Кор бо занон ва оила

( 0 Овоз )

Ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд.

Имрўз аз 1 миллиону 332,9 нафар занону духтарони вилоят 7678 нафарашонро занони роҳбарикунанда ва 1267 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳад.

Алҳол, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд, 99 нафар ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва 543 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд, ки нисбат ба интихоботи солҳои пешин ин теъдод зиёд мебошад.

Дар вилоят 6 нафар занон дорои унвони баланди Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, 236 қаҳрамонмодар, 561 нафар сазовори ордену медалҳо, 153 барандагони унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 дорандаи “Медали шоиста”, 16нафар докторони илм, 308 нафар номзадони илм, 139 нафар варзишгарони номдор мебошанд.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар вилоят теъдодиом=згорони зан дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 1908 нафар буда, аз онҳо 233 нафарашон дар вазифаи роҳбарӣ фаъолият мебаранд, магистрантон 1204 нафар, аз ҷумла, 390 нафар духтар ва 39 нафар аспирантон мебошанд.

Аз ҷумла, 46 нафар гирандагони идрорпулии (стипендия) Президентӣ, 97 нафар гирандагони идрорпулии Раиси вилоят аз ҳисоби занону ҷавондухтарони болаёқату фаъол мебошанд.

Қобили зикр аст, ки ҷиҳати ҷудо намудани квота барои духтарон дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, давоми соли 2019 аз 39897 нафар донишҷўдухтарони дар донишгоҳҳои олӣ таҳсилкунанда 516 нафарро донишҷўдухтарони тариқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ташкил дода, 75 нафарашон ятимдухтарони кул мебошанд, ки онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ройгон таҳсил менамоянд.

Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.

Соли 2019 12 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят соҳиби Гранти Президентӣ гардиданд.

Тибқи қарори Раиси вилоят аз 30 апрели соли 2019, №215 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019» 60 адад грантҳои Раиси вилоят, аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ пешбинӣ гардида, ба 60 нафар бонувони ҳунарманди вилоят супорида шуд.

Share