасвиб расид