Обёрӣ ва беҳдошти замин

( 0 Овоз )

Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд дар соли 2019 бобати омода намудани воситаҳои асосӣ ба мавсими обёрӣ дар ҳамбастагӣ бо идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар мавсими соли 2019 бо дастгирии роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва таваҷҷўҳи бевоситаи Раиси вилоят ба рафти омодагӣ таккони ҷиддӣ бахшид. Дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардида буданд, дар мадди назар қарор дода шуда, чораҳои мушаххас роҳандозӣ карда шудаанд.

Соли 2019 ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасон бо таваҷҷўҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷетӣ вилоят ҷудо гардидани 5,4 млн. сомонӣ маблағ, аз он ба ноҳияи Зафаробод – 1,3 млн. сомонӣ, ноҳияи Мастчоҳ – 1,0 млн. сомонӣ, ноҳияи Ашт - 900 ҳазор сомонӣ, шаҳри Панҷакент-700 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷаббор Расулов - 400 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 400 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - 700 ҳазор сомонӣ барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими соли 2019 мусоидат намуд.

Дар давраи ҳисоботи бевосита бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман қубури баландфишори пойгоҳҳои обкашии Деҳмой-4 ба масофаи 340 м иваз карда шуд. Пойгоҳи обкашии мазкур санаи 30 марти соли 2019 ба кор дароварда шуда, барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ  ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои  минтақаи Рухаки ҷамоати деҳоти  Деҳмои ноҳияи Ҷаббор Расулов мусоидат менамояд.

Дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  пойгоҳи обкашии ба номи Исмоил Коҳиров  ва Рухак-2 аз таъмир бароварда шуда,  қубури баландфишори қутраш 300 мм дар пойгоҳи обкашии Рухак-2 ба масофаи  630 метр иваз карда шуда, дастгоҳи обкашии  290/30 – 2 адад бо муҳаррики барқии 40кВт/соат 2 адад харидорӣ шуда васлу насб карда шуд. Ғайр аз он 10 тонна сузишвории дизелӣ ва 500 литр равғани трансформатори дастрас карда шуд, ки барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ  ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои  минтақаи Рухаки ҷамоати деҳоти  Ғозиёни  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  мусоидат намуд.

Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, аксари идораҳо ва ташкилотҳои зертобеъи раёсат ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки дар мавсими гузашта ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасонӣ корбарӣ  шуда, дар аксарияти идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо корҳои таъмиру тармим ба пуррагӣ ба итмом расонида шуданд.

Дар миқёси вилоят  тибқи нақша аз 437 адад дастгоҳҳо 437 адад ба пуррагӣ омода карда шудаанд, ки 100 фоизро дарбар мегирад.

Дар соли 2019 ба миқдори 1600,2 млн. м3 ва бо арзиши 32056,0 ҳазор сомонӣ обрасонӣ карда шуда, аз ҷониби истифодабарандагони об ба ҳолати 30 декабри соли 2019 – 24417,8 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 76,0%-ро ташкил медиҳад.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Соҳаҳо Обёрӣ ва беҳдошти замин