Хабарҳо
Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд - 25.08.2019 10:47
Иғвогарии навбатӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон - 25.08.2019 02:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд - 24.08.2019 18:13
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 09:26
Ифтитоҳи қорхонаи ресандагии ҶДММ “Органик Ян” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 23.08.2019 10:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3-и «Ғунчаи Истиқлол»-и шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:22
Ифтитоҳи бинои нави Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 23.08.2019 12:23
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои шиносномадиҳии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд - 23.08.2019 12:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ «Хорои Хуҷанд»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:26
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко»-ро мавриди истифода қарор доданд - 23.08.2019 12:28

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019

( 0 Овоз )

АХБОРИ

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 - уми июли соли 2019 ба андозаи 104 фоизи нақша иҷро гардида, 916602,9 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 942704 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,8 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 99,8 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 99,9 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,8, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ 99,9, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 99,7 фоиз ва ғайра маблағ сарф шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 5665186 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 108,3 фоизро ташкил кард.

Аз 166 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ - июни соли 2019 истеҳсоли 108 номгӯй (65,1фоиз) афзуда, 55 номгӯй (33,1фоиз) кам шудааст ва 3 номгӯй (1,8 фоиз) истеҳсол нагардидааст.

Дар соҳаи саноат 641 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 36 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Аз 605 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум 379 корхона ё 62,6 фоиз нисбат ба моҳҳои январ - июни соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Инчунин, 127 адад ё 21 фоиз сатҳи истеҳсолро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам намуданд.

Айни замон миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳод намуда, 99 адад ё 16,4 фоизро ташкил намуда, аз он 45 адад корхона бозмонда арзёбӣ мегардад. Аз 45 корхонаи бозмонда 33 адад корхона аз сабаби мавсимӣ будани маҳсулоташон муваққатан фаъолият накардаанд.

Саноати истихроҷ

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ба маблағи 1767961,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 97 фоизро ташкил дод, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 97 фоиз ва энергетикӣ 106,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ҳаҷми истихроҷи маводи энергетикӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 6,7 фоиз зиёд истеҳсол гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол гардидани ангиштсанг ба 19 фоиз мебошад. Ҳаҷми истихроҷи маводи ғайриэнергетикӣ 97 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби кам шудани истихроҷи конҳои филизӣ мебошад, ки 97,1 фоизи соли гузаштаро ташкил дод.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум 3393238,6 ҳазор сомонӣ ё 122,9 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 1250076,9 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 192477,1 ҳазор сомонӣ ва дӯзандагӣ 73891,9 ҳазор сомонӣ, ҳар гуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 400841,6 ҳазор сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 109,7 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли равғани растанӣ 36,7 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 25,1 фоиз, гӯшт 10,9 фоиз ва маҳсулоти ширӣ 12,9 фоиз ба амал омадааст.

Истеҳсоли ҳар гуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 32 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии бетони сохтмонӣ 4,3 баробар ва семент 23,6 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ 28,4 фоиз зиёд гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани матоъҳои нобофта 64,5 фоиз, газворҳои абрешимии тайёр 1,8, маҳсулоти кешбофӣ 11,1 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум 483734,4 ҳазор сомонӣ ё 116 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил додааст. Таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастраси коркарди дуюмдараҷа 20251,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2019 якҷоя бо боқимондаи маҳсулоти саноатӣ 5316942,3 ҳазор сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 20,6 фоизро ташкил намудааст.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 1850,5 миллион сомониро ташкил дода, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 17,1 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 924,6 миллион сомонӣ ё 20,1 фоиз ва чорводорӣ 925,9 миллион сомонӣ ё 14,2 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 72443,5 тонна ғалладонагӣ ё 25,6 фоиз, 67521,1 тонна сабзавот ё 0,5 фоиз, 44207,9 тонна картошка ё 1,8 баробар, 60371,2 тонна меваҷот ё 25,6 фоиз, 8846,2 тонна полезӣ ё 3,6 фоиз зиёд, мутаносибан 14,6 тонна ангур ё 5,2 фоиз кам истеҳсол шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 63927,1 тонна ё 8,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд тайёр шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил давом дорад.

