Хабарҳо
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум - 30.03.2020 13:32
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Мастчоҳ - 30.03.2020 14:22
Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид - 27.03.2020 20:17
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб - 26.03.2020 12:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 26.03.2020 10:33
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд - 26.03.2020 10:32
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд - 26.03.2020 10:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 26.03.2020 10:24
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд - 25.03.2020 20:19
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивии кооперативи истеҳсолии “Самир-Суғд” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 25.03.2020 12:47

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019

( 0 Овоз )

АХБОРИ

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 январи соли 2020 ба андозаи 102,0 фоизи нақша иҷро гардида, 1924,6 млн. сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1889,2 млн. сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 96,6 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 98,6 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 96,8 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 93,9 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 96,1 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 12888,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 112,9 фоизро ташкил кард.

Аз 177 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 истеҳсоли 116 номгӯй (65,5 фоиз) афзуда, 57 номгӯй (32,2   фоиз) кам шудааст ва 4 номгӯй (2,3 фоиз) истеҳсол нагардидааст.

Дар соҳаи саноат 657 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 37 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Аз 620  корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-декабри соли 2019-ум 415 корхона ё 67 фоиз нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардошта, 152 адад ё 24,5 фоиз корхонаҳо сатҳи истеҳсолро паст намуданд. Айни замон миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳод намуда 53 адад ё 8,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 ба маблағи 3686,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99,8 фоизро ташкил додааст, аз он ҷумла истихроҷи ғайри-энергетикӣ 99,7 фоиз ва энергетикӣ 99,4 фоиз.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,6 фоиз кам истеҳсол гардид, ки ин асосан аз ҳисоби кам истеҳсол гардидани ангишти бур ба 1,6 фоиз мебошад. Ҳаҷми истихроҷи маводҳои ғайриэнергетикӣ 99,7 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби кам шудани истихроҷи конҳои филизӣ мебошад, ки он 99,8 фоизи соли гузаштаро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-декабри соли 2019-ум 8186,8 млн. сомонӣ ё 126,5 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 2889,2 млн. сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 761,9 млн. сомонӣ ва дӯзандагӣ 167,2 млн. сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 891,4 млн. сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 115,9 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли равғани растанӣ 25,6 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 6,3 фоиз, гӯшт 8,7 фоиз ва маҳсулоти ширӣ 6,9 фоиз ба амал омадааст.

Истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 15,0 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии бетони сохтмонӣ 2,6 баробар ва семент 16,0 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 111,5 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани маҳсулоти нассоҷӣ 18,8 фоиз ва риштаи пахтагин 14,2 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» дар вилоят ба ҳолати 1 январи соли 2020-ум 17395 ҳунармандон фаъолият мебаранд, ки аз ҷониби онҳо 91,4 ҳазор метри мураббаъ адрас, 7436 гаҳвора, 6438 сандуқ, 2408 танӯр, 3812 корд, 6920 тоқӣ, 17468 ҷома ва дигар намуди маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 18,8 млн. сомонӣ ё 449862 адад, либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиш 9,6 фоиз ё 1995,6 ҳазор сомонӣ кам аз сабаби паст гардидани нархи маҳсулот дар баъзе корхонаҳо  ва аз руи миқдор 7,0 фоиз ё 29432 адад зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 ҳиссаи истеҳсоли либоси мактабӣ дар ҳаҷми умумии соҳаи саноати сабук 11,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ дар моҳҳои январ-декабри соли  2019-ум 964,2 млн. сомонӣ ё 105,9 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил додааст.

Ҳаҷми таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа дар моҳҳои январ - декабри соли 2019-ум 51,0 млн. сомониро ташкил дода, 105,2 фоизи соли гузаштаро ташкил додааст.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2019-ум 11773,4 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 15,4 фоизро ташкил медиҳад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 8091,7 млн. сомониро ташкил дода, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба соли 2018-ум 8,1 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 5728,5 млн. сомонӣ ё 6,7 фоиз ва чорводорӣ 2363,2 млн. сомонӣ ё 11,5 фоиз зиёд шудааст.

