Хабарҳо
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуд - 27.10.2021 11:53
Ифтитоҳи иншооти варзишӣ дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:17
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:19
Ифтитоҳи бинои Стансияи ёрии таъҷилӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент - 26.10.2021 15:34
Дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар беш аз 100 гектар бунёди боғу токзор ба нақша гирифта шудааст - 26.10.2021 16:26
Панҷакент. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 26.10.2021 16:04
Шиносоӣ бо сохтмони меҳмонхона ва бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ - 26.10.2021 15:55
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва тарабхона дар деҳаи Сӯҷина - 26.10.2021 15:47
Панҷакент. Ба бунёди бинои маъмурии ҲХДТ ва қасри варзиш санги асос гузошта шуд - 26.10.2021 15:46
Дар корхонаи муштараки “Зарафшон” баъд аз таҷдид хати истеҳсолӣ фаъол гардид - 26.10.2021 15:36

Қарори грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ дар соли 2014

( 0 Овоз )

Оид ба таъсиси грантҳо барои дастгирӣ ва

рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ,

адрасбофӣ дар соли 2014

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ аз 25 декабри соли 2007 ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ ва бо назардошти дархости мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  қ а р о р  м е к у н а м:

1. Дар соли 2014 30 грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, аз ҷумла 10 грант, ҳар яке 10 000 сомонӣ, барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 10 грант, ҳар яке 5 000 сомонӣ, барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 10 грант, ҳар яке 5 000 сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис дода шавад.

2. Қоидаҳои ҷудо намудани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳайати комиссия тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2).

3. Ба Сарраёсати молияи вилоят супорида шавад, ки аз ҳисоби маблағҳои бақияи озоди ба ҳолати 1 январи соли 2014 мавҷудбудаи буҷети вилоятӣ барои маблағгузорӣ намудани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба дастгоҳи  Раиси  вилоят,  бо  назардошти  хароҷоти  бонкӣ      201 000 (дусаду як ҳазор)  сомонӣ ҷудо намояд.

4. Шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсатҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазифадор карда шаванд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотии грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, барои соли 2014 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Ба дастгоҳи Раиси вилоят супорида шавад, ки истифода-барии мақсадноки маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси вилоят Бобоҷонова Р.М., Ёқубов А.Ш., Маҳмадуллоев Х.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Ғиёсов Р.Р. гузошта шавад.

ШУМО ДАР: БАХШҲО Озмунҳо Қарори грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ дар соли 2014