Хабарҳо
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 26.07.2017 14:25
Машварати кории назди Раиси вилояти Суғд - 25.07.2017 12:38
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ дар Конибодом - 25.07.2017 08:30
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад - 25.07.2017 08:29
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи 136 млн. 750,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд - 25.07.2017 08:28
Баргузории Фестивали «Бӯстон-2017» дар шаҳри Бӯстон - 25.07.2017 08:25
Боздиди кории Раиси вилоят аз водии Яғноб - 24.07.2017 15:13
Истаравшан. Беш аз 63 км роҳ ба маблағи 705,3 ҳазор сомонӣ таъмир ва мумфарш гардид - 24.07.2017 10:21
Бо мақсади тарғиби моҳияти мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат мулоқот доир шуд - 24.07.2017 10:19
Дар ноҳияи Мастчоҳ маҳфили “Кадбону” баргузор гардид - 24.07.2017 10:16

Қоидаи грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ дар соли 2014

( 0 Овоз )

Қоидаҳои

ҷудо намудани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ барои соли 2014

1. Қоидаҳои мазкур бо мақсади дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ таҳия гардидааст. Грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба занҳои ҳунарманд ва соҳибкор - шахсони алоҳидаи воқеие, ки лоиҳаҳои таҳия  намудаи онҳо бозгӯйи масоили умда буда, ба саҳми арзандаи занон дар рушди ҳунарҳои қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, фаъолияти соҳибкории онҳо дар ин самт ва сатҳи  баланди  эҷодӣ  мусоидат мекунанд, ҷудо карда  мешавад.

2. Дастгирии грантӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ аз 25 декабри соли 2007, ҳамчунин дастуру супоришҳо ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, дастуру супоришҳои Раиси вилоят зимни мулоқот бо занони ҳунарманд, аз ҷумла ҳунармандони қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» бармеояд.

3. Барои  татбиқи  фаъолият  оид ба дастгирии грантӣ Комиссияи грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят (минбаъд Комиссия) таъсис дода мешавад. Комиссия вобаста ба соҳаҳо ва минтақаҳо квотаро муайян  менамояд.

4. Ҳайати Комиссияи мазкур бо қарори Раиси вилоят тасдиқ карда мешавад. Фаъолияти Комиссия мутобиқи Қоидаҳои мазкур танзим карда мешавад. Комиссия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳисоботдиҳанда мебошад.

5. Тартиби ба расмият  даровардани лоиҳаҳои дархостӣ ва пешниҳоди иттилооти зарурӣ ҷиҳати иштирок дар озмун аз ҷониби Комиссия дар  воситаҳои ахбори умум нашр мегардад. Лоиҳаҳои дархостии ба Озмун пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссия дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ мегарданд.

6. Занони ҳунарманд ва соҳибкор - шахсони  алоҳидаи воқеии вилояти Суғд субъектҳои асосии татбиқи фаъолият оид ба дастгирии грантӣ мебошанд. Барои иштирок дар озмун ҳамчунин дархостҳои дастаҷамъонаи занҳои ҳунарманд, соҳибкор - шахсони алоҳидаи воқеии  вилояти Суғд, ки барои  гирифтани як грант довталаб мебошанд, қабул карда мешаванд.

7. Барои иштирок дар Озмун танҳо он занҳои ҳунарманд ва соҳибкор – шахсони алоҳидаи воқеии вилоят иҷозат дода мешаванд, ки фаъолияташон ба дастгирии рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ нигаронида шудааст.

8. Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок  дар Озмун  пас аз чопи эълони Озмун дар воситаҳои ахбори умум шурӯъ мегардад.

9. Иштирокчиёни Озмун лоиҳаи барномаҳоро мутобиқи намунаи дархости муқаррарнамудаи Комиссия, ки дар он шартҳо оид ба пешниҳоди лоиҳаи барномаҳо инъикос ёфтааст, пешниҳод менамоянд. Иштирокчиёни Озмун ба Комиссия лоиҳаи  барномаро мутобиқи намунаи дархостии муқаррарнамуда барои ҳунармандон - соҳибкорон,  шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Суғд, ки нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар мақомоти андоз будан, маълумот дар бораи фаъолияти анҷомдодаи соҳаи соҳибкорӣ, мактуби дастгирии бахши кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳоро доранд, пешниҳод  менамоянд.

10. Комиссия ҳуҷҷатҳоро ба таври инфиродӣ, дар мӯҳлати як моҳ аз лаҳзаи  қабул шуданаш баррасӣ менамояд. Шакли асосии фаъолияти комиссия тариқи ҷаласа сурат мегирад. Қарорҳои комиссия дар шакли протокол расмӣ карда мешавад. Ҷаласаҳои комиссия дар сурати иштироки аз 3 2 ҳиссаи аъзоёни он баргузоршуда ҳисобида мешавад. Мӯҳлати амалигардонии  ҳар  як  лоиҳаи барнома на камтар аз 6 моҳ муқаррар карда мешавад. Лоиҳаҳои дархостие, ки мутобиқи  намунаи дархостии муқарраргардида таҳия нашудаанд, барои  баррасӣ қабул  карда  намешаванд. Натиҷаи Озмун  дар маҷаллаю рӯзномаҳои вилоятӣ чоп карда мешавад.

11. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи барномаҳои занҳои соҳибкор – шахсони    воқеӣ, ки ба Озмун пешниҳод намудаанд ва аз он нагузаштаанд, баргардонида намешавад.

12. Дар байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва занҳои ҳунарманд, соҳибкор - шахсони воқеӣ, ки лоиҳаи барномаҳояшон дар Озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи барнома шартномаи тарафайн ба имзо мерасад, ки дар он ӯҳдадории тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа  муайян  карда  мешаванд.

13. Танҳо 30 дархости  беҳтарин маблағгузорӣ карда шуда, маблағи грант бо назардошти воқеии харҷнома муайян карда  мешавад. Баъди гузаронидани озмун ва муайян намудани ғолибони он рӯйхат бо назардошти натиҷаҳо, квотаҳои муқарраргардида ва тавсияҳои мавҷуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод мегардад.

14. Ҷудо намудани грантҳо мутобиқи нақшаи хароҷотии пешниҳодшудаи лоиҳаи  барнома  оид  ба иҷрои  ин ё он фаъолият сурат мегирад. Масъалаҳои вобаста ба гузаронидани Озмун ва ҷудо намудани  грантҳо, ки тибқи  ҳамин қоидаҳо  танзим мегарданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муқаррар карда мешаванд.

15. Харҷи  мақсадноки грантҳои ҷудошуда  ва мониторинги  онҳо  аз  ҷониби шӯъбаи кор  бо  занон  ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят ва Сарраёсати молияи вилоят анҷом  дода  мешавад.

ШУМО ДАР: Озмунҳо Қоидаи грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ дар соли 2014