Фарҳанг

( 2 Овоз )

Раёсати фарҳанги вилояти Суғд бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташро ба роҳ монда, баҳри тарбияи фарҳангиву маънавии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар вилояти Суғд 650 муассисаҳо, аз ҷумла 1 Раёсати фарҳанги вилоят, 1 Маркази илмӣ-методии назди Раёсати фарҳанги вилоят,  362 китобхона, 133  муассисаҳои клубӣ, 6 клуби сайёр, 94 қасрҳо, кохҳо ва хонаҳои фарҳанг, 1 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 Осорхонаи таърихии вилоят, 9 осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ, 4 осорхонаҳои шахсӣ дар шаҳри Исфара,  6 Хона-осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳо,  2 адад Маҷмааи фарҳангӣ, 1 Амфитеатр, 1  маркази фарҳангӣ- фароғатӣ, 21 боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7  театри касбӣ, 4  ансамбли тарона ва рақс,  2  филармонияи халқӣ,  30 мактабҳои бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли шашмақом, 2 гурўҳи ҳаҷвӣ, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли “Фалак”, 1 ансамбли дойранавозон, 1 ансамбли карнайнавозон, 17 ансамбли рақсӣ, 6  ансамбли эстрадӣ, 2 студияи сабти овоз, 2  радиои маҳаллӣ, 1  телевизиони маҳаллӣ фаъолият бурда, 1291 ёдгориҳои таърихӣ  ба қайд гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои фарҳангии вилоят бахшида ба санаҳои таърихӣ, рўзҳои ҷашн, аз қабили Соли нав, Рўзи Артиши миллӣ, Рўзи Модар, Наврўзи байналмилалӣ, Иди Ғалаба, Рўзҳои оила, ҷавонон, муҳофизати кўдакон, Ваҳдати миллӣ, табибон, варзишгарон, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи омўзгорон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва оид ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” оид ба “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм”  силсилаи чорабиниҳо, вохўриву сўҳбатҳо, баромади дастаҳои ҳаваскорони санъати бадеӣ, намоиши театрикунонидашуда, мизи мудаввар, конфронсу семинарҳо, намоиши китобию матбуотӣ, намоиши асарҳои рассомон, барномаҳои консертӣ  ташкил ва гузаронида шуданд.

Ҳунармандони театрҳои касбии вилоят дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту-2019”, ки аз санаи 15 то 22 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардид, бо намоишномаҳои ҷолиб фаъолона иштирок намуданд. Ҳунармандони Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо намоишномаи “Камоли Хуҷандӣ”, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров бо намоишномаи “Пораи дили модар”, Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи  Ашт бо намоишномаи “Мардикорон”, Театри давлатии мусиқии драмавии ба номи  Тўҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бо намоишномаи “Қорӣ-ишкамба”, Театри давлатии  драмавии русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бўстон бо намоишномаи  “Тақдир”, Театри давлатии драмавии ўзбекии ба номи Шукур Бурҳонови ноҳияи Спитамен бо намоишномаи “Ҳаммоли Азроил” ва Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон бо намоишномаи “Зумрад ва Қимат”  ширкат варзида,  ҷойҳои  намоёнро ишғол намуданд. Аз байни театрҳои касбии вилоят ҷойи якум ба Театри давлатии драмавии ба номи Тўҳфа  Фозиловаи шаҳри Конибодом ва ҷойи сеюмро Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров соҳиб гаштанд. Номенатсияи “Беҳтарин театри лўхтак дар ҷумҳурӣ”  ба Театри давлатии лўхтаки шаҳри Бўстон насиб гардид.

Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Т.Асирӣ давоми  соли 2019 1175 чорабиниҳои мухталиф, аз қабили 338 намоиши китобию матбуотӣ, 91 вохўрӣ, 174 сўҳбатҳо, 6 озмун, 20 маҳфили дўстдорони китоб, 50 муаррифии китоб, 44 картотекаи мавзўгӣ, 5 конфронс, 54 маҳфилҳо,  22 лавҳаҳо, 167 хулосаи китобшиносӣ, 45 рўйхати тавсиявӣ, 60 гўшаи тарғиботӣ бо иштироки 75 ҳазору 718 нафар доир гардид. Дар китобхонаи мазкур 167 ҳазор маводҳо дар шакли электронӣ мавҷуд буда, аз он миқдор 37,164  ҳазорашро китобҳо ташкил медиҳад.

Дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ давоми соли равон 117 чорабиниҳои мухталиф  аз қабили 8  вохўрӣ, 19 сўҳбат, 14 маҳфил, 13 намоиши китобӣ, 5 субҳи адабӣ, 1 конфронси хонандагон, 10 саёҳат ба китобхона, 1 семинар, 6 лавҳа, 8 маҷаллаи шифоҳӣ, 4 ҷувздони мавзўгӣ, 1 баргакҳои мавзўӣ, 15 хулосаи китобшиносӣ, 1 озмуни “Шукўҳихонӣ”, озмуни “Шукуфаҳои истиқлол”,  4  рўйхати тавсиявӣ, 2 хониши баланд, 2 озмуни “Библиомарафон”, 1 маҳфили “Камолхонӣ”, озмуни “Китобдори сол” ва 1 маҳфили  “Шукўҳихонӣ”  бо иштироки  4961   нафар доир гардиданд. Махзани адабиёт 69197 адад буда, шумораи хонандагон 3258 нафарро ташкил намуда, нуқтаи китобдиҳӣ 5 адад мебошад.

Дар вилоят  30 мактабҳои бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 5 театри халқӣ, 2 филармонияи халқӣ, 11 ансамблҳои шашмақомхонон, 2 ансамбли фалак, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 20 ансамбли рақсӣ, 1 ансамбли карнайнавозон, 1 ансамбли ҳаҷвӣ, 1 ансамбли дойранавозон, 1 ансамбли карнайнавозон, 6 ансамбли эстрадӣ, 1 оркестри нафасӣ, 1 оркестри камеравӣ, 3 ансамбли созҳои миллӣ фаъолият мебаранд.

Барои наврасону ҷавонон ба маҳфилҳои гуногун ва ҷалби онҳо ба ҳунаромўзӣ  дар назди мактабҳои санъат, мусиқӣ, рассомии бачагона ва муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳфилҳои амалкунанда, аз қабили дўзандагӣ, бофандагӣ, рассомӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, ровиён, рақс, фолклорӣ, дойра, карнай, шашка ва шоҳмот, ҳунарҳои мардумӣ, забономўзӣ ва ғайраҳо фаъолият мебаранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон  аз омўзгорони ботаҷриба  дарси маҳорату ҳунар омўхта истодаанд.  Шумораи маҳфилҳо дар муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми соли 2019  848 адад буда, фарогири 9 331 нафар шавқмандон мебошанд. Минбаъд низ дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, ҳамчунин қаср, клуб ва хонаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилоят шумораи маҳфилҳо зиёд карда мешаванд.

Дар вилоят 11 ансамблҳои шашмақомхонон (шаҳрҳои Хуҷанд бо номи “Нури Хуҷанд”, Бўстон, Конибодом, Истаравшан бо номи “Шашмақомхонони Истаравшан”, Панҷакент бо номи “Навои Панҷакент”, Исфара, ноҳияҳои Зафаробод бо номи “Навои дил”, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов бо номи “Нури ниёгон”) фаъолият дошта, аз ин миқдор 2 ансамбли шашмақомхонон дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Деваштич худфаъолият мебошанд. Барои рушд ва инкишофи санъати фалаксароӣ дар вилоят 2 ансамбли фолклорию этнографии “Фалак” дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон амал менамоянд.

Дар ҳудуди вилоят 21 Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дошта, дар Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 аттраксион, 62 чархофалакҳои хурду калони гуногун, 9 лимпопо, 25 тақвияти овоз, 2 нақлиёти хизматӣ ба мардум хизмат мекунад.

Дар ҳудуди вилояти Суғд 1 Осорхонаи ҷумҳуриявӣ, 1 Осорхонаи таърихии вилоят, 9 осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, 4 осорхонаҳои шахсӣ дар шаҳри Исфара ва 6 Хона-осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  фаъолият доранд.

Дар  Фонди осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят 48523 адад нигораҳо мавҷуд буда, аз осорхонаҳо 91515 нафар тамошобинон дидан намуданд.  Дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба рўзҳои ҷашн 1512 чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ, аз қабили  вохўриву сўҳбатҳо, мизи мудаввар, лексияҳо, конфронсҳо, намоишҳо бо иштироки таърихчиён, олимон, мутахассисони соҳа ва омўзгорони фанни таърихи муассисаҳои олии вилоят гузаронида шуда, 2175 сайри илмӣ гузаронида шуд.

Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилоят 42022 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварда, аз таъриху тамаддуни тоҷикон бархўрдор гардиданд.

Share