Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

( 0 Овоз )

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.

Дар  соли 2019 тибқи қарорҳои   Раиси  вилоят  аз   3 январи соли 2019, № 01, 02, 03 ва 04 ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони барқароркунии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни оилаҳои ҷанговарони дар ин ҷангҳо ҳалокгардида ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд ҳар моҳ ба андозаи 80 сомонӣ, ба маъюбони Артиши Шўравӣ ҳар моҳ ба андозаи 100 сомонӣ, ба маъюбони бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқӣ–атомии Чернобил кўмакпулии ҳармоҳа ба андозаи 80 сомонӣ пардохт карда шуд.

Дар асоси қарорҳои болозикр барои моҳи январ-декабри  соли 2019 ҳамагӣ ба маблағи 1 миллиону 593 ҳазору 700 сомонӣ  кўмакпулӣ пардохт гардид.

Тибқи Низомномаи нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирандагони ин намуди нафақа дар ду сол як маротиба ҷубронпулӣ барои роҳхатҳои истифоданашуда ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 1100 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Давоми  соли 2019 ба 295 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 324500 сомонӣ маблағи ҷубронпулӣ ворид ва пардохт гардид.

Дар соли 2019 аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба 56  нафар, аз ҷониби  шуъбаи «Оперейшн Мерсӣ» дар шаҳри Хуҷанд ба 95 нафар ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ба 59 нафар, ҳамагӣ ба 210 нафар маъюбони эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Дар ин давра 175 нафар бо ассо, 46  нафар бо ассобағал, 13 нафар бо роҳравак, 34 нафар бо ассои оринҷӣ, 19 нафар бо ассои нобиноӣ, 51 нафар бо дастгоҳи шунавоӣ, 600  нафар бо пойафзоли махсус ва ортопедӣ, 148 нафар бо протез таъмин гардиданд ва инчунин протези пой ва дасти 271 нафар таъмир карда шуда, дар маҷмуъ ба 1597 нафар маъюбон хизмат расонида шуд (ҷадвали № 6 замима гардидааст).

Дар рўзҳои таҷлили Иди Наврўз ба зиёда аз 7 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва шахсони ниёзманд ба маблағи зиёда аз 802 ҳазор сомонӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Бахшида ба муносибати 74-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 67 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 335000 сомонӣ кўмакпулии яквақта пардохт карда шуд. Ҳамзамон бо қарори Раиси вилоят аз 25 апрели соли 2019, №183 «Дар бораи расонидани кўмаки яквақтаи моддӣ ба муносибати 74-солагии Рўзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ба 76 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба маблағи 152000 (яксаду панҷоҳу ду ҳазор) сомонӣ, ба 368 нафар шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на камтар аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд ба маблағи 552000 (панҷсаду панҷоҳу ду ҳазор) сомонӣ кўмакпулии яквақта пардохт карда шуд. Ҳамзамон дар асоси қарори Раиси вилоят қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расидааст, ки дар асоси он ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардида ба маблағи умумии 59900 (панҷоҳу нўҳ ҳазору нўҳсад) сомонӣ ва шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ меҳнат намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми арзанда гузоштаанд ва ба подоши он бо ордену медалҳои Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардидаанд, ба маблағи умумии 85200 (ҳаштоду панҷ ҳазору дусад) сомонӣ кўмакпулиҳои яквақта пардохт карда шудааст.

Санаи 6 июли соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Қасри маданияти Арбоб» Рўзи маъюбон бо иштироки зиёда аз 250 нафар маъюбон таҷлил гардид. Ҳамагӣ барои таҷлили Рўзи маъюбон дар вилоят зиёда аз 254259 сомонӣ маблағ харҷ гардид.

Ба муносибати Иди Рамазон ба мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабҳо барои бачаҳои ятим ва маъюб, хонаҳои кўдакон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд. Санаи 31 майи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар чорабиниҳои идонаи  муассисаҳои иҷтимоии вилоят иштирок намуданд. Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва корхонаю ташкилотҳои сарпараст барои 1879  нафар бошандагони хона-интернатҳои маъюбон ва пиронсолон, тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаҳои кўдакони вилоят дастурхони идона ороста шуда, маводҳои хўрока, тўҳфаҳо ба маблағи зиёда аз 90 ҳазор сомонӣ дастрас намуданд.

Ҳамзамон бо дастгирии соҳибкорон ба эҳтиёҷмандони шаҳру ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Спитамен, Панҷакент, Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров 10 адад аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.  Инчунин аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба 17 нафар маъюбони эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ дастрас гардид.

Тибқи маълумотҳо дар арафа ва рўзи таҷлили Иди Рамазон ба зиёда аз 80554 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва шахсони ниёзманд ба маблағи зиёда аз 12 миллиону 277 ҳазор сомонӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Дар арафа ва Рўзи  Ваҳдати миллӣ ба зиёда аз 2500 оилаҳои ниёзманди вилоят ба маблағи зиёда аз 233 ҳазору 532 сомонӣ  кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Дар арафа ва рўзи таҷлили Иди Қурбон ба зиёда аз 26 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва шахсони ниёзманд ба маблағи зиёда аз 5 миллиону 334 ҳазор сомонӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Дар арафаи таҷлили 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоят ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 300 нафар ятимони кулли шаҳру ноҳияҳои вилоят кўмакпулии яквақта ба маблағи 1000 сомонӣ ба ҳар яке, ҷамъ 300 ҳазор сомонӣ дастрас гардид. Инчунин ба зиёда аз 10 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, сарбозони  қисмҳои ҳарбӣ, оилаҳои камбизоат, ятимон ва шахсони ниёзманд ба маблағи зиёда аз 644 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд.

Санаи 1 октябри соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷумла, дар муассисаҳои иҷтимоии рўзона ва будубоши доимӣ Рўзи кўҳансолон таҷлил гардид. Бахшида ба ин рўз 393 нафар шахсони кўҳансол аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сарпарастони шаҳру ноҳияҳо аёдат карда шуда, ба маблағи зиёда аз 32568 сомонӣ кўмакҳо расонида шуд.

Санаи 15 октябри соли 2019 Рўзи Асои сафед дар вилоят таҷлил гардид.  Дар асоси қарори Раиси вилоят ба 1753 нафар маъюбони гурўҳи I аз рўи нобиноӣ 525900 сомонӣ, ба ҳар яке 300 сомонӣ кўмакпулии яквақта расонида шуд.

Дар арафа ва Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту идораҳо, соҳибкорону саховатмандон аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоат ва аз ду  зиёд маъюбдошта, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба ҷо оварда шуда, ба маблағи зиёда аз 302 ҳазор сомонӣ  кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят Рўзи байналхалқии маъюбон таҷлил гардид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарпарастону саховатмандон зиёда аз 1516 нафар маъюбони эҳтиёҷманд аёдат шуда ба онҳо маводҳои хўрока, сўхт, сару либос  ба маблағи 160796 сомонӣ дастрас гардид.

Дар маҷмўъ дар рўзҳои таърихӣ ва идҳо ба собиқадорон, бошандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят ва ба дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ  ба маблағи зиёда аз 21 миллиону 311 ҳазору 792 сомонӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шудааст.

Share