Дар соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 331690 тонна ғалладонагиҳо ё 21,8 фоиз, 450322 тонна картошка ё 8,3 фоиз, 126843,5 тонна пахта ё 15,0 фоиз, 150940,5 тонна меваҷот ё 8,3 фоиз, 127477,6 тонна полезӣ ё 12,0 фоиз, 61747,6 тонна ангур ё 0,6 фоиз зиёд, мутаносибан 494914,9 тонна ё 4,4 фоиз  сабзавот кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 439624,5 тонна ё 4,1 фоиз нисбат ба соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил ба охир расид.

То 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз майдони 95,4 ҳазор гектар,  зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) дарав ва кӯфта шуд, ки ҳосили он 230,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳосилнокии он 24,1 сентнерро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз майдони 5309,7 гектар замин 31,6 ҳазор тонна сутаи ҷуворимакка гирифта шуда, ҳосилнокии он 59,5 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз майдони 16068,3 гектар замин 343,4 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он бошад 213,7 сентнериро ташкил додааст.

Дар хоҷагиҳои вилоят аз майдони 7915,9 гектар замин 231,7 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 292,7 сентнериро ташкил медиҳад ва 758,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироатҳои полезӣ ҳамагӣ аз 5508,4 гектар 117,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 213,7 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 112,8 ҳазор тонна мева ва 44,5 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 18,0 фоиз зиёд ва ангур бошад 0,4 фоиз кам шудааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти тирамоҳиро ба охир расониданд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хӯроки сабзи чорво дар майдони 32250,6 гектар кошта шуд, ки аз он барои дон 32074,9 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хӯроки чорво дар марҳилаи анҷомёбист.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар соли 2019 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 642,8 ҳазор тонна ва ё нисбат ба соли гузашта 108,8 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 247,3 ҳазор тонна ё 105,7 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 4,9 ҳазор тонна ё 108,8 фоиз тарбеда, 390,6 ҳазор тонна ё 110,8 фоиз коҳ ва 27,8 ҳазор тонна ё 110,8 фоиз хӯроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 221,4 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 110,8 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 31,2 сентнерӣ воҳиди хӯрок тайёр карда шудааст. 

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрорӣ ба охир расид.

Дар соли 2019 ҳамагӣ дар майдони 1311,4 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 1301,4 гектар пиёз ва 10 гектар сирпиёз буда, нисбат ба соли гузашта 42,0 фоиз зиёд шудааст.

Захираи тухмӣ

Дар  соли 2019  дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ (бе ҷуворимакка) – 5661,3 тонна, аз он ҷумла гандум – 2484,1 тонна, ҷав – 2497,2 тонна, ҷавсар 111,7 тонна, шолӣ – 469,8 тонна, лубиёгиҳо – 98,6 тонна, ҷуворимакка – 89,3 тонна, картошка – 32958,1 тонна, сабзавот – 2,5 тонна, чигит 2231,6 тонна. Захираи тухмӣ нисбат ба соли гузашта 3,0 фоиз зиёд шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ  хоҷагиҳои вилоят то 1 январи соли 2020 дар майдони 891 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинонданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 28,0 фоиз зиёд шудааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 845,3 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,0 фоиз зиёд шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 193,0 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 557,5 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 94,7 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор шинонда шудааст.

То 1 январи соли 2020-ум 44,5 гектар токзорҳои нав бунёд карда шудаанд.

Ҳамагӣ 1525 гектар боғҳо ва 97,3 гектар токзорҳо аз нав барқарор карда шуда, 15,4 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонда шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3354 адад трактор-ҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2495 адад ё 74,4 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.

То 1 январи соли 2020 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 1569,9 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117,8 тонна кам аст.

Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 468,1 кг рост меояд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 кг кам мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 январи соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 662,9 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,7 ҳазор сар ё 2,9 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 26,4 ҳазор сар ё 1,7 фоиз, саршумори мурғ 1548,9  ҳазор сар ё 56,0 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 85,3 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Деваштич – 16,4 фоиз, Мастчоҳ – 4,2 фоиз, Ашт – 3,4 фоиз, Куҳ.Мастчоҳ – 2,8 фоиз,  Исфара – 2,3 фоиз, Зафаробод – 1,5 фоиз,  Айнӣ–1,4 фоизро ташкил дод.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 58648,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 3,8 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров – 15,5 фоиз,  Зафаробод – 10,5 фоиз, Исфара – 5,1 фоиз, Ашт  – 3,5 фоиз, Ҷ. Расулов – 3,1 фоиз ва Мастчоҳ – 2,5 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 269224,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 1,6 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 6,5 фоиз, Ҷ. Расулов – 2,5 фоиз, Шаҳристон – 2,2 фоиз ва Панҷакент – 1,9 фоиз афзудааст.

Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,3 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1 январи соли 2020 ба миқдори 429919,3 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 1,9 баробар зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен- 4,6 баробар, Б.Ғафуров- 2,4 баробар, Панҷакент- 2,2 баробар, Ҷ.Расулов-1,6 баробар зиёд намуданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 315,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 21,2 фоиз кам шудааст.

Ба 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 10127 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 январи соли 2019 хоҷагиҳои вилоят 6,1 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои  Исфара – 26,5 фоиз, Мастчоҳ – 3,2 фоиз, Б.Ғафуров – 2,5 фоиз,  Конибодом – 2,0 фоиз зиёд гӯсола гирифтанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 82198 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 январи соли 2019 хоҷагиҳои вилоят 1,2 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои  Зафаробод – 31,4 фоиз, Исфара – 16,9 фоиз, Конибодом – 3,6 фоиз, Ашт ва Мастчоҳ – 1,5 фоизӣ зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1652 кг шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 2,6 фоиз ё 42 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 январи  соли 2019 дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом – 255 кг, Деваштич ва Ҷ.Расулов – 56 кг,  Мастчоҳ – 34 кг ва Зафаробод – 31 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 214 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2019-ум 14,1 фоиз ё 35 донагӣ кам аст.

Ба 1 январи соли 2020 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 68 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 11,5 фоиз ё 7 сар зиёд аст.

Ба 1 январи соли 2020 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 92 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Зафаробод – 22 сарӣ, Ашт – 17 сарӣ, Бобоҷон Ғафуров – 8 сарӣ кам барраю бузғола гирифта шудааст.

 ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар соли 2019-ум 12668,6 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 19,7 фоиз зиёд шудааст. Дар соли 2019-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 722,3 тонна,  пахта 47 тонна, картошка 6819 тонна, сабзавот 223,5 тонна, меваҷот 350,4 тонна, ангур 2,5 тонна ва хӯроки чорво 283,9 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар соли 2019 аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 13,8 тонна, шир 6,8 тонна, пашм 1,2 тонна, асал 2,4 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд. Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 89 сар чорвои калон, 3053 сар гӯсфанду буз, 91 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

 МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар соли 2019-ум 7,5 млн сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 12,9 фоиз зиёд шудааст. Дар соли 2019-ум дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 369,9 тоннаро ташкил намуд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 21,4 фоиз, зағорамоҳӣ – 14,3 фоиз, амури сафед – 10,9 фоиз, суфмоҳӣ – 9,2 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 44,2 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1717900,5 ҳазор сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2018-ум 116,7 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 986927,7 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 57,4 фоизи ҳаҷми умумии сармоя-гузориҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 751518,1 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбати соли гузашта 104,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми фондҳои асосӣ дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ 194337,6 ҳазор сомониро ташкил дода, 25,9 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта-шудаи вилоятро ташкил кардааст. Аз он ҷумла, дар ноҳияи Спитамен заводи равғанбарорӣ бо иқтидори коркарди 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз аз тарафи фармоишгар ҶДММ «25 солагии Истиқлолият» сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 200706,4 ҳазор сомонӣ ё 26,7 фоиз, соҳибкорони хусусӣ – 110015,0 ҳазор сомонӣ ё 14,6 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 34566,4 ҳазор сомонӣ ё 4,6 фоиз, ҶДММ – 121394,1 ҳазор сомонӣ ё 16,2 фоиз, корхонаҳои муштарак – 1996,0 ҳазор сомонӣ ё 0,3 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ – 78248,2 ҳазор сомонӣ ё 10,4 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзӣ 300,5 ҳазор сомонӣ, маблағҳои аҳолӣ – 204291,5 ҳазор сомонӣ ё 27,2 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣфарҳангӣ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоя-гузорӣ ба маблағи 730972,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки 42,6 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Мактабҳо барои 1502 ҷои талаба, аз он ҷумла дар шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Спитамен синфхонаҳои иловагӣ барои 1282 ҷои талаба аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, дар ноҳияи Ашт синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷои талаба аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ, дар шаҳри Исфара дар МТМУ №42 синфхонаи иловагӣ барои 120 ҷои талаба аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин боғчаҳои бачагона дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои 180 ҷой, дар шаҳри Бӯстон аз ҳисоби ҶДММ “Суғдполитекс” барои 200 ҷой ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Истаравшан барои 380 ҷой аз сохта ба истифода дода шуданд.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 ба масоҳати 513050 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 102,1 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-декабри соли ҷорӣ 445326 метри мураббаъ ё 86,8 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 24183 метри мураббаъ ё 4,7 фоиз,  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ –39334 метри мураббаъ ё 7,7 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҷамъиятҳои саҳҳомӣ – 4207 метри мураббаъ ё 0,8 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 бо қувваи худ ба маблағи 490025,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 99,3 фоизро ташкил медиҳад.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 бо ҳамаи намуди нақлиёт 28,0 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 104,0 фоизро ташкил намудааст.

Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 24,4 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 5,1 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 3,6  миллион тонна  (нисбат ба соли гузашта 97,0 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 3281,3 миллион тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 27,5 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-декабри  соли 2019  191,0  млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 105,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ  190,8 млн. нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 105,5 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 38,9 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 91,3 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 175,9 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 91,6 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 3134,6 миллион мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 98,8 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 ҳаҷми хизмати пулакии ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба  вилоят хизмат расонидаанд 3612,1 млн. сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2018-ум 1,6 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 1469,2 млн. сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 40,7 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин  давраи соли 2018 бо нархҳои муқоисавӣ 3,7 фоиз кам шудааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1343,2 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 12050,7 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 0,2 фоиз ё ба маблағи 952,8 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 9175,6 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 4166,1 млн. сомонӣ ё  45,4 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 688,5 млн. сомонӣ  чорвои зинда, 2445,4 млн. сомонӣ маҳсулотҳои нафтӣ, 140,4 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 1594,8 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо вобаста ба таъмири автомобилҳо 140,4 млн. сомониро ташкил додааст.

Аз рӯи таҳқиқотҳои гузаронидашуда маълум гардид, ки таносуби молҳои ғайриозуқаворӣ дар ҳаҷми умумӣ 4562787,6 ҳазор сомонӣ ё 50,5 фоиз, молҳои озуқа 4472435,3 ҳазор сомонӣ ё 49,5 фоизро ташкил додааст, ки молҳои ғайриозуқа ба маблағи 90352,3  ҳазор сомонӣ нисбат ба молҳои озуқаворӣ зиёд фурӯхта шудаанд.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ гӯшт ва маҳсулоти гӯшт (19,0 фоиз), маснуоти қаннодӣ (7,0 фоиз), орд (5,2 фоиз), равғани растанӣ (4,5 фоиз), ярма ва лӯбиёгӣ (3,3 фоиз), меваҷот (2,6 фоиз), қанду шакар (3,1 фоиз), сабзавот (3,3 фоиз) ва  картошка (3,3 фоиз) афзалият доранд.

Аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводҳои бинокорӣ (29,6 фоиз), газворҳо (13,0 фоиз), пойафзол (9,0 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (6,7 фоиз),  либос (5,6 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (3,6 фоиз)  рост меояд

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-декабри соли 2019-ум 420,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд  2042,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри  соли  2018-ум 1,3  фоиз  ё  27,1 млн. доллар кам  шудааст. Тарози савдо манфӣ буда – 1100,4 млн. долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 59 мамолик, аз он ҷумла бо 10 мамолики ИДМ ва бо 49 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 78,8 фоиз ё 1609,9 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур  21,2 фоиз ё 432,8  млн. доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 23,1 фоиз ва воридот бошад 76,9 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 889,8 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур –  210,6 млн. долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2019 нисбат ба моҳҳои январ – декабри  соли  2018 бо мамлакатҳои ИДМ 3,4 фоиз ё 52,8 млн. доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад  5,6  фоиз ё 25,7  млн. доллар кам  шудааст.

