Хабарҳо
Ба таваҷҷӯҳи кормандони расонаҳои хабарӣ! - 22.02.2017 10:08
“Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар”- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ - 22.02.2017 09:31
Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯён дар шаҳри Душанбе - 22.02.2017 09:27
Мусобиқаи вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми “Бойчечак” ба анҷом расид - 22.02.2017 09:24
Абдураҳмон Қодирӣ қарор дар бораи гузаронидани озмуни “Хомаи созанда-2017” –ро имзо намуд - 22.02.2017 09:23
Хуҷанд. Соҳибкорони муваффақи соли 2016 бо Сипосномаи мақомоти иҷроия қадршиносӣ шуданд - 22.02.2017 08:19
Бӯстон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ стипендияи раиси шаҳрро дарёфт мекунанд - 22.02.2017 08:15
25 феврал ярмарка - фурӯши ниҳол ва гулу гулбуттаҳо баргузор мешавад - 22.02.2017 08:12
Баргузории Чемпионати кушоди шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ WKF бахшида ба “Соли ҷавонон” - 21.02.2017 13:23
Ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар Ашт - 21.02.2017 13:21

Низомномаи озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014»

( 0 Овоз )

НИЗОМНОМАИ

Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014

таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа»

1. Муқаррароти умумӣ

1. Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи  журналистӣ дар соли 2014 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар ҳамдастӣ бо бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барои расонаҳои хабарӣ ва кормандони васоити ахбори оммаи вилояти Суғд гузаронида мешавад.

2. Ҳадаф ва вазифаҳои Озмун чунинанд:

- дастгирии журналистон ва кормандони расонаҳои хабарии вилоят, қаламкашони ҷавон, ки дар инъикоси масъалаҳои мубрами рӯз ва арзишҳои баланди иқтиисодию иҷтимоидошта фаъолона ширкат меварзанд.

- сари вақт иттилоонии ҷомеа бо равандҳои рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона ва асосноки дигаргуниҳои ҳамарӯза ва проблемаҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон ҷалби таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои доғи рӯз.

- ташаккули мавқеи фаъоли ҳаётӣ ва таъмини иштироки аҳли ҷамоатчигӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии вилоят ва кишвар. Нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон.

3. Ташкил ва таъмини усулии баргузории Озмун ба ӯҳдаи  бахши Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон дар вилояти Суғд  ва шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят вогузор мешавад.

2. Шартҳои Озмун

4. Дар Озмун хабарнигорони расонаҳои хабарии вилояти Суғд, инчунин журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии марказӣ намояндагӣ мекунанд, ширкат меварзанд.

5. Дар Озмуни мазкур масъалаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегирад. Аз ҷумла, журналистон маводи худро бо мавзӯъҳои зерин метавонанд пешниҳод намоянд.

6. Масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзӣ: азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди сохтори хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, соҳиби ҳақиқии замин гардидани деҳқонон, масъалаҳои марбут ба пешрафти соҳаи  кишоварзӣ, аз ҷумла, навовариҳо, усулҳои замонавии хизматрасонии кишоварзӣ ва муносибат ба кор, ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии кишоварзӣ.

7. Масъалаҳои марбут ба саноат, нақлиёт ва роҳсозӣ:

- эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ. Ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ, навоварӣ дар риштаи саноат ва иқтисод.

- корхонаҳои хурди саноатӣ ва проблемаҳои он. Вазъияти ҷойҳои холии корӣ. Ҳалли муаммоҳои гендерӣ.

- «Соли 2014 - соли роҳҳои обод». Рафти ободкориву  созандагӣ, саҳми бештари соҳибкорон ва аҳолӣ дар роҳсозӣ, корҳои таъмиру тармими роҳҳо.

8. Масъалаҳои актуалии  ҷомеа.

- худкушӣ, фавти модар дар вақти таваллуд, кӯдакони то яксола, проблемаҳои соҳаи маориф, тарбия ва таълим, масъалаҳои фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, занон ва монанди инҳо.

9. Ба Озмун чунин намуди мавод роҳ дода мешаванд:

  • Силсилаи гузоришҳо ва барномаҳои телевизионӣ;
  • Силсилаи гузориш ва барномаҳои радиоӣ;
  • Маводи иттилоотӣ бо истифодаи ҷанрҳои гуногун, аз ҷумла  мақолаҳои таҳлилӣ дар воситаҳои ахбори оммаи  чопӣ ва нашрияҳои интернетӣ.

