Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Факултаи фаъолияти фаврӣ — ҷустуҷӯии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд - 22.11.2019 16:25
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд - 22.11.2019 16:24
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Дастаи махсуси зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд - 22.11.2019 16:23
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Табассуми офтобак»-ро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд - 22.11.2019 16:22
Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.11.2019 14:13
Дар гузаргоҳҳои сарҳадии «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ ва «Саразм»-и шаҳри Панҷакент нуқтаҳои нави хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ ба истифода дода шуд - 22.11.2019 11:00
«Муҳоҷират ва сирояти Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО)» - баргузории мизи мудаввар дар Истаравшан - 22.11.2019 10:55
Дар нишасти 177-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” аз Абдулманнон Насриддин ёдоварӣ карданд - 22.11.2019 10:44
ТОҶИКИСТОН ДУЮМИН КИШВАРИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН ДОНИСТА ШУД! Пажӯҳиши Маркази таҳлилии амрикоӣ Gallup - 22.11.2019 10:33
Дар доираи ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ба 10 нафар кӯдакони маъюб туҳфаҳо тақдим шуд - 22.11.2019 08:49

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2018

( 1 Овоз )

АХБОРИ САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

«Дар бораи вазъи  иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд  дар соли 2018»

МАКРОИҚТИСОДИЁТ ВА МОЛИЯ

Мувофиқи маълумоти фаврии Сарраёсати молияи вилояти Суғд қисми даромади буҷети вилоят ба 1 январи соли 2019 ба андозаи 105,1 фоизи нақша иҷро гардида, 1722,4 млн. сомониро ташкил додааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети вилоят дар ин давра 1678,9 млн. сомониро ташкил дода нисбат ба нақша 98,5 фоиз мебошад.

Барои маблағгузории соҳаҳои маориф 98,4 фоизи ҳамаи маблағҳо, нигаҳдории тандурустӣ 97,6 фоиз, хоҷагии коммуналӣ 99,9 фоиз, чорабиниҳои  фарҳангию варзишӣ 99,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ  ва ҳифзи иҷтимоӣ 98,8 фоиз ва ғайра маблағ сарф карда шудааст.

САНОАТ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 11277,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 108,2 фоизро ташкил кард.

Аз 158 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 истеҳсоли 118 номгӯй (74,7 фоиз) афзуда, 39 номгӯй (24,7   фоиз) кам шудааст ва 1  номгӯй (0,6 фоиз) истеҳсол нагардидааст.

Дар соҳаи саноат 639 корхонаҳо фаъолият доранд, ки аз он 36 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Аз 603 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январ-декабри соли    2018-ум 374 корхона (62,0 фоиз) нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштаанд. Айни замон, миқдори корхонаҳои бозистода дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 73 адад ё 12,1 фоизро ташкил намуда, 156 (25,9 фоиз) сатҳи истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам карданд.

Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2017 афзоиши истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти ғайри-филизии маъданӣ, истеҳсоли металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб ва ғайраҳо мусоидат намуданд.

Саноати истихроҷ

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ба маблағи 4015,8 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 111,2 фоизро ташкил дод, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 111,6 фоиз ва энергетикӣ 115,3 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ҳаҷми истихроҷи маводҳои энергетикӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15,3 фоизро ташкил дода, зиёдшавӣ аз ҳисоби истихроҷи ангиштсанг 15,6 фоиз ба амал омадааст.

Саноати коркард

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 6418,5 млн.сомонӣ ё 15,5 фоизро ташкил дода, аз он маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 2439,1 млн.сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 910,3 млн.сомонӣ, ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ 725,6 млн.сомониро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ҳамагӣ 97,0 фоизро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби камшавии истеҳсоли орд 17,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 14,4 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсоли ҳаргуна маҳсулоти маъдани ғайрифилизӣ 84,9 фоиз зиёд шуд, ки аз ҳисоби зиёдшавии бетони сохтмонӣ 2,7 баробар, семент 37,4 фоиз ва хишти сементӣ 24,6 фоиз ба вуҷуд омадааст.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ҳамагӣ 1,4 фоиз зиёд гардид, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд истеҳсол шудани газворҳои абрешими тайёр 54,2 фоиз, маҳсулоти кешбофӣ 5,9 фоиз, маҳсулоти дӯзандагӣ 14,5 фоиз, ба вуҷуд омадааст.

Истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об

Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 843,3 млн.сомонӣ ё 95,1 фоиз истеҳсол гардидааст. Аз он ҷумла, ҳаҷми тақсими нерӯи барқ, газ ва об дар моҳҳои январ-декабри соли ҷорӣ 726,1 млн.сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз кам гардид.