Дар моҳҳои январ – декабри  соли 2019 содироти мол  471,1 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2018-ум 15,8 фоиз ё 88,6 млн. доллар кам шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1571,6  млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2018-ум 7,9 фоиз ё 115,7 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - декабри соли  2019 содироти меваи тару тоза нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2018-ум  14,7 фоиз ё 783,7 тонна, меваи хушк 27,8 фоиз ё 5458,7  тонна, пиёз 30,6  фоиз ё 23512,1 тонна кам шудааст.

Дар айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2018 содироти семент 46,6 фоиз ё 227950,7 тонна, содироти сурма ва маҳсулоти он 10,8 фоиз ё 431,8 тонна, содироти калобаи пахтагин  83,8 фоиз  ё 531,5  тонна зиёд шудааст.

Воридоти чӯбу тахта 13,6 фоиз ё 62443,0 тонна кам, равғани растанӣ 9,8 фоиз ё 6231,1 тонна кам  гардидааст.

Воридоти гандум ба вилоят бошад, нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 3,2 фоиз ё 32076,4 тонна, орд 50,0 фоиз ё 24794,9 тонна, воридоти мошинолот ва таҷҳизот 58,1 фоиз  ё 14259,2 тонна, воситаи нақлиёт 27,6 фоиз ё 10267,7 тонна зиёд шудааст.

Шарикони асосии содиротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 45,8 фоиз, Ӯзбекистон – 24,1 фоиз, Чин – 6,3 фоиз,  Руссия – 4,2 фоиз, Белҳгия-  4,4 фоиз, Турӣия – 3,7 фоиз, Италия – 2,3 фоиз, Кирғизистон – 1,9 фоиз, Латвия –  2,5 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз  Қазоқистон- 36,6 фоиз, Русия – 32,4 фоиз, Чин – 10,3 фоиз, Ӯзбекистон – 4,1 фоиз, Литва – 3,6    фоиз,  Қирғизистон- 3,2 фоиз,  Туркия-  1,9 фоиз, Корея – 1,6 фоиз, Украина – 1,0 фоиз.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019-ум 421,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 271,7 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 149,8 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 декабри соли 2019-ум 9,1 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 50,1 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,1 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – ноябри соли 2019-ум 1174,20 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,2 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи ноябри соли 2019-ум 14993,1 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботи 2019-ум 1432,1  ҳазор сомонӣ ё 9,5 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар  истихроҷи канданиҳои фоиданок – 13006,3 ҳазор сомонӣ (86,7 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ – 1940,9 ҳазор сомонӣ (12,9 фоиз) дида мешавад.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2019-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,1 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 112,7 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 102,5 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 101,3 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2019 индекси нархҳои истеъмолӣ 7,9 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,6 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз буд).