10. Маводи чопӣ ва интернетӣ дар шакли  парвандаҳои электронӣ  (бо ишора  ба манбаъ ва санаи нашри мавод) қабул карда мешаванд. Маводи радио ва телевизионӣ  бошанд, бояд  дар афзорҳои CD/DVD ё ҒSӣ, ҳамзамон бо сенарияи  мавод ба забонҳои дахлдори барнома пешкаш карда мешаванд ва бо унвони «Ба озмуни «Инсон, замон  ва ҷомеа»» нашр мегарданд.

11. Ҳар як иштирокдори Озмун (ё гуруҳи эҷодӣ) бояд на кам аз 10 мавод  пешниҳод намояд. Дар Озмун онҳое, ки дар як мавзӯъ  дар давоми сол силсиламавод омода кардаанд, бартарӣ хоҳанд дошт.

12. Маводи журналистӣ бо унвони «Ба озмуни «Инсон, замон ва ҷомеа»» пешниҳод шуда,  бояд тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион, шабакаи Интернет дар марҳилаи аз 1 январи соли 2014 то 1 ноябри соли 2014 нашр ва ба оммаи васеъ дастрас шуда бошад.

13. Мӯҳлати пешниҳоди ариза барои иштирок дар озмун  то 7 ноябри  соли 2014 муқаррар карда мешавад.

3. Талабот ба мавод

14. Маводи ба Озмун пешниҳодгардида аз рӯи чунин  нишондиҳандаҳо баҳогузорӣ мешаванд:

  • аҳамият ва арзиши иҷтимоии маводи журналистӣ;
  • далелнокӣ, аслияти баён ва умқи  ифшои мавзӯъ;
  • фарогирӣ ва пуррагии инъикоси масъалаҳо;
  • истифодаи самарабахши иттилооти муқоисавӣ, арқоми оморӣ ва таҳлил;
  • аҳамияти амалии мавод;
  • дақиқият ва оммафаҳмии забони мавод  ва тарзи баён;
  • муносибати ҳирфаӣ ба омода намудани мавод, малакаи дарёфти навоварӣ ва ҷанбаҳои аҷоиби мавзӯи инъикосшаванда;
  • фардияти муаллиф ҳангоми таҳияи мавод ва мутобиқати  мавод  ба меъёрҳои эълоншуда;

15. Маводи рекламавӣ, инчунин маводи иттилоотие, ки бо шартҳои  тиҷоратӣ  дар ВАО ба нашр расидаанд, ҳамчун маводи Озмун баррасӣ нахоҳанд шуд.

4. Тартиби ҷамъбасти Озмун

16. Барои ҷамъбасти Озмун дар асоси қарори Раиси вилоят Ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи журналистӣ дохил мешаванд, таъсис мегардад.

17. Ҳайати  ҳакамон то 8 ноябри соли 2014  натиҷаҳои Озмунро ҷамъбаст менамояд.

18. Ғолибони Озмун бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.

19. Агар ду ва зиёда иштирокдорон ғолиб дониста шаванд, Сипоснома ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ супурда, маблағи мукофот баробар тақсим карда мешавад.

20. Аъзои ҳакамон наметавонад маводи худро ба Озмун пешкаш намояд.

1. Тақдиронидани ғолибони Озмун

21. Дар доираи Озмун барои ғолибон аз рӯи 3 номинатсия  (банди 5) барои маводи телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ ва интернетӣ дар алоҳидагӣ муқаррар карда мешавад:

Номгӯи номинатсияҳо

 

Маводи телевизионӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи радиоӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ

Маводи чопӣ ва интернетӣ

Ҳамагӣ

1.

Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ

 

 

I.   7000

II.  5000

III. 3000

I.   4500

II.  3000

III. 1500

I.   4500

II.  3000

III. 1500

16000

11000

6000

2.

Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ

I.   7000

II.  5000

III. 3000

I.   4500

II.  3000

III. 1500

I.   4500

II.  3000

III. 1500

16000

11000

6000

3.

Масъалаҳои актуалии ҷомеа

I.   7000

II.  5000

III. 3000

I.   4500

II.  3000

III. 1500

I.   4500

II.  3000

III. 1500

16000

11000

6000

 

Ҳамагӣ

45000

27000

27000

99000

22. Ғолибони Озмун қаблан дар бобати таърих, ҷой ва вақти маросими супоридани  мукофотҳо хабардор карда мешаванд.

23. Супоридани мукофотҳо ва сипосномаҳо ба ғолибон ба муносибати ҷашни 20 солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазъияти тантанавӣ барпо мегардад.

ШУМО ДАР: Озмунҳо Низомномаи озмуни вилоятии «Беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2014»