То 1 - уми июли соли 2019 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) аз майдони 22,8 ҳазор гектар дарав карда шуда, 22,5 ҳазор гектари он кӯфта шуд, ки ҳосили он 55,9 ҳазор тоннаро ташкил дода, ҳосилнокии он 24,8 сентнерро ташкил медиҳад.

Аз майдони 2009,4 гектар замин 36,8 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардида, ҳосилнокии он 183 сентнериро ташкил додааст.

Дар хоҷагиҳои вилоят аз майдони 1829,1 гектар замин 48,1 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 262,9 сентнериро ташкил медиҳад ва 554,9 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ шудааст.

Зироатҳои полезӣ ҳамагӣ аз 669,2 гектар 8,7 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 130,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 55,1 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 фоиз зиёд шудааст.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи хӯроки чорво давом карда истодааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ то 1 - уми июли соли 2019 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 132,3 ҳазор тонна ва ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120,6 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 83,2 ҳазор тонна ё 118,1 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 3,7 ҳазор тонна ё 112,1 фоиз тарбеда ва 45,4 ҳазор тонна ё 126,4 фоиз зиёд коҳ тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 49,2 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 117,8 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 6,9 сентнерӣ воҳиди хӯрок тайёр шудааст.

Кишти такрорӣ

Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда кишти такрорӣ оғоз шуда истодааст.

То 1-уми июли соли 2019 ҳамагӣ дар майдони 4467,9 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудааст: аз он ҷумла дар 759,5 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимакка), аз онҳо шолӣ – 157 гектар, дигар зироати ғалладонагиҳо – 602,5 гектар, ҷуворимакка барои дон – 289,5 гектар, зироатҳои техникӣ – 78,8 гектар, аз он пахта – 4,5 гектар, картошка – 45,5 гектар, сабзавот – 335 гектар, полезиҳои озуқаворӣ – 117,5 гектар ва зироати хӯроки чорво – 2842,1 гектар мебошад. Кишти такрорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94,5 фоиз иҷро шудааст.

Бунёди боғу токзорҳои нав

Ҳамагӣ хоҷагиҳои вилоят то 1 - уми июли соли 2019 дар майдони 887,2 гектар замин ниҳолҳои бисёрсола шинониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 27 фоиз зиёд шудааст. Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагиҳо 841,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 фоиз зиёд шудааст. Аз масоҳати умумии боғҳо дар 193 гектар ниҳолҳои мевагиҳои тухмдор, дар 553,7 гектар ниҳолҳои мевагиҳои донакдор, дар 94,7 гектар ниҳолҳои мевагиҳои мағздор шинонида шудааст.

То 1 - уми июли соли 2019 - ум 44,5 гектар токзорҳои нав бунёд шудаанд.

Ҳамагӣ 1362,9 гектар боғҳо ва 97,3 гектар токзорҳо аз нав барқарор шуда, 15,4 ҳазор дона ниҳолҳои тут шинонида шудааст.

ЧОРВОДОРӢ

Ба 1 - уми июли соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 661,2 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,1 ҳазор сар ё 2,7 фоиз, саршумори гӯсфанду буз 21,7 ҳазор сар ё 1,4 фоиз, саршумори мурғ 1251,7 ҳазор сар ё 60,7 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 84,5 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Ба ҳолати 1 - уми июли соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 18274,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 - уми июли соли 2018 - ум 2,6 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар вилоят 133867 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 - уми июли соли 2018 - ум 2,6 фоиз зиёд аст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,7 фоизро ташкил менамояд.

Ба 1 - уми июли соли 2019 ба миқдори 181518,6 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба 1 - уми июли соли 2018 - ум 2,2 баробар зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Спитамен – 8,1 баробар, Бобоҷон Ғафуров – 2,8, Ҷаббор Расулов – 2,6, Панҷакент – 2,4, Деваштич – 2 ва Мастчоҳ – 1,9 баробар зиёд намуданд.

Ба ҳолати 1 - уми июли соли 2019 истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 308,5 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 - уми июли соли 2018 - ум 22,9 фоиз кам аст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда 110 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 - уми июли соли 2018 - ум 10,6 фоиз ё 13 донагӣ кам аст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум 2157,9 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 2,9 баробар зиёд шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 6,5 тонна, шир 4,2 тонна, пашм 0,9 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 96 сар чорвои калон, 3627 сар гӯсфанду буз, 93 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.

МОҲИДОРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳидорӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2019 - ум 737,3 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 13,6 фоиз кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум дар хоҷагиҳои моҳидории вилоят сайди моҳӣ 36,5 тоннаро ташкил намуд.

Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафси сафед – 10,9 фоиз, зағорамоҳӣ – 6,7, амури сафед – 1,5, суфмоҳӣ – 16,3 ва дигар намуди моҳиҳо – 64,6 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 646347,7 ҳазор сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 114,0 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 дар иншооти таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 336420,5 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 52 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳои вилоят иҷро гардидааст.


Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 241551,8 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 98,6 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншооти таъиноти истеҳсолӣ дар вилоят ба маблағи 91802,5 ҳазор сомонӣ ё 38 фоиз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст. Дар ноҳияи Спитамен заводи равғанбарорӣ бо иқтидори коркарди 65 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз аз тарафи фармоишгар ҶДММ «25 - солагии Истиқлолият» сохта, ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ – 47853,7 ҳазор сомонӣ ё 19,8 фоиз, соҳибкорони хусусӣ – 36006,6 ҳазор сомонӣ ё 14,9 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 13092,4 ҳазор сомонӣ ё 5,4 фоиз, ҶДММ – 43687,2 ҳазор сомонӣ ё 18,1 фоиз, корхонаҳои муштарак – 738 ҳазор сомонӣ ё 0,3 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ – 35183,1 ҳазор сомонӣ ё 14,6 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 64990,8 ҳазор сомонӣ ё 26,9 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншооти соҳаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 309927,2 ҳазор сомонӣ равона шудааст, ки 48 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Мактабҳо барои 1352 ҷои талаба, аз он ҷумла дар шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Спитамен синфхонаҳои иловагӣ барои 1132 ҷои талаба аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, дар ноҳияи Ашт синфхонаи иловагӣ барои 100 ҷои талаба аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ, дар шаҳри Исфара дар МТМУ №42 синфхонаи иловагӣ барои 120 ҷои талаба аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ба масоҳати 184171 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 95,1 фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ 175659 метри мураббаъ ё 95,4 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 670 метри мураббаъ ё 0,3 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ – 7842 метри мураббаъ ё 4,3 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилоти пудратии вилоят дар моҳҳои январ - июни соли 2019 бо қувваи худ ба маблағи 225431,5 ҳазор сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 121,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилоти шакли моликияташон гуногун ба иҷро расонидаанд, чунин тавсиф дода мешавад: давлатӣ – 42,6 ҳазор сомонӣ, саҳҳомӣ 6531,3 ҳазор сомонӣ (2,9 фоиз) ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 218857,6 ҳазор сомонии (97,1 фоиз) ҳаҷми умумиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 13,6 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 101,4 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобилӣ шахсони воқеӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 11,8 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 2,2 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 1,7 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 96,2 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 1433,1 миллион тонна километр ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10,3 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ-июни соли 2019 94,6 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 109,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 94,5 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 109,8 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 15,2 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 92,1 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 84,4 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 90,5 фоиз) мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 1462,5 миллион мусофир километрро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 97,5 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ҳаҷми хизмати пулакии ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба вилоят хизмат расонидаанд, 1724,1 миллион сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2018 - ум 1,6 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилоти расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи 637,1 миллион сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 36,9 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 бо нархҳои муқоисавӣ 6,2 фоиз кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 646,7 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 гардиши савдои чакана, яклухт, таъмири автомобилҳо дар вилоят 5425,2 миллион сомониро ташкил дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 суръати афзоиши гардиши мол бо нархҳои муқоисавӣ 1,2 фоиз ё ба маблағи 456,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст. Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 4244,3 миллион сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 1969 миллион сомонӣ ё 46,4 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 327,6 миллион сомонӣ чорвои зинда, 1112,2 миллион сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 78 миллион сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 687,4 миллион сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба таъмири автомобилҳо 70,1 миллион сомониро ташкил додааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард. Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 50,4 фоиз ё 2103,8 миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (19,6 фоиз), маснуоти қаннодӣ (7,8 фоиз), орд (5,4 фоиз), равғани растанӣ (4,3 фоиз), меваҷот (3,7 фоиз), қанду шакар (3,3 фоиз) ва картошка (2,4 фоиз). Таносуби молҳои ғайриозуқа 49,6 фоиз ё 2070,4 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар маводи бинокорӣ (28,2 фоиз), газворҳо (12,8 фоиз), пойафзол (9,9 фоиз), либос (4,8 фоиз ), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (4,1 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (3,4 фоиз) - ро харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мушоҳида мешавад. Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1565,7 сомонӣ рост меояд.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум 203 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1011,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 0,7 фоиз ё 7 миллион доллар зиёд шудааст. Тарози савдо манфӣ буда, 562,9 миллион долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 52 мамолик, аз он ҷумла бо 9 мамолики ИДМ ва бо 43 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 80,7 фоиз ё 816,4 миллион доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 19,3 фоиз ё 195,5 миллион доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ - июни соли 2019 нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 22,2 фоиз ва воридот бошад, 77,8 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 473,8 миллион доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 89,1 миллион долларро ташкил додааст. Умуман, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - июни соли 2019 нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 бо мамлакатҳои ИДМ 4,5 фоиз ё 35,2 миллион доллар зиёд, бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 12,6 фоиз ё 28,2 миллион доллар кам шудааст.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 содироти мол 224,5 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 20,3 фоиз ё 56,9 миллион доллар кам шудааст. Воридоти мол ба вилоят 787,4 миллион долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018-ум 8,8 фоиз ё 63,9 миллион доллар зиёд мебошад.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 содироти меваи хушк нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2018 - ум 18 фоиз ё 1666,8 тонна, нахи пахта 14,4 фоиз ё 2471,8 тонна, пиёз 11,2 фоиз ё 6395,2 тонна кам шудааст. Айни ҳол нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2019 содироти семент 2 баробар ё 162884,8 тонна, содироти меваи тару тоза 56,7 фоиз ё 1411,3 тонна зиёд шудааст.

Воридоти гандум 4,1 фоиз ё 20879,5 тонна, орд 42,7 фоиз ё 7873,9 тонна зиёд шуда, воридоти чӯб ва маҳсулот аз он 11,5 фоиз ё 24077,5 тонна, фулузоти арзон 8 фоиз ё 812,2 тонна кам шудааст.

Чӣ хеле ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, шарикони асосии содиротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 40,7 фоиз, Ӯзбекистон – 30, Чин – 7,3, Туркия – 4,5, Белгия – 3,6, Россия –3,2, Италия – 2,5, Латвия – 2,2, Қирғизистон – 1,9, Эрон – 1,3 ва Нидерланд – 1,2 фоиз. Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон – 36,2 фоиз, аз Россия – 36,4, Чин – 9,2, Қирғизистон – 3, Литва – 2,8, Ӯзбекистон – 2,8, Туркия – 1,8, Украина– 1,6, Корея – 1,4 фоиз.

3.2 ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ - июни соли 2019 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи 1143,8 ҳазор доллар ё 1732,5 тонна ёрии башардӯстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 1143,5 ҳазор доллар ё 1732,3 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ - майи соли 2019 - ум 407,8 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 259,2 ҳазор нафар дар бахши воқеӣ ва 148,6 ҳазор нафар дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 - уми июни соли 2019 - ум 9,3 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 51,4 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,1 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст. Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда) - и меҳнат дар моҳҳои январ – майи соли 2019 - ум 1148,41 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то охири моҳи майи соли 2019-ум 14209,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботи 2019-ум 734,6 ҳазор сомонӣ ё 5,2 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар истихроҷи канданиҳои фоиданок – 12359,4 ҳазор сомонӣ (87 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ – 1735,9 ҳазор сомонӣ (12,2 фоиз) ва дар истеҳсоли коркард (саноати коркард) – 30,1 ҳазор сомонӣ (0,2 фоиз) дида мешавад.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2019-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 111,1 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 103,5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 102,9 фоизро ташкил дод. Аз аввали соли 2019 индекси нархҳои истеъмолӣ 3,9 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,7 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз буд).

Аз аввали соли 2019 сатҳи таваррум дар вилоят 3,9 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2019 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқа бештар қимат шудааст: бехпиёз – 2,8 баробар, сабзӣ – 1,8 баробар, чойи кабуд – 40,2 фоиз, биринҷ – 33,5, патароқи ҷуворимаккаи «Геркулес» – 28,1, ярмаи ҷав – 27, яхмос – 22,5, бодиринг – 19,7, тарбуз – 19,4, мош – 17,2, боимҷон – 15,7, кефир – 15,4, себ – 15,3, сақичи резинии «Дирол» - 14,9, содаи хӯрокворӣ – 14,3, ҳасибча аз гӯшти гов – 13,7, ярмаи марҷумак – 13,7, ширқиём бо қанд – 12,2, банан – 10,4, гӯшти гӯсфанд – 10,3, гӯшти қимашуда – 9,3, лимонад – 8,7, панири сахт – 8,3, ярмаи дили гандум – 8,1, нонҳои қандинӣ – 8,1, думбаи гӯсфанд – 7,8, гӯшти гов бо устухон – 7,5, карамел – 6,9, қаймоқ – 5,4, шири хушки омехта барои кӯдакон – 5,2, шакар – 5, орди навъи 1 - ум – 3,5, оби маъдании газнок – 3,5, тушбера – 2,6, шири рехташаванда – 2,5, лӯлачаи шоколодӣ – 2,4, кетчупи помидорӣ – 2,3, вермишел – 3,1, ҷигари гов – 1,8, нон – 1,7 ва тортҳо – 1,3 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра зардолуқоқи донакдор – 1,9 баробар, кабудӣ – 1,6 баробар, помидор – 45,2 фоиз, қаламфури булғорӣ – 44,3, лимӯ – 36,6, карам – 33,6, сирпиёз – 21,6, нахӯд – 15,9, чакка – 12,7, панир – 11,5, тухми мурғ – 5,3 ва арақ – 4 фоиз арзон шуд.

Аз аввали соли 2019 нархи молҳои ғайриозуқаи зерин қимат шудаанд: пиёла – 28,4 фоиз, хишти пухта – 12,1, қандили электрикӣ – 11,9, дафтари мактабӣ – 9,2, кондитсионер – 6,5, қолини синтетикӣ – 5,4, чӯткаи дандоншӯӣ – 5,3, тахтаи (шифери) алюминӣ – 4,9, мебели ошхона – 4,6, собуни бачагона – 4,6, семент – 4,4, шампун – 3,5, мошинаи ҷомашӯӣ – 2,5, атр – 2,3, ранги сафеди миноӣ – 2,1 ва дастархон – 1,4 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра гули зинда – 24 фоиз, ангишт – 23, дока – 20,7, гази моеъ – 18,5, юбкаи занона – 14,8, омехтакунанда – 14,5, тоқии миллӣ – 13,5, туфлии занона – 12,5, куртаи мардона – 12, галстуки мардона – 11,1, ҳезум – 11,1, шамъ – 11,1, пойафзоли кӯдаконаи хонапӯшак – 10,1 ва шими занона – 7,1 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 40,8 фоиз, эмкунии чорво – 39,5, пардохт барои оби хунук ва канализатсия – 11,9, пардохти пули партов – 8,4, арзиши боғчаи кӯдакона – 6 ва истиқомат дар меҳмонхона – 5,9 фоиз қимат шудаанд. Зимнан дар ҳамин давра хизматрасонии нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 18 фоиз арзон мебошад.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ - майи соли 2019 (аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ - майи соли 2019 - ум 10564 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - майи соли 2018 - ум 1,8 баробар зиёд аст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 8,9 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 6,6 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ - майи соли 2019 - ум 5283 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - майи соли 2018 - ум 12,4 фоиз зиёд аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк» - и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ - июни соли 2019 - ум 349,7 миллион сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ - июни соли 2019 бо назардошти бақияи аввали сол (0,1 миллион сомонӣ) 341,6 миллион сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 1 - уми июли соли 2019 - ум 224528 нафарро ташкил медиҳад.

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: НАВИД Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2019