Аз аввали соли 2019 сатҳи таваррум дар вилоят 7,9 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2019 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудааст: сирпиёз – 3,9 баробар, бехпиёз – 2,1 баробар, ярмаи марҷумак – 1,8 баробар, чои кабуд – 1,5 баробар, хамираи помидор – 40,3 фоиз, биринҷ – 33,4 фоиз, соддаи хӯрокворӣ – 33,4 фоиз, себ – 31,5 фоиз, бодиринги дар сиркохобонидашуда – 31,5 фоиз, тарбуз – 30,2 фоиз, равғани думба – 30,2 фоиз, нок – 23,9 фоиз, орди навъи 1-ум – 23,8 фоиз, гӯшти гӯсфанд – 26,0 фоиз, мош – 23,0 фоиз, лӯбиё – 22,7 фоиз, яхмос – 22,5 фоиз, гӯшти гов бо устухон – 21,7 фоиз, кефир дар қутии баста – 18,9 фоиз, ярмаи дили гандум – 15,9 фоиз, бодинҷон – 15,7 фоиз, шири хушк барои кӯдакон – 13,3 фоиз, макаронҳо – 12,9 фоиз, қанди шоколад – 11,6 фоиз, чакка – 8,2 фоиз, тухм – 6,7 фоиз, ярмаи ҷави луч – 6,4 фоиз, шири рехташаванда – 6,3 фоиз, харбуза – 5,2 фоиз ва гӯшти мурғ – 2,5 фоиз қимат шудааст. Зимнан дар ҳамин давра лимӯ – 1,6 баробар, сабзӣ – 29,7 фоиз, ангур – 28,7 фоиз, карам – 25,3 фоиз, помидор – 19,6 фоиз, лаблабу – 19,3 фоиз, нахӯд – 13,6 фоиз, оби ҷав – 11,9 фоиз, равғани пахта – 10,3 фоиз, панири нарми навъи ҳасиб – 7,6 фоиз, майонез – 6,8 фоиз, шакар – 5,3 фоиз, асал – 4,5 фоиз, қаҳва – 4,5 фоиз, мавиз – 3,8 фоиз, равғавни офтобпараст 2,5 фоиз, кабудӣ – 1,3 фоиз ва каду – 1,2 фоиз арзон шуд.

Аз аввали соли 2019 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: қандили электрикӣ – 30,3 фоиз, велосипед барои калонсолон – 30,2 фоиз, бозичаҳо – 18,8 фоиз, рӯймолҳо – 17,8 фоиз, такпӯшаки занона – 16,4 фоиз, бели найзагин – 16,1 фоиз, собуни ҷомашӯи – 14,4 фоиз, кондитсионер – 14,4 фоиз, собуни кӯдакона – 14,1 фоиз, дастархон – 13,5 фоиз, қолини синтетики – 11,9 фоиз, хишти пухта – 11,3 фоиз, колготкаи занона – 10,7 фоиз, электроразетка – 8,9 фоиз, шими ҷинси барои бачаҳо – 8,4 фоиз, суринпечонаки кӯдакона – 6,1 фоиз, мошинаи ҷомашӯи – 5,5 фоиз, ранги минои – 5,3 фоиз, ғалтак – 3,9 фоиз, семент – 3,6 фоиз ва тӯри пардаворӣ – 2,9 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра гулҳои зинда – 24,2 фоиз, омехтакунанда (растворителҳ) – 15,9 фоиз, тоқии миллӣ – 15,1 фоиз, шими занона – 14,8 фоиз, шамъ – 14,5 фоиз, майкаи мардона – 14,3 фоиз, свитери мардона – 13,7 фоиз, галстуки мардона – 11,1 фоиз, ҳезум – 11,1 фоиз, газвор аз абрешим – 11,0 фоиз, хокаи ҷомашӯи – 7,2 фоиз, бензин-92 – 7,2 фоиз, гази моеъ – 6,9 фоиз, ҷемпери мардона – 6,4 фоиз, палтои занона – 4,7 фоиз, ҷемпери занона – 4,3 фоиз ва камзӯли чармини занона – 3,4 фоиз арзон шуд.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд:  эмкунии чорво – 39,5 фоиз, хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 29,1 фоиз,  пардохт барои оби хунук ва канализасия – 27,1 фоиз, пардохт барои қувваи барқ – 17,0 фоиз, пардохти пули партов – 8,4 фоиз, арзиши боғчаи кӯдакона – 6,0 фоиз ва истиқомат дар меҳмонхона – 4,7 фоиз қимат шудаанд. Зимнан дар ҳамин давра хизматрасонии нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 15,1 фоиз арзон мебошад.

ТАНДУРУСТӢ

(аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019-ум 12677 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2018-ум 3,3 фоиз зиёд шудааст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 24,2 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 27,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2019-ум 9978 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2018-ум 1,8 фоиз зиёд  аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-декабри  соли 2019-ум 795,1 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-декабри соли 2019-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,0 млн. сомонӣ) 776,5 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 01.01.2020-ум 227702 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: БАХШҲО Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019