Ҳаҷми маҳсулоти бор карда баровардашудаи корхонаҳои саноатӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 10988,3 млн.сомониро ташкил дода, ҳиссаи маҳсулоти саноатии боркарданашуда нисбат ба захираи молҳои дар анборбуда 8,9 фоизро ташкил медиҳад.

КИШОВАРЗӢ, ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар соли 2018 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 8085,5 млн. сомонӣ буда, (бо нархҳои муқоисавӣ) нисбат ба соли 2017-ум 5,2 фоиз, аз он ҷумла дар соҳаи растанипарварӣ 6100,2 млн. сомонӣ ё 5,2 фоиз ва чорводорӣ 1985,3 млн. сомонӣ ё 5,3 фоиз зиёд шудааст.

РАСТАНИПАРВАРӢ

Дар  соли 2018 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 415962 тонна картошка ё 28,0 фоиз, 517922,8 тонна сабзавот ё 7,8 фоиз, 139332,3 тонна  меваҷот ё 12,6 фоиз, 61362,8 тонна ангур ё 7,4 фоиз зиёд, мутаносибан 272391,9 тонна ғалладонагиҳо ё 12,1 фоиз, 110294,2 тонна пахта ё 6,1 фоиз, 113790,8 тонна ё 14,4 фоиз полезӣ кам истеҳсол карда шудааст.

Ҳамагӣ хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока 422220,7 тонна ё 3,0 фоиз нисбати ҳамин давраи  соли  гузашта зиёд тайёр карда шудааст.

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят мавсими ҷамъоварии ҳосил ба охир расид.

То 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка)  дарав карда шуд, аз майдони 94,9 ҳазор гектар, аз онҳо кӯфта шуд, 93,0 ҳазор гектар, ки ҳосили он 174,9 ҳазор тоннаро ташкил кард, бо ҳосилнокии 18,8 сентнер аз ҳар гектар мебошад.

Ҳамагӣ ҷуворимакка барои дон аз 4505 гектар замин 26,9 ҳазор тонна ҷуворимакка гирифта шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 59,6 сентнериро ташкил медиҳад.

Картошка ҳамагӣ аз 13921,6 гектар, ки ҳосили он 313,4 ҳазор тонна ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 225,1 сентнериро ташкил медиҳад.

То 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои вилоят ҳамагӣ аз 9941,1 гектар замини сабзавоти ғундошташуда 274,3 ҳазор тонна сабзавот, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 275,9 сентнериро ташкил медиҳад ва 578,1 тонна сабзавот аз гармхонаҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Зироати полезӣ ҳамагӣ аз 4730,7 гектар 106,0 ҳазор тонна ҷамъоварӣ шуд, ки ҳосилнокии ҳар як гектар 224,0 сентнериро ташкил медиҳад.

Аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 95,6 ҳазор тонна мева ва 44,7 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта мева 10,8 фоиз ва ангур 10,6 фоиз зиёд шудааст.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва ҳоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти тирамоҳиро ба охир расониданд.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ғалладонаи тирамоҳӣ барои дон ва хӯроки сабзи чорво дар майдони 30638,9 гектар кошта шуд, ки аз он барои дон 30248,8 гектарро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани хӯроки чорво

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят мавсими тайёр ва захираи  хӯроки чорво дар марҳилаи анҷомёбист.

Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар соли 2018 барои таъмини хӯроки чорвои ҷамъиятӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба миқдори 591,0 ҳазор тонна ва ё нисбат ба соли гузашта 102,4 фоиз хӯроки дурушт, аз он ҷумла 234,1 ҳазор тонна ё 99,5 фоиз хасбедаи алафҳои корам ва табиӣ, 4,5 ҳазор тонна ё 69,8 фоиз тарбеда, 352,4 ҳазор тонна ё 105,1 фоиз коҳ, 25,1 ҳазор тонна ё 103,3 фоиз хӯроки ширадор тайёр ва захира кардаанд.

Ҳамагӣ ба ҳисоби воҳиди хӯрока 199,8 ҳазор тонна ё нисбат ба сатҳи соли гузашта 97,3 фоиз, ба ҳисоби ҳар сар чорвои калони шартӣ 28,4 сентнерӣ хӯрок тайёр карда шудааст.

Кишти барвақтӣ

Дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрорӣ ба охир расид.

Дар соли 2018 ҳамагӣ дар майдони 925,1 гектар замин кишти барвақтии баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он 909,4 гектар пиёз ва 15,7 гектар сирпиёз буда, нисбати соли гузашта 60,0 фоиз иҷро шудааст.

Захираи тухмӣ

Дар соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят тухмии зироатро захира карданд, тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ (бе ҷуворимакка) – 5489,5 тонна, аз он ҷумла гандум – 1791,0 тонна, ҷав – 3231,4 тонна, ҷавсар – 138,0 тонна,  шолӣ – 235,1 тонна, лубиёгиҳо – 94,0 тонна, ҷуворимакка – 103,0 тонна, картошка – 20284,5 тонна, сабзавот – 6,4 тонна, полезиҳо– 0,5 тонна ва чигит – 1243,0 тонна. Захираи тухмӣ нисбат ба соли гузашта 74,0 фоиз иҷро шудааст.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ

То 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 3524 адад тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, аз онҳо 2624 адад ё 74,0 фоиз дар ҳолати коршоямӣ қарор дорад.

То 1 январи соли 2019 ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 1687,7 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 545,2 тонна кам аст.

Сӯзишвории мавҷудаи дизелӣ ба 1 трактор ба ҳисоби миёна 478,9 кг рост меояд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 138,9 кг кам мебошад.

ЧОРВОПАРВАРӢ

Ба 1 январи соли 2019 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 644,1 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати соли гузашта 13,1 ҳазор сар ё 2,1  фоиз, саршумори гӯсфанду буз 29,2 ҳазор сар ё 1,9 фоиз, саршумори мурғ 1009,2 ҳазор сар ё 57,4 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 92,6 фоизи саршумори чорвои калон ва 85,3 фоизи саршумори гӯсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои ноҳияҳои  Спитамен - 18,1 фоиз, Деваштич - 3,8 фоиз, Мастчоҳ - 2,6 фоиз, Б.Ғафуров - 1,6 фоиз, Ашт- 1,4 фоизро ташкил дод.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 56507,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2018-ум 3,5 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 10,9 фоиз, Деваштич – 10,6 фоиз, Ашт - 5,4 фоиз, Шаҳристон – 4,3 фоиз, Исфара – 4,0 фоиз зиёд намуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир бошад, дар вилоят 264901,2 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2018-ум 3,6 фоиз зиёд аст. Аз он ҷумла дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 17,0 фоиз, Шаҳристон – 6,3 фоиз, Панҷакент– 4,8 фоиз, Б.Ғафуров – 3,4 фоиз, Истаравшан - 3,2 фоиз афзудааст. Таносуби шири истеҳсолнамудаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар ҳаҷми умумӣ 92,3 фоизро ташкил менамояд.

Ба санаи 1 январи соли 2019 ба миқдори 222707,5 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2018-ум 32,9 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов - 2,4 баробар, Спитамен – 1,5 баробар,  Б.Ғафуров –  41,1 фоиз, Исфара – 16,3 фоиз,  Шаҳристон – 14,3 фоиз зиёд намуданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 400,3 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1 январи соли 2018-ум 4,0 фоиз зиёд аст.

Ба 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 9543 сар гӯсола гирифта шудааст. Нисбат ба 1 январи соли 2018 хоҷагиҳои вилоят 3,6 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ – 10,1 фоиз, Ашт – 7,2 фоиз, Спитамен - 5,3 фоиз, Истаравшан – 5,1 фоиз, Исфара – 5,0 фоиз зиёд гӯсола гирифтанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 81230 сар барраю бузғола гирифтаанд. Нисбат ба 1 январи соли 2018 хоҷагиҳои вилоят 1,1 фоиз ва хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара - 29,2 фоиз, Айнӣ - 5,5 фоиз, Зафаробод - 1,1 фоиз зиёд барраю бузғола гирифтанд.

Ба 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар сар модагов 1610 кг шир ҷӯшида шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2018-ум 1,4 фоиз ё 22 кг зиёд  аст.

Ҳисоби миёнаи ширҷӯшӣ аз ҳар сар модагов нисбат ба 1 январи  соли 2018 дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом – 94 кг,  Зафаробод – 56 кг, Б.Fафуров – 36 кг, Панҷакент - 31кг, Мастчоҳ - 30 кг зиёд шудааст.

Аз ҳар сар мокиёни тухмдиҳанда бошад, 249 донагӣ тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба 1 январи соли 2018-ум  4,6 фоиз ё 12 донагӣ кам аст.

Ба 1 январи соли 2019 дар вилоят ба ҳисоби миёна аз 100 сар модагов 61 сарӣ гӯсола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 1,7 фоиз ё 1 сар зиёд аст.

Ба 1 январи соли 2019 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар 100 сар меш 90 сарӣ барра ва бузғола гирифта шудааст. Нисбат ба сатҳи миёнаи нишондиҳандаи вилоят дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Зафаробод - 22 сарӣ, Ашт - 15 сарӣ, Б.Ғафуров – 6 сарӣ  кам барраю бузғола гирифта шудааст.

ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

Мувофиқи Таснифоти умумии намуди фаъолияти иқтисодӣ маҳсулоти хоҷагии ёрирасони ҷангалпарварӣ ба соҳаи кишоварзӣ дохил мешаванд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаи ҷангалпарварӣ дар соли 2018-ум 12617,3 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,7 фоиз кам шудааст.

Дар соли 2018-ум аз истеҳсоли умумӣ, ғалла 579,6 тонна, пахта 18,7 тонна, картошка 4410,4 тонна, сабзавот 109,7 тонна, полезӣ 10,0 тонна, меваҷот 329,2 тонна, ангур 2,4 тонна ва хӯроки чорво 1129,3 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Дар соли 2018-ум аз истеҳсоли умумӣ, гӯшт 15,7 тонна, шир 6,6 тонна, пашм 1,4 тонна ва асал 2,8 тонна ба хоҷагиҳои ҷангалпарварии вилоят рост меояд.

Аз саршумори умумии чорвои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 86 сар чорвои калон, 3245 сар гӯсфанду буз, 88 сар асп дар сатҳи хоҷагиҳои ёрирасони ҷангалпарварӣ ба ҳисоб гирифта шудааст

МОҲИПАРВАРӢ

Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар соли 2018-ум 6480,0 ҳазор сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 14,0 фоиз зиёд шудааст.

Дар соли 2018-ум дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят сайди моҳӣ 326,0 тоннаро ташкил намуд.

Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ намудҳои моҳии пешонағафсӣ сафед – 8,5 фоиз, зағорамоҳӣ – 10,4 фоиз, амури сафед – 5,2 фоиз, суфмоҳӣ – 7,6 фоиз ва дигар намуди моҳиҳо – 68,4 фоизро ташкил намудааст.

СОХТМОНИ  АСОСӢ

Сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 1482,5 млн.сомонӣ истифода карда шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 66,9 фоизро ташкил медиҳад (бо нархҳои муқоисавӣ).

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 дар иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ ба маблағи 816,6 млн.сомонӣ ё ба андозаи 55,1 фоизи ҳаҷми умумии  сармоягузо-риҳои вилоят иҷро гардидааст.

Ба кор андохтани фондҳои асосӣ

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 722,5 млн.сомонӣ, ки нисбати соли гузашта 57,3 фоизро ташкил медиҳад.

Аз рӯи иншоотҳои таъиноти истеҳсолӣ дар вилоят ба маблағи 253,3 млн.сомонӣ ё 35,1 фоиз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохташудаи вилоятро ташкил кардааст.

Дар шаҳри Хуҷанд заводи истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ (бозичаҳо ва аробачаҳои бачагона) ба кор дароварда шуд - фармоишгар ҶСК «КСМ шаҳри Хуҷанд» ва дар ноҳияи Спитамен  анборҳои нигоҳдории гази моеъ ва сӯзишвории нафтӣ аз ҳисоби ҶСП «Фароз» ва ҶДММ «Гули Сурх континент»  ба истифода дода шуданд. Ба ҶДММ «Зерновая компания» таҷҳизоти замонавӣ ворид гардид. Ҳамчунин дар шаҳри Бӯстон анбори нигоҳдории орд ва маҳсулоти тайёр – фармоишгар ҶДММ «Анҳор», дар шаҳри Истаравшан сехи коркарди ғалладона аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмони як қатор нуқтаҳои сӯзишворӣ ва савдо сохта ба истифода дода шудааст.

Фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони хусусӣ – 116,3 млн.сомонӣ ё 16,1 фоиз, давлатӣ – 168,2 млн.сомонӣ ё 23,3 фоиз, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 63,9 млн.сомонӣ ё 8,8 фоиз,  ҶДММ – 129,8 млн.сомонӣ ё 18,0 фоиз, корхонаҳои муштарак – 77,2 млн.сомонӣ ё 10,7 фоиз, корхонаҳои хориҷӣ – 12,0 млн.сомонӣ ё 1,6 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзи 374,0 ҳазор сомонӣ ё 0,1 фоиз, маблағҳои аҳолӣ – 154,6 млн.сомонӣ ё 21,4 фоиз, ки аз ҳаҷми умумии фондҳои асосии ба кор андохта шудаи вилоят мебошанд.

Сохтмони иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ сармоягузорӣ ба маблағи 665,8 млн.сомонӣ равона карда шудааст, ки 44,9 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории вилоятро ташкил медиҳад (бо нархҳои аслии амалкунанда).

Дар шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ азнавсозии бинои мактаб- гимназияи №1 барои 640 ҷои нишаст, дар шаҳри Исфара ҷамоати деҳоти Навгилем дар МТМУ №31 синфхонаи иловагӣ барои 176 ҷои нишаст  аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дар ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт дар МТМУ №58 синфхонаи иловагӣ барои 180 ҷои нишаст  аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ беморхона барои 55 кат ва бинои иловагӣ дар ҳудуди кӯдакистони №10 воқеъ дар ҷамоати деҳоти Хизтеварз барои 30 ҷой сохта ба истифода дода шуд. Аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ дар ноҳияи Деваштич 4 дармонгоҳ барои қабули 60 бемор дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Дар шаҳри Хуҷанд барои 240 ҷой аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва 240 ҷой  аз ҳисоби  ҶДММ «Иморатсоз», дар шаҳри Панҷакент барои 200 ҷой аз ҳисоби КМ «Зарафшон» ва дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ барои 250 ҷой боғчаҳои бачагона сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин дар шаҳри Хуҷанд меҳмонхона барои 41 кат-ҷой ва дар худуди меҳмонхона ду адад майдончаи варзишӣ аз ҳисоби маблағи соҳибкори инфиродӣ сохта шуд. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони 3 адад майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди Шабакаи барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби ҶС «Барқи тоҷик», аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ Маҳмудов О., сохтмони бинои истиқоматӣ бо назардошти майдончаи варзишии бачагона ва аз ҳисоби ҶДММ «Иморатсоз» дар назди бинои истиқоматӣ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Б.Гафуров ду адад майдончаи варзишӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳисоби ҶДММ «Ғӯлакандозсохтмон», дар ноҳияи Ашт як адад  аз ҳисоби соҳибкори инфиродӣ ва дар шаҳри Исфара аз ҳисоби ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ба масоҳати 502338 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 108,2  фоизро ташкил медиҳад.

Биноҳои истиқоматиро асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд, онҳо дар моҳҳои январ-декабри соли ҷорӣ 434114 метри мураббаъ ё 86,4 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои ҶДММ – 33769 метри мураббаъ ё 6,7 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони инфиродӣ – 34455 метри мураббаъ ё 6,9 фоиз ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматӣ ба истифода додашударо сохтаанд.

Корҳои пудратӣ

Ташкилотҳои пудратии вилоят дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 бо қувваи худ ба маблағи 493,5 млн.сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 115,5 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми корҳои пудратӣ, ки ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун иҷро кардаанд, чунин тавсиф мешавад: давлатӣ 6140,0 ҳазор сомонӣ (1,3 фоиз), саҳомӣ 23,9 млн.сомонӣ (4,8 фоиз), ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд 447,1 млн.сомонӣ (90,6 фоиз), соҳибкорони инфиродӣ 16,3 млн.сомонӣ (3,3 фоиз) ҳаҷми умимиро ташкил медиҳанд.

НАҚЛИЁТ

Дар  соли 2018 бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 26,9 млн.тонна бор кашонида шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 101,9 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, инчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеъӣ, ки бо боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 23,1 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 2,6 фоиз зиёд шудааст) ва бо нақлиёти роҳи оҳан 3,7 миллион тонна (нисбат ба соли гузашта 97,4 фоиз) бор кашонида шудааст.

Гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҳаҷми 2573,6 млн.тонна км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 7,1 фоиз зиёд шудааст.

Бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар соли 2018-ум 181,1  млн.нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 106,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла: бо нақлиёти автомобилӣ ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, соҳибкорони хусусӣ 180,9 миллион нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 106,5 фоиз), бо нақлиёти роҳи оҳан 42,6 ҳазор нафар мусофир (нисбат ба соли гузашта 91,2 фоиз), бо нақлиёти ҳавоӣ 192,0 ҳазор нафар (нисбат ба соли гузашта 94,6 фоиз)  мусофир кашонида шудааст.

Гардиши мусофирон бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 3173,4 млн.мусофирон км-ро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 104,5 фоиз мебошад.

ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ

Дар соли 2018 ҳаҷми хизмати пулакӣ, ҳамаи соҳаҳои хизматгузор, ки ба аҳолии вилоят расонидаанд 3511,0 млн.сомониро ташкил дод, ки ин бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба соли 2017-ум 0,4 фоиз зиёд шудааст.

Корхонаю ташкилотҳои расмӣ ба қайд гирифташуда бошад, ба маблағи  1505,5 млн.сомонӣ хизматгузорӣ кардаанд, ки 42,9 фоизи ҳаҷми умумии хизматро ташкил намуда, нисбат ба соли 2017 бо нархҳои муқоисавӣ 2,0 фоиз кам шудааст.

Дар соли 2018 аз ҳаҷми умумии хизматрасонии пулакӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафар аҳолии вилоят 1335,9 сомонӣ рост меояд.

САВДОИ ЧАКАНА, ЯКЛУХТ ВА ТАЪМИРИ АВТОМОБИЛҲО

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ҳаҷми гардиши савдои яклухт, чакана ва таъмири автомобилҳо 11097,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2017-ум 15,0 фоиз ё ба маблағи 3617,6 млн. сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ва таъмири автомобилҳо 8186,8 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла дар бозорҳои озуқаворӣ, ашё ва молҳои омехтаи вилоят ба маблағи 3843,6 млн. сомонӣ ё 46,9 фоизи ҳаҷми умумии гардиши моли чаканаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 613,6 млн. сомонӣ чорвои зинда, 1789,2 млн. сомонӣ маҳсулотҳои нафтӣ, 195,9 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш, сабукрав ва қисмҳои эҳтиётии онҳо ва ба маблағи 1595,3 млн. сомонӣ дигар молҳо фурӯхта шуданд. Ҳаҷми гардиши корхонаҳо оид ба таъмири автомобилҳо 149,2 млн. сомониро ташкил додааст.

Таносуби гардиши моли чакана дар сектори ғайридавлатӣ 99,9 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил кард.

Таносуби молҳои озуқа, дар ҳаҷми умумии гардиши моли чакана 48,4 фоиз ё 3890,2  миллион сомониро ташкил кард.

Дар ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ молҳои зерин афзалият доранд: гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ (18,4 фоиз), маснуоти қаннодӣ (6,9 фоиз), орд (4,8 фоиз), равғани растанӣ (4,5 фоиз), сабзавот (3,1 фоиз), қанду шакар (3,1 фоиз),  картошка (2,8 фоиз) ва меваҷот (2,7 фоиз).  Таносуби молҳои ғайриозуқа 51,6 фоиз ё 4147,4 миллион сомониро ташкил кардааст, ки аз молҳои ғайриозуқа аҳолӣ бештар маводҳои бинокорӣ (28,2 фоиз), газворҳо (12,0 фоиз),  пойафзол (9,3 фоиз), мебел ва маснуоти қолинҳо (6,4 фоиз), либос (4,8 фоиз), асбобу анҷоми барқӣ - маишӣ (3,9 фоиз)-ро  харидорӣ мекунанд.

Аз ҳама зиёд таносуби гардиши моли чакана дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара,  Истаравшан, Бӯстон, Конибодом ва ноҳияи Б.Ғафуров мушоҳида карда мешавад.

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 аз ҳаҷми умумии гардиши моли чакана ба ҳисоби миёна ба як нафар сокини вилоят 3042,9 сомонӣ рост омадааст.

Ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум 389,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз зиёд шудааст.

ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӢ

Дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд     2015,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ - декабри соли 2017-ум 1,7 фоиз ё 34,5 млн. доллар кам  аст. Тарози савдо манфӣ буда – 896,1 млн. долларро ташкил кард. Вилояти Суғд бо 61 мамолик, аз он ҷумла бо 11 мамолики ИДМ ва бо 50 мамолики хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад.

Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 77,3 фоиз ё 1557,1 млн. доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 22,7 фоиз ё 458,5 млн. доллар рост меояд.

Таносуби содирот дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 нисбати гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 27,8 фоиз ва воридот бошад 72,2 фоизро ташкил мекунад, ки касри тарози савдо бо мамлакатҳои ИДМ – 693,9 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дур – 202,2  млн. долларро ташкил додааст.

Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ - декабри соли 2018 нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2017 бо мамлакатҳои ИДМ 1,6 фоиз ё 25,8 млн. доллар, бо мамлакатҳои хориҷи дурр 1,9 фоиз ё 8,7 млн. доллар кам  шудааст.

Дар моҳҳои январ – декабри соли 2018 содироти мол 559,7 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2017-ум 10,8 фоиз ё 54,7 млн.доллар зиёд шудааст. Воридоти мол ба вилоят 1455,9 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2017-ум 5,8 фоиз ё 89,2 млн. доллар кам шудааст.

дар моҳҳои январ–декабри соли 2018 содироти меваи хушк нисбат ба моҳҳои январ–декабри соли 2017-ум 16,3 фоиз ё 0,9 млн. доллар кам шудааст.

Айни ҳол, нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2017 содироти нахи пахта  1,7 баробар ё 25,1 млн. доллар, семент2,2 баробар ё 12,0 млн. доллар  зиёд шудааст.

Воридоти воситаҳои нақлиёт 35,1 фоиз ё 27,0 млн. доллар, қоғазу картон ва маҳсулот аз он 14,3 фоиз ё 12,7 млн. доллар зиёд шуда, воридоти гандум бошад 13,3 фоиз ё 26,3  млн. доллар ва орд 21,0 фоиз ё 3,1 млн. доллар кам шудааст.

Чӣ хеле, ки аз маълумоти овардашуда дида мешавад, шарикони асосии соди-ротӣ инҳоянд: Қазоқистон – 53,3 фоиз, Ӯзбекистон – 16,9 фоиз, Чин – 5,9 фоиз, Нидерланд – 5,1 фоиз, Туркия – 5,1 фоиз, Руссия – 4,5 фоиз,  Италия – 2,8 фоиз, Киргизистон – 1,9 фоиз, Эрон –  1,2 фоиз.

Воридоти мол асосан аз мамлакатҳои зерин сурат гирифтааст: аз Қазоқистон – 36,2 фоиз, аз Руссия – 31,4 фоиз, Чин – 13,2 фоиз, Ӯзбекистон –  3,3 фоиз, Қирғизистон –  3,3 фоиз,  Литва – 3,0 фоиз, Туркия – 1,3 фоиз.

ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА

Дар моҳҳои январ-декабри соли 2018 ба вилояти Суғд аз мамлакатҳои хориҷи дуру наздик ба маблағи  2529,1 ҳазор доллар ё 2936,4 тонна ёрии башардӯстона расонида шудааст, ки аз он маҳсулоти озуқа 1820,5  ҳазор доллар ё 2859,8 тоннаро ташкил медиҳад.

БОЗОРИ МЕҲНАТ ВА МУЗДИ МЕҲНАТ

Шумораи қувваҳои корӣ (ба ғайр аз шахсони дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонӣ машғулбуда ва шахсони бо фаъолияти мустақилонаи касбӣ машғулбуда) дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018-ум 407,9 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 258,8 ҳазор нафарашон дар бахши воқеӣ ва 149,1 ҳазор нафарашон дар бахши хизматрасонӣ машғуланд.

Шумораи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда то 1 декабри соли 2018-ум 8,5 ҳазор нафарро ташкил карда, аз он ҷумла 48,0 фоизашро занҳо ташкил додаанд.

Сатҳи бекорони расмӣ ба қайд гирифташуда 1,0 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил кардааст.

Музди миёнаи ҳармоҳаи номинали (ҳисобшуда)-и меҳнат дар моҳҳои январ – ноябри соли 2018-ум 1074,91 сомониро ташкил кард ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 фоиз афзудааст.

Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои гузашта то 1 декабри соли 2018-ум 13217,3 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботи 2018-ум 1417,1  ҳазор сомонӣ ё 10,7 фоизи маблағи умумии қарздориро ташкил додааст.

Қарздории аз ҳама зиёд дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 11672,9  ҳазор сомонӣ (88,3 фоизи маблағи умумии қарздорӣ), дар кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ – 1376,0 ҳазор сомонӣ (10,4 фоиз) ва дар саноати коркард – 93,5 ҳазор сомонӣ (0,7 фоиз)-ро ташкил додааст.

НАРХҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,1 фоиз аз он ҷумла: молҳои озуқа – 102,9 фоиз, молҳои ғайриозуқа – 105,3 фоиз ва хизматрасонии пулаки ба аҳолӣ – 104,9 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 индекси нархҳои истеъмолӣ 5,8 фоиз афзуд. Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,5 фоизро ташкил кард (дар ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз буд).

Аз аввали соли 2018 сатҳи таваррум дар вилоят 5,8 фоизро ташкил дод.

Аз аввали соли 2018 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои озуқаи мушоҳидашуда  бештар қимат шудааст: кабудӣ – 2,2 баробар, карам – 1,9 баробар, сабзӣ – 1,8 баробар, помидор – 1,5 баробар, ангур – 28,9 фоиз, равғани пахта – 21,1 фоиз, лимӯ – 20,2 фоиз, чакка – 18,9 фоиз, тарбуз – 17,5 фоиз, гӯшти мурғ – 14,7 фоиз, ҷигари гов – 14,3 фоиз, орди навъи 1-ум – 13,9 фоиз, харбуза – 13,0 фоиз, ҳасиби нимдудхӯрда – 11,9 фоиз, тушбера – 10,5 фоиз, маргарин – 10,4 фоиз, панири сахт – 10,1 фоиз, гӯшти гов – 9,7 фоиз, биринҷ – 9,6 фоиз, ҳасиби аз гӯшти гов – 8,5 фоиз, рони мурғ – 5,3 фоиз ва гӯшти гӯсфанд – 4,5 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра бехпиёз – 1,6 баробар, ярмаи марҷумак – 32,0 фоиз, картошка – 1,6 баробар, сирпиёз – 1,5 баробар, қаламфури булғорӣ – 24,5 фоиз, боимҷон – 24,3 фоиз, нахӯд – 22,1 фоиз, бодиринг – 13,7 фоиз, мавиз – 13,2 фоиз, ярмаи ҷави луч – 12,4 фоиз, зардолуқоқи донакдор – 7,5 фоиз, ярмаи дили гандум – 5,4 фоиз ва нон аз орди 1-ум – 4,2 фоиз арзон шуд.

Аз аввали соли 2018 аз нархҳои мушоҳидашудаи молҳои ғайриозуқа бештар қимат шудаанд: газвор аз абрешими асл – 46,4 фоиз, тӯр – 43,3 фоиз, босоноҷкаи писарона – 32,2 фоиз, тағораи сирдор – 27,6 фоиз, чангкашак – 26,4 фоиз, футболкаи бачагона – 25,9 фоиз, гули зинда – 25,2 фоиз, галстуки мардона – 23,9 фоиз, курсии нарм – 22,0 фоиз, майкаи бачагона – 22,0 фоиз, семент – 21,4 фоиз, кроссовкаи мардона – 21,4 фоиз, мех – 21,3 фоиз, босоноҷкаи духтарона – 21,0 фоиз, камзӯли мавсимӣ барои писарбачаҳо – 20,9 фоиз, кондитсионер – 20,2 фоиз, бензин АИ-92 – 20,2 фоиз, юбкаи духтарона – 18,0 фоиз, гази моеъ – 17,3 фоиз, рӯймолҳо ва уребчаҳо – 16,7 фоиз, зардевори шусташаванда – 15,0 фоиз, шими бачагона – 12,9 фоиз, чойники барқӣ – 12,3 фоиз, майкаи мардона – 10,8 фоиз, шими мардона – 6,9 фоиз ва костюми мардона – 4,4 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра ҷорӯби хонарӯбӣ – 17,9 фоиз, хокаи ҷомашӯӣ – 17,5 фоиз, бели найзагин – 6,9 фоиз, куртаи занона – 6,9 фоиз ва сатили сирдор – 5,3 фоиз арзон шудааст.

Аз аввали сол нарху тарифаи хизматрасонии пулакии зерин бештар қимат шудаанд: хизматрасонии арзиши харҷи роҳ бо таксии хатту сайр дар дохили шаҳр – 30,0 фоиз, хизмати лабараторияҳои тиббӣ – 26,9 фоиз, дӯхти маснуоти дӯзандагӣ шахсӣ – 18,2 фоиз, хизмати беморхона – 17,5 фоиз, пардохти оби хунук ва канализатсия – 15,1 фоиз, пардохт барои барқ – 15,0 фоиз, пардохти пули партов – 10,6 фоиз, арзиши роҳхатҳо барои истироҳат – 10,3 фоиз ва хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ – 5,1 фоиз. Зимнан дар ҳамин давра нақлиёти мусофиркашии роҳи оҳан – 19,2 фоиз арзон шуд.

ТАНДУРУСТӢ

Ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор

шудани аҳолӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018

(аз рӯи маълумоти Раёсати тандурустии вилояти Суғд)

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018-ум 22024 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2017-ум 1,7 баробар зиёд шудааст. Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,6 фоизи бемориҳо рост меояд, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 17,9 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.

Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2018-ум 9803 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-ноябри соли 2017-ум 2,6 фоиз зиёд  аст.

ПАРДОХТИ НАФАҚА ВА КӮМАКПУЛӢ

Мувофиқи маълумоти «Амонатбонк»-и вилоят маблағи аз Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд гузаронидашуда дар моҳҳои январ-декабри  соли 2018-ум 729,9 млн. сомониро ташкил додааст. Маблағи ба нафақа ва кӯмакпулӣ пардохташуда дар моҳҳои январ-декабри соли 2018-ум бо назардошти бақияи аввали сол (1,0 млн. сомонӣ) 723,8 млн. сомониро ташкил кардааст. Шумораи нафақахӯрон то 01.01.2019-ум 219485 нафарро ташкил медиҳад. 

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУFД

ШУМО ДАР: НАВИД Нишондиҳандаҳои оморӣ